Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: ПАЁМИ ХИРАД ВА ДИПЛОМАТИЯИ ИЛМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАҲОН

2026-07-09-18.47.29Вақте ки дар бораи тиб, хирад ва илми оламшумул сухан меравад, нахустин номе, ки дар зеҳни ҳаряк инсони рӯи замин пайдо мешавад, Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино. Ин донишманди тибби ҷаҳонӣ бо асарҳои нотакрори худ садсолаҳо пеш масири наҷоти инсониятро аз дардҳо муайян кард ва номи миллати тоҷикро ба авҷи коиноти илм бардошт. Маҳсули эҷоди ин нобиғаи умумибашарӣ беш аз 450 рисолаи илмиро ташкил медиҳад, ки то замони мо танҳо 240-тои он маҳфуз мондаанд. Ин мероси гаронбаҳо тамоми соҳаҳои илми замони ӯро фаро гирифта, хусусан, 150 рисола дар соҳаи фалсафа ва беш аз 40 асар маҳз ба илми тиб бахшида шудаанд.Бояд таъкид кард, ки Сино на танҳо табиб, балки мутафаккири бузурге низ буд. Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд асарҳои фалсафии ӯ, махсусан «Донишнома», «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ишорот ва танбеҳот» ва «Мабдаъ ва маъод» ба рушди тафаккури халқҳои Шарқу Ғарб таъсири амиқ расонида, бар зидди таассубу хурофот, ақидаҳои дунявӣ ва озодфикронаи илмиро интишор додаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, мероси Сино танҳо таърихи куҳна нест, балки чароғи фурӯзонест, ки то ҳанӯз роҳи табибон ва мутафаккирони муосирро дар гӯшаву канори гуногуни сайёра рӯшан месозад.

Олими маъруф Фредерик Жолио-Кюри доир ба хизмати беназири Ибни Сино иброз менамояд, ки фаъолияти Ибни Сино, ки ба пояи ҳақиқат ва хирад асос ёфтааст, саҳми бузурге ба тамаддуни ҷаҳонӣ буда, ба хотири ҳамдигарфаҳмии халқҳо хизмат мекунад ва ба инсоният барои сохтани ояндаи нек кӯмак мерасонад. Аз ин рӯ, эҳёи мероси ин нобиғаи умумибашарӣ дар замони муосир на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки як ниёзи ҳаётии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои нави илмӣ ба шумор меравад.

Саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки Шайхураис илми тибро аз Абӯмансур Ҳасан ибни Нӯҳ омӯхта, чун табиби ҳозиқ соҳиби обрӯву эътибори баланд гардид. Дере нагузашта, ӯ Амири Сомонӣ – Нӯҳ ибни Мансурро аз бемории вазнин наҷот дод ва бар ивази ин хидмат барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён (Сивону-л-ҳикмат) иҷозат гирифт. Тавассути асарҳои нодири китобхонаи мазкур Сино дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш мукаммал намуд.

Маҳз бо дарки ҳамин рисолати бузурги таърихӣ ва миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони таърихии худ аз 23-уми майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ин мукофоти олии илмиро таъсис доданд. Ин иқдоми ҷасур ва дурбинонаи Сарвари давлат нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо вориси оқилу қадрдони гузаштаи пурифтихори хеш аст, балки омода аст нишони миллии худро ба як меъёри байналмилалии эътирофи илм табдил диҳад. Пешвои миллат бо ин қадам ситораи Синоро дар осмони сиёсат ва илми муосир дубора дурахшон намуданд.

Ин мақола кӯшишест барои дарки ин падидаи бузурги фарҳангиву илмӣ, ки бо ибтикори Пешвои миллат оғоз ёфт. Мо мехоҳем бубинем, ки чӣ гуна ин ҷоизаи навтаъсис метавонад таваҷҷуҳи доираҳои илмии ҷаҳонро ба Душанбе ҷалб кунад. Инчунин, инъикос хоҳем кард, ки чӣ тавр як ташаббуси миллӣ метавонад ба як ҳаракати ҷаҳонӣ барои ҳавасмандии олимону наҷотбахшони ҷони инсонҳо мубаддал гардад.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Синоро метавон бемуболиға қуллаи нави эътирофи илми тиб дар сатҳи ҷаҳонӣ номид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳрезии ин мукофоти олии давлатӣ паёми равшане ба ҷаҳониён фиристоданд, ки Тоҷикистон омода аст олимони барҷастаи сайёраро барои кашфиётҳои бузургашон дар соҳаи тиб қадрдонӣ намояд. Ин ҷоиза бо нишони вижа ва мукофоти пулии худ, рақобати солимро миёни бузургтарин марказҳои таҳқиқотии дунё ба вуҷуд меорад ва Душанберо ба маркази тақдири ҷоизаҳои илмӣ мубаддал месозад.

Яке аз хусусиятҳои асосии ин ҷоиза, ки дар фалсафаи Пешвои миллат нуҳуфтааст, шаффофият ва хусусияти умумибашарии он мебошад. Ин мукофот барои кашфиёте дода мешавад, ки мушкилоти воқеии тиббии асри XXI ҳал намояд. Имрӯз таҳдидҳои глобалии тиббӣ ва афзоиши бесобиқаи бемориҳои гуногун собит месозанд, ки башарият беш аз ҳарвақта ба кашфиётҳои фаврии амалӣ ва наҷотбахш ниёз дорад. Дар замони муосир, на танҳо пандемияҳо, балки пайдоиши намудҳои нави хатарноки бемориҳо, аз ҷумла саратон, хастагиҳои асаб ва оризаҳои дилу рагҳо, инчунин мушкилоти пешгирӣ ва табобати саривақтии онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як ташвиши ҷиддиву боқимонда табдил ёфтааст. Бино ба омори расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, вазъияти глобалии тандурустӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад: шумораи одамони мубталои диабети қанд дар ҷаҳон аз 200 миллион нафар дар соли 1990 ба таври даҳшатбор то ба 830 миллион нафар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, сирояти ВИЧ (ВНМО) ҳамчунон яке аз мушкилоти аслӣ буда, то имрӯз ҳаёти 44,1 миллион нафарро аз байни бурдааст ва танҳо дар охири соли 2024 зиёда аз 40,8 миллион нафар бо ин вирус зиндагӣ мекарданд, ки қариб 630 000 нафари онҳо танҳо дар ҳамон як сол фавтидаанд. Аз ҷониби дигар, танҳо аз декабри соли 2019 инҷониб дар саросари ҷаҳон қариб 780 миллион ҳолати сирояти COVID-19 ва зиёда аз 7,1 миллион ҳолати фавти расмӣ ба қайд гирифта шудааст.

Маҳз ҳамин рақамҳои такондиҳандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ нишон медиҳанд, ки чаро таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино як ниёзи ҳаётии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ин ҷоиза барои ҳавасманд кардани олимоне нигаронида шудааст, ки метавонанд бар зидди ин омори маргбор ва дигар бемориҳо доруҳо ва усулҳои амалии табобатро кашф намоянд.

Дар ин замина, лозим ба зикр аст, ки ҳанӯз дар оғози китоби «Ал-Қонун» таърифи басо амиқи илми тиб оварда шудааст: «Тиб илмест дар бораи донистани тани инсон дар ҳоли саломатӣ ё беморӣ ва баргардонидани саломатии инсон, ки рӯ ба заъф овардааст. Вақте мегӯянд, ки тиб аз назария ва амалия иборат аст, набояд гумон кард, ки бахше аз он илм асту бахше амал. Баръакс, бидон, ки маънии ин дигар аст, яъне ҳарду бахши тиб илм аст: яке илми усули тиб, дигаре – илми тарзи табобат». Ибни Сино дар асоси ҳамин таърифи фундаменталӣ тарзҳои нигоҳ доштани саломатӣ ва табобати бемориҳои гуногунро баён кардааст, ки имрӯз таҳкурсии Ҷоизаи байналмилалиро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки Ибни Сино на танҳо бо андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки тавассути назариёти тиббиаш низ ҷовидонаю абадзинда аст. Андешаҳои ӯ дар хусуси қоидаҳои нигоҳдошти тандурустӣ, тадбирҳо ва шартҳои пешгирии бемориҳо, дар таҷриба дақиқан санҷидани давоҳо ва таъини он ба беморон, сабабмандии ҳолатҳои физиологӣ ва руҳонии инсон, вобастагии инсон ба муҳити зист, иқлим ва обу ҳаво аз ҷумлаи он нуқтаҳои муҳимми назарияи тибби Ибни Сино мебошад, ки дар замони мо ҳам аҳамияти илмӣ ва амалии худро аз даст надодаанд. Воқеан ҳам, Ибни Сино бо навиштани «Ал-Қонун» на танҳо усулҳои табобатро муайян кард, балки аввалин шуда консепсияи «тибби пешгирикунанда»-ро асос гузошт, ки имрӯз меҳвари асосии фаъолияти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «Ал-Қонун»-и Ибни Сино асари мукаммали энсиклопедие мебошад, ки дар давоми асрҳо китоби рӯимизии табибон буд ва ҳоло ҳам ин рисолатро иҷро карда метавонад. Худи ҳамин далел аз бузургӣ ва шаҳомати ҷаҳонии Ибни Сино шаҳодат медиҳад, ки баъд аз сад соли вафоти ӯ «Ал-Қонун» ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, соли 1544 аввалин бор аз чоп мебарояд. Ин китоби безавол дар донишгоҳҳои Монпелйе, Вена, Лувен (Лёвен), Брюссел ва мактабҳои олии Аврупо то асри XX ҳамчун китоби дарсии беҳтарин маъмул буд ва борҳо ба забони лотинӣ бо теъдоди зиёд ба табъ расидааст. Ӯ бо далелҳои қатъӣ исбот намуд, ки нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирӣ аз табобати беморӣ муҳимтар аст. Аз ин рӯ, ин ҷоизаи навтаъсиси байналмилалӣ маҳз ба ҳамин фалсафаи азими Сино - наҷоти инсоният аз тариқи пешгирии таҳдидҳои глобалӣ ва рушди тибби инноватсионӣ такя мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, сиёсати Сарвари давлат ҳамеша ба нафъи инсоният ва ҳифзи саломатии мардуми сайёра нигаронида шудааст ва ҷоиза танҳо ба арзандатарин чеҳраҳои илми тиб, ки давомдиҳандагони воқеии мактаби Сино ҳастанд, хоҳад расид.

Ибтикори Пешвои миллат на танҳо барои олимони номдори хориҷӣ, балки пеш аз ҳама барои ҷавонони боистеъдоди тоҷик як манбаи бузурги илҳом аст. Вақте ки ҷавонони мо мебинанд, ки дар кишвари худ чунин ҷоизаи баланди байналмилалӣ таъсис ёфтааст, дар қалби онҳо ҳисси ифтихори миллӣ ва шавқу рағбат ба илмҳои дақиқу тиб сад баробар зиёд мешавад. Ин қадам барои тарбияи Синоҳои нав дар замони муосир заминаи мустаҳкам мегузорад.

Аз нуқтаи назари сиёсии байналмилалӣ, ин ҷоиза маҳсули «дипломатияи илмиву фарҳангӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мебошад. То имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чандин ташаббуси созандаю бунёдии сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, иқлим ва амният, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва рушди маърифати умумибашарӣ эътироф шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо: «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027-2036), «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» (2027) мебошанд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соли 2026 давоми мантиқӣ ва қуллаи нави ин сиёсати глобалӣ ба шумор меравад. Сарвари давлат бо ин иқдом исбот карданд, ки Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, балки дар рушди илми тиб ва ҳифзи ҷони инсонҳо низ метавонад нақши калидии ҷаҳонӣ дошта бошад ва нуфузи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувортар созад.

Агар то имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро дар арсаи сиёсати глобалӣ бештар бо ташаббусҳои бузургу калидиаш дар соҳаи об ва ҳифзи иқлиму пиряхҳо эътироф карда бошад, акнун бо ибтикори дурбинонаи Сарвари давлат ба ин меҳвари дипломатияи созанда соҳаи сеюми глобалӣ ва ҳаётан муҳим - тандурустӣ ва ҳифзи ҷони инсон илова гардид. Ин қадам нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз доираи масъалаҳои экологӣ фаротар рафта, ба як низоми мукаммали гуманитарӣ ва ҳимояи амнияти тиббии башарият табдил ёфтааст. Бо ин васила, кишвари мо на танҳо мушкилоти табииро баррасӣ мекунад, балки дар ҳалли буҳронҳои тиббии асри XXI низ масъулияти умумибашариро ба зимма мегирад.

Аз нигоҳи сиёсати байналмилалӣ, Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино як воситаи муҳим барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон ба шумор меравад. Таъсиси ин мукофоти олии илмӣ замина мегузорад, ки бузургтарин нобиғаҳои тиб, дорусозон ва олимони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳар гӯшаи олам барои эътирофи кашфиётҳои худ ба Душанбе рӯ оваранд. Сафар ва таваҷҷуҳи олимони барҷастаи сайёра ба пойтахти кишвар, обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун маркази тавлиди хирад ва муайянкунандаи меъёрҳои илмии ҷаҳонӣ устувор месозад. Дар натиҷа, Душанбе на танҳо як шаҳри сиёсӣ, балки ба як маркази муҳташами мулоқоти хирадмандони сайёра табдил ёфта, нишони миллии моро ба намунаи барҷастаи илми ҷаҳонӣ мубаддал мегардонад.

Кишваре, ки ҷоизаҳои байналмилалии илмӣ таъсис медиҳад, дар хотири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати пешрафта, сулҳхоҳ ва фарҳангдӯст нақш мебандад.

Ин ҷоиза ба як пули мустаҳками маънавие табдил меёбад, ки Душанберо бо бузургтарин академияҳо ва донишгоҳҳои тиббии ҷаҳон мепайвандад. Ба шарофати ин ташаббуси роҳбари давлат, Тоҷикистон ба маркази баргузории симпозиумҳо ва ҳамоишҳои бузурги тиббӣ табдил ёфта, олимони мо имкони бесобиқаи ҳамкорӣ бо барандагони ҷоизаҳои ҷаҳониро пайдо мекунанд.

Дар замони муосир, ки ҷаҳон бо зиддиятҳои шадиди геополитикӣ ва буҳронҳои гуногуни глобалӣ рӯбарӯ аст, дипломатияи илмӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муассири ҳамгироии башарият ва таҳкими риштаҳои эътимод миёни давлатҳо эътироф мешавад. Илм забони муштаракест, ки сарҳадҳои сиёсию идеологиро намешиносад ва маҳз ба воситаи он метавон башариятро дар атрофи як ҳадафи воло – наҷоти ҷони инсонҳо ва таъмини амнияти соҳаи тандурустӣ муттаҳид намуд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Пешвои миллат нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ин қудрати нарми илму фарҳангро дуруст дарк карда, мероси гузаштагони худро на танҳо барои муаррифии миллӣ, балки ҳамчун як заминаи глобалии ҳамкориҳои башардӯстона ва таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ истифода мебарад.

Дар самти дурнамо, метавон иброз намуд, ки Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ояндаи наздик аз Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб ва физиология ҳеҷ камӣ нахоҳад дошт. Агар Нобел бештар ба кашфиёти фундаменталии назариявӣ такя кунад, Ҷоизаи Сино метавонад ҳаётӣ ва амалӣ бошад - яъне бевосита барои посух додан ба таҳдидҳои тиббии замони муосир нигаронида шавад. Агар Ҷоизаи Нобел таърихи садсолаҳоро паси сар карда бошад, ҷоизаи таъсисдодаи Пешвои миллат бо суръати муосири рушди илм ва ниёзҳои асри XXI қадам мегузорад. Имрӯз ҷаҳон ба ҷоизаҳое ниёз дорад, ки на танҳо барои кашфиётҳои назариявии гузашта, балки барои ҳалли фаврии мушкилоти тиббии инсоният, сохтани доруҳои наҷотбахш ва мубориза бо эпидемияҳои нав нигаронида шуда бошанд – нуқтае, ки дар низомномаи ин ҷоизаи тоҷикӣ меҳварӣ аст. Бо ҷалби доираҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ ба комиссияи интихоб ва таъмини шаффофияти комил, ин ташаббуси Тоҷикистон метавонад ба зудӣ ба муътабартарин меъёри эътирофи олимони тибби сайёра табдил ёфта, мақоми Душанберо дар харитаи илми глобалӣ бо Нобел ва Стокголм ҳамсанг созад.

Дар ниҳоят, метавон бо итминон гуфт, ки Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки бо дурбинӣ ва хиради Пешвои миллат таъсис ёфт, як саҳифаи наву дурахшонро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз намуд. Ин ташаббус нишон дод, ки номи Сино ва озодагии тоҷикона ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад. Бешубҳа, ин ҷоиза дар ояндаи наздик ба яке аз муътабартарин мукофотҳои илмии сайёра табдил ёфта, номи Тоҷикистон ва Сарвари онро дар таърихи илми башарият ҷовидонона сабт хоҳад кард.

Омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Қодирзода Ғ.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...