Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АВФ-МАЗҲАРИ АДОЛАТ, ИНСОНДӮСТӢ ВА ХИРАДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Авф дар низоми ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз институтҳои муҳим ва мураккаби ҳуқуқӣ ба шумор меравад, ки моҳияти он дар татбиқи муносибати инсонпарваронаи давлат нисбат ба шахсони ҷиноятсодирнамуда ифода меёбад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, авф санади дорои қувваи қонунӣ мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори қонунгузор қабул шуда, нисбат ба доираи муайяни шахсон татбиқ мегардад ва метавонад боиси пурра ё қисман озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо гардад.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ авф ҳамчун воситаи истисноии таъсиррасонӣ арзёбӣ мегардад, ки он на танҳо ҷанбаи ҳуқуқӣ, балки ҷанбаи амиқи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ низ дорад. Ин падида ифодаи равшани он аст, ки давлат дар баробари татбиқи ҷазои одилона, ҳамзамон ба имконияти ислоҳ ва бозгашти шахс ба ҳаёти солими иҷтимоӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқӣ дар ин самт пайваста ба принсипҳои инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ такя менамояд. Санадҳои авф дар ин низом ҳамчун яке аз воситаҳои муассири татбиқи сиёсати мазкур баромад мекунанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки муносибати давлат ба шахсони содирнамудаи ҷиноят на танҳо ҷазодиҳӣ, балки ислоҳсозӣ ва бозгардонӣ ба ҷомеа бошад.
Дар ин замина, сиёсати давлат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими арзишҳои инсонпарварона нақши калидӣ дорад. Тавре дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пайваста таъкид мегардад, ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқӣ таъмини волоияти қонун ва дар айни замон фароҳам овардани шароити мусоид барои ислоҳи шахсони ҷиноят содирнамуда мебошад. Ин равиш нишон медиҳад, ки давлат ба инсон ҳамчун арзиши олӣ муносибат менамояд.
Авфро набояд бо институтҳои монанди бахшиш ё сабуксозии ҷазо мушобеҳ донист. Агар бахшиши ҷазо аслан ба як шахси мушаххас дахл дошта бошад ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардад, пас авф хусусияти умумӣ дошта, нисбат ба гурӯҳи муайяни шахсон татбиқ мешавад. Ин хусусият авфро ба як воситаи муҳими сиёсати давлатӣ табдил медиҳад, ки тавассути он метавон ба якборагӣ ба чандин масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ таъсир расонд.
Илова бар ин, авф на танҳо ҷазоро кам ё аз ҷазо озод мекунад, балки дар бисёр ҳолатҳо имконият фароҳам меорад, ки шахсони маҳкумшуда ба ҳаёти иҷтимоӣ баргашта, ҳамчун шаҳрвандони фаъол дар рушди ҷомеа саҳм гузоранд. Ин ҷанба авфро ба як механизми муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ табдил медиҳад.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати авф ба таври устувор дар чаҳорчӯбаи сиёсати давлат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ташаккул ёфтааст. Ин сиёсат бар пояи арзишҳои инсонпарварӣ, бахшиш ва эҳтироми шаъну шарафи инсон бунёд гардида, дар амалия ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки давлат бояд на танҳо ҷазо диҳад, балки имконияти ислоҳ ва бозгашти инсон ба ҷомеаро низ фароҳам созад. Ин равиш нишон медиҳад, ки сиёсати ҳуқуқии кишвар ба тавозуни байни адолати ҷазодиҳӣ ва инсондӯстӣ такя мекунад.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон институти авф ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими сиёсати ҳуқуқӣ пайваста рушд намуда, ба як унсури устувори низоми қонунгузории миллӣ табдил ёфтааст. Қабули санадҳои авф дар солҳои гуногун на танҳо ифодаи сиёсати инсондӯстонаи давлат мебошад, балки инчунин нишонаи таҳкими суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва эътимоди давлат ба имконияти ислоҳи инсон ба шумор меравад.
Аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 маротиба қонунҳои авф қабул гардидаанд, ки ҳар яки онҳо вобаста ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ хусусиятҳои хоси худро доштаанд. Ин қонунҳо дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдорӣ ҳамчун воситаи муҳим барои сабуксозии вазъи муассисаҳои ислоҳӣ ва фароҳам овардани шароити бозгашти маҳкумшудагон ба ҷомеа истифода шудаанд.
Дар солҳои аввали истиқлолият қонунҳои авф бештар хусусияти барқарорсозии адолати иҷтимоӣ ва мутобиқсозии низоми ҷазоро ба шароити нави давлатдорӣ доштанд. Бо гузашти вақт, махсусан дар марҳилаи таҳкими давлатдории миллӣ, мазмун ва муҳтавои қонунҳои авф такмил ёфта, онҳо ба як воситаи муассири сиёсати инсонпарваронаи давлат табдил ёфтанд.
Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан назаррас мебошад. Таҳти роҳбарии мустақими Сарвари давлат санадҳои авф на танҳо ҳамчун амали ҳуқуқӣ, балки ҳамчун иқдоми бузурги ахлоқӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ мегарданд, ки ҳадафи онҳо таҳкими сулҳ, ваҳдат ва эътимоди ҷомеа ба давлат мебошад.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ, авф инчунин ба таҳкими оромии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба сиёсати давлат мусоидат мекунад. Ин падида нишон медиҳад, ки давлат на танҳо ба ҷазо, балки ба имконияти ислоҳ ва бозгашти инсон ба ҳаёти муътадил низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан такмил ёфта, ба сатҳи баланди ҳуқуқӣ ва ташкилӣ расидааст. Агар дар марҳилаҳои аввал авф бештар хусусияти умумӣ дошта бошад, пас дар солҳои охир он бо дарназардошти меъёрҳои дақиқи ҳуқуқӣ, гурӯҳбандии шахсон ва муайян кардани истисноҳо татбиқ мегардад.
Ин раванд нишон медиҳад, ки давлат дар масъалаи авф ба принсипи адолат ва мақсаднокӣ такя мекунад. Ҳар як қонуни авф бо дарназардошти вазъи воқеии ҷомеа ва имкониятҳои низоми ҳуқуқӣ таҳия ва қабул мегардад.
Дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии сиёсати инсонпарварона дар самти қабули санади авф мебошанд. Тавре дар суханрониҳои расмӣ таъкид мегардад, бахшиш ва раҳмдилӣ аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои давлатдории тоҷикон ба шумор мераванд.
Аз он далолат медиҳад, ки сиёсати давлат дар самти қабули санади авф на танҳо ба меъёрҳои ҳуқуқии муосир, балки ба арзишҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик низ такя мекунад. Дар натиҷа, авф ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ва ҳамзамон ҳамчун арзиши иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеа ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин санад дар идомаи анъанаи устувори сиёсати инсондӯстонаи давлат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, боз як маротибаи дигар афзалияти арзишҳои инсонпарварӣ дар сиёсати давлатӣ нишон дода шуд.
Қонуни мазкур на танҳо идомаи мантиқии қонунҳои авфи қаблӣ мебошад, балки бо дарназардошти таҷрибаи солҳои гузашта ва такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Он ба таври равшан нишон медиҳад, ки давлат дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ пайваста ба беҳтарсозии механизмҳои татбиқи адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ислоҳи шахсони маҳкумшуда аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки 16 июни соли 2026 қабул гардид, ба 18 038 нафар татбиқ мегардад. Аз ин шумора:
• 11 305 нафар аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд;
• 6 733 нафар аз ҷазои таъиншуда қисман (кам кардани муҳлати ҷазо) баҳра мегиранд.
Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки қонуни мазкур дорои фарогирии васеъ буда, ба гурӯҳҳои гуногуни шахсони дар муассисаҳои ислоҳӣ, ки адои ҷазо карда истодаанд, таъсир мерасонад. Ҳамзамон, татбиқи он нисбат ба шахсоне, ки парвандаҳои онҳо дар марҳилаҳои гуногуни таҳқиқу тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, низ пешбинӣ гардидааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Қонуни қабулгардидаи соли ҷорӣ дар он ифода меёбад, ки он бо дарназардошти таҷрибаи қонунҳои пешина ва таҳкими меъёрҳои дақиқи ҳуқуқӣ таҳия шудааст. Агар дар қонунҳои қаблӣ баъзе равишҳои умумӣ бештар ба назар мерасиданд, дар ин санад гурӯҳбандии шахсон, меъёрҳои татбиқ ва истисноҳо дақиқтар ва муназзамтар муқаррар шудаанд.
Яъне аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи такмили пайваста ва баланд бардоштани сатҳи самаранокии татбиқи қонунгузорӣ ҳаракат мекунад. Қонуни нав инчунин ба масъалаи баргардонидани шахсони маҳкумшуда ба ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, имкониятҳои ислоҳ ва иҷтимоишавии онҳоро тақвият медиҳад.
Қонуни авфи соли 2026 дорои аҳаммияти назарраси иҷтимоӣ мебошад. Он ба коҳиш додани сарбории низоми муассисаҳои ислоҳӣ, беҳтар гардидани шароити нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мусоидат менамояд.
Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, ин санад ба таҳкими оромӣ, субот ва ваҳдати ҷомеа таъсири мусбат мерасонад. Ба шахсоне, ки аз ҷазо озод мегарданд ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад, имконият дода мешавад, ки ҳаёти худро аз нав оғоз намуда, ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа фаъолият намоянд.
Тавре дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид мегардад, инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, фароҳам овардани шароити мусоид барои ислоҳи ӯ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур таҷассуми амалии ҳамин принсип мебошад.
Қабули чунин санадҳо дар сатҳи давлатӣ боз як маротиба нишон медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ нигаронида шудааст. Ин иқдом ҳамчун як амали муҳими иҷтимоӣ на танҳо ба шахсони фарогирифташуда, балки ба тамоми ҷомеа таъсири мусбат мерасонад ва ҳисси боварӣ ба адолати иҷтимоӣ ва судиро тақвият медиҳад.
Дар маҷмуъ, таҳлили масъалаи қабули санади авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки ин падида на танҳо як механизми ҳуқуқии танзими муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ, балки зуҳури равшани сиёсати инсонпарварона ва арзишҳои баланди фарҳангии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Авф, бахшиши ҷазо аз ҷумлаи арзишҳои муҳими фарҳангу тамаддун ва адабиёти тоҷик буда, бузургони мо онро дар радифи беҳтарин хислатҳои инсонӣ гузоштаанд, ки он дар корномаю фаъолият ва шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври барҷаста ифода ёфтааст. Ин воқеият гувоҳи он аст, ки анъанаи деринаи бахшишу ғамхорӣ дар шароити давлатдории муосир мазмуни нави сиёсӣ ва ҳуқуқӣ касб намуда, ба унсури устувори сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули санадҳои авф ба як анъанаи устувори давлатдорӣ табдил ёфта, дар маҷмӯъ ҳудуди 18 қонуни марбут ба авф қабул гардидааст. Дар натиҷаи татбиқи ин санадҳо даҳҳо ҳазор нафар аз ин имконияти инсонпарварона бархурдор гардидаанд, ки ин ҳолат таҷассуми равшани сиёсати инсондӯстӣ, ризоияти миллӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунин равиш собит месозад, ки давлат дар баробари татбиқи адолати судӣ, ҳамзамон ба имконияти ислоҳ, бозгашт ва эҳёи иҷтимоии инсон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Намунаи дигари барҷастаи идомаи ҳамин сиёсати хирадмандона қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин қонун ба 18 038 маҳкумшуда татбиқ гардида, аз ҷумла 11 305 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ озод ва муҳлати ҷазои 6 733 нафар кам карда мешавад. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо миқёси васеи татбиқи қонунро ифода мекунанд, балки дар худ паёми равшани инсондӯстӣ, раҳмдилӣ ва эътимод ба имконияти ислоҳи инсонро таҷассум менамоянд.
Қонуни мазкур ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаҳои онҳо дар марҳилаҳои таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад, ки ин ҷанбаи он аҳамияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии санадро боз ҳам густариш медиҳад. Фароҳам овардани имконияти ислоҳ ва бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ ифодагари садоқати давлат ба принсипҳои инсондӯстӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон ва эътирофи инсон ҳамчун арзиши олӣ мебошад.
Дар остонаи ҷашнҳои миллӣ, бахусус 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ, қабули чунин санадҳо як шодии бузург барои ҳазорон хонавода ба шумор меравад. Он ба оилаҳои зиёде имконият фароҳам меорад, ки пайвандони худро, ки аз адои ҷазо озод мегарданд, дубора дар муҳити хонаводагӣ бубинанд, зиндагии нав оғоз намоянд, фаъолияти меҳнатии худро барқарор созанд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунанд. Ин раванд на танҳо ба беҳбудии иҷтимоии шахсони алоҳида мусоидат мекунад, балки дар маҷмӯъ ба таҳкими суботи ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ байни давлат ва шаҳрвандон низ таъсири мусбат мерасонад.
Дар ҷамъбасти андешаҳои баёншуда метавон хулоса намуд, ки санади авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дорои аҳамияти бузург буда, таҷассуми равшани сиёсати инсонмеҳварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, он ба таҳкими адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба давлат ва рушди арзишҳои инсондӯстӣ мусоидат намуда, дар маҷмуъ ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

Муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия
Маҳмараҳимзода Ф.М.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...