Таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» даъват ба эҳёи фарҳанги илм, арҷгузорӣ ба дониш ва таҳкими худшиносии миллӣ
Таърихи башарият барои мо нафаронеро мешиносонад, ки бо ақлу ирода, фазилат, тавонмандӣ ва дурбинии хеш, воқеан аҳаммияти ҳастии инсонияшонро дар дунё исбот намудаанд. Заҳматҳои бесобиқаи нобиғаҳо на барои худашон, балки барои тамоми миллат ва дар умум тамоми инсонияти рӯйи замин равона гардидааст. Аз зумраи чунин шахсиятҳои бузург ва тавонманд, ки миллати тамаддунсоз ва хирадманди тоҷикро намояндагӣ ва муаррифӣ менамояд, Абуали ибни Сино – рамзи ҳамгироии илм, ахлоқ ва фарҳанг дар таърихи муҳити фарҳангии башарӣ мебошад. Абуали ибни Сино тавонист, ки ҷавҳари ҳастии хешро дар роҳи дониш, ақл, хирад, таҳқиқ, навоварӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат эҳё кунад, ки то ба имрӯз намоён буда, то абад ҷовидонӣ хоҳад монд.
Асарҳои оламшумул ва арзишманди Абуалӣ ибни Сино тарғибгари илму адаб, фарҳанг, фалсафаи ҳастии инсоният дар дунё ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошанд. Нодиртарини эъҷодиёти ин нобиғаи миллати тоҷик таҳкурсии илми тибби башарияти рӯйи олам эътироф мегардад. Муҳтавои асарҳои соҳаи тиббии Ӯ дар маъруфтарин муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишварҳои рӯйи олам ба донишҷӯён омӯзонида шудааст ва омӯзонида шуда истодааст. Натиҷаи заҳматҳои бепоён ва баборовардаи Абуалӣ ибни Сино тӯли қарнҳои зиёд одамонро аз марг наҷот дода, саломатии онҳоро нигоҳ дошт ва то имрӯз барои ҳар як ҷомеа насли солимро парвариш кард.
Дар партави гуфтаҳои боло суоле ба миён меояд, ки оё арҷгузорӣ ва гиромӣ доштани хотири чунин чеҳраҳои абадзинда ба мисли Абуалӣ ибни Сино масъулияти кист? Ҷавоб ба таври мушаххас метавонад, ки чунин баён карда шавад: Масъулияти тамоми одамони рӯйи дунё. Аммо, масъулият, ифтихор, арҷгузорӣ, гиромидошт, тарғиби номи волои нек ва муаррифии шахсияте чун нобиғаи миллати тоҷик – Абуалӣ ибни Сино ба тамоми ҷаҳониён ҳаққи муқаддаси миллати тоҷик.
Зинда нигоҳ доштани номи нобиғаҳо аз ҷониби нобиғаҳо воқеияти ҳар давру замон аст. Аниқтараш, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраҳои фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ ва хидматии миллати тоҷикро, ки дар ташаккули ҳаёти давлатӣ, фарҳанги миллӣ, илмӣ ва адабии хеш нақши амиқ ва арзишмандро соҳиб гардидаанд, зинда гардонида, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Аз 23 майи соли 2026, №1180 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба тасвиб расид. Ташаббуси мазкури Пешвои муаззами миллат ба хотири арҷгузорӣ ва гиромидошти муаррифгари фарҳанг ва илми миллати тоҷик – Абуалӣ ибни Сино ва эъҷодиёти оламшумули ин шахсияти нотакрор мебошад, ки аҳаммияти байналмилалӣ дорад. Яъне, ҷоизаи мазкур наинки «Ҷоизаи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб», балки «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» мебошад. Эълони ҷоиза дар соҳаи тиб бошад яке аз ҷанбаҳои эъҷодиёти табиби ҳозиқ ва олими маъруф, Абуалӣ ибни Синоро мушаххас мегардонад. Эълони ҷоиза дар соҳаи мушаххас бошад бори дигар ҷаҳониёнро водор менамояд, ки аз дараҷаи илми куҳани миллати тоҷик, ки барои аҳли башар дар тӯли қарнҳо хизмат намудааст, бохабар бошанд.
Эълони «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» барои тамоми миллати тоҷик, алалхусус, ба нафароне, ки дар ин соҳа таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд, муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин ва пас моро зарур аст, ки ба зиндагиномаи Абуалӣ ибни Сино, эъҷодиёти пурғановати Ӯ, аҳаммияти ҷоизае, ки бо мазмун ва шакли зикршуда муаррифӣ гардидааст, Нақши Пешвои муаззами миллат ва мақсади ташаббуси навбатӣ дар роҳи эълон доштани «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ва дигар паҳлуҳои мавзуи баррасишаванда бештар диққати худро равона созем.
Пажуҳандагон ва таҳқиқотчиёни илмро мебояд, ки оид ба ҳар як паҳлуҳои зиндагинома ва асарҳои оламгири Абуалӣ ибни Сино аҳаммияти амиқро зоҳир намоянд. Моҳияти шарҳиҳолии зиндагии шоир, олим ва нависанда, аҳаммияти фарҳангӣ, адабӣ ва илмии эъҷодиёти Ӯ дар корҳои илмӣ ва таҳқиқотии мутахассисон ва олимони соҳавӣ бояд дарҷ гардад. Ин восита ва роҳи муҳимми тарғиби заҳматҳои бисёрсолаи нобиғаи миллати тоҷик – Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки самараи муваффақиятҳояш барои тамоми бошандагони ҷаҳон насиб гардидааст.
Таълифоти илмии ҷоизавии соҳаи тиб дар оянда бояд аҳаммияти амалӣ пайдо намояд. Ин соҳаи ҳаётбахши инсоният, ки дар партави асарҳои Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби дигар давлатҳо дар кашф ва пешрафт қарор дода шуд, пас насли муосири миллати тоҷик чаро аз ҳаққи таърихӣ ва маънавию илмии хеш бархурдор набошад! Маҳз мақсади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эълон доштани «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз ҳамин иборат мебошад.
Ҳамин тавр, ташаббуси Пешвои миллат дар бораи таъсиси ҷоизаи болозикр ба номи Абуалӣ ибни Сино на танҳо гиромидошти як шахсияти таърихӣ, балки даъват ба эҳёи фарҳанги илм, арҷгузорӣ ба дониш ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Ва ташаббуси мазкур боиси дастгирӣ, арҷгузорӣ, гиромидошт, қадрдонию қадршиносии сиёсати фарҳангӣ ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хотири баргузидагон ва чеҳраҳои мондагори миллатро абадзинда мегардонад.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти маъмурии факултети №2,
Академияи ВКД ҶТ, н.и.ҳ., подполков-
ники милитсия Нуриддинзода С.Н.
Сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №2,
Академияи ВКД ҶТ, майори милитсия Мусозода Ш.Ҳ.







































































































































































