Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАТАН ҲАМЧУН САРНАВИШТ ВА ВАҲДАТ - ВИҶДОНИ ТАЪРИХ

/ Дар ҳошияи қабули қатьномаи СММ таҳти унвони « Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои
2027-2036 /
Ватан воқеияти бунёдии ҳастиест, дар олами ҳастӣ ба ҳай- си зуҳури будани инсон,дар герменевтика ҳамчун матни худ-тафсиркунандаи маъно ва дар аксиология ба сифати арзиши олӣ ва меъёри ниҳоии арзёбӣ намудор мегардад.
Ватан даъвати ахлоқи аст, чунонки дар таълимоти Иммануил Кант таъкид мешавад, меъёри амал он аст, ки иродаи инсон худро ба қонуни умумибашарӣ табдил бидиҳад. Аз ин рӯ, масъулият дар нисбати Ватан шакли умумишавии виҷдон аст. Инсон аз ҳудуди одат берун рафта, зиндагиро ба сифати лоиҳаи маъно ва вазифаи маънавӣ анҷом медиҳад. Ватан майдони татбиқи ин амал аст. Ҳар қадам тарозуи виҷдон, ҳар нафас санҷиши садоқат мебошад.
Ҳамзамон, таҳлили мутфаккирони ғарб низ равшанӣ меандозад: Георг Вилҳелм Фридрих Гегел таърихро зуҳури рӯҳ медонад, ки дар давлат ба худогоҳӣ мерасад. Макс Вебер бошад, қудратро дар шакли харизматикӣ ҳамчун қудрати маъносоз мефаҳмонад. Пол Рикёр хотира ва ҳикояро заминаи ҳуввият медонад. Мартин Хайдеггер «будан»-и инсонро ҳамчун ҳузури масъул дар ҷаҳон тафсир мекунад. Ин чаҳорчӯбаҳо ба хондани Ваҳдат ҳамчун ҳодисаи таърихӣ, ахлоқӣ ва маъносоз имкон медиҳанд.
Аммо алами Ватан маҳдуд ба ҷудоии зоҳирӣ нест, ки он дар ботини худи Ватан низ падид меояд, ҳангоме ки адолат фурӯ менишинад, виҷдон ба сукут меравад ва низоми арзишҳо фурӯ мерезад. Дар чунин ҳолат, инсон дар миёни хоки худ бегона мегардад. Ин ғарибии ботинӣ аз ҳама сангинтар аст, зеро аз фосилаи маънавӣ сарчашма мегирад.
Аз ин рӯ, Ватан тафсиршаванда аст. Дарки Ватан раванди герменевтикии бепоён мебошад, ки дар он инсон тавассути таърих, фарҳанг ва виҷдон маънои худро бозмеёбад. Бе ин тафсир, ватандорӣ ба шиор таназзул меёбад.
Ватан оинаи худшиносист: агар ин оина тира намояд, айб дар Ватан нест, балки дар нигоҳ аст. Пас, ислоҳи Ватан аз ислоҳи инсон оғоз меёбад. Давлатро метавон бо қонун бунёд кард, аммо Ватанро танҳо бо виҷдони бедор метавон зинда нигоҳ дошт.
Дар ин уфуқ, сухани шеърӣ ба ҳайси шакли олитарини таҷассум ва тафсири ин таҷрибаи ботинӣ ба саҳна меояд:
Тоҷикистон, ҳама ҷо оинаи дасти манӣ,
Ҳама ҷо акси ту дар дидаи ман ҷилвагар аст,
Моҳ яктост, вале моҳи ту зебост маро,
Шамс яктост, вале шамси ту пурнуртар аст.
Ватанам, як нафас аз ёди ту фориғ нашавам,
Фориғӣ дар раҳи ту меҳри туро бохтан аст.
/Ифтихори А. Ҷанбаҳои ҳунарӣ ва вижагиҳои жанрии ашъори Мастон Шералӣ Дущанбе, 2026, 174с./
Ин гуфтаҳо Ватанро аз сатҳи зуҳуроти зоҳирӣ ба уфуқи аслии ҳастӣ рушд медиҳад. Ватан дар ин ҷо падидаи виҷдонӣ ва майдони таҷаллиёти маъно аст; ва алам тарзи зоҳиршавии ҳамин маъност. «Алами маънодор» дар ин ҷо сохтани шахсият аст. Дарде, ки инсонро ба худогоҳӣ мебарад ва ӯро ба офариниши маъно водор месозад.
Аввалан, Тоҷикистон ҳамчун оинаи ҳастӣ Ватан ба сифати оинаи худшиносӣ зуҳур мекунад: инсон дар ин оина маънои будани худро мушоҳида менамояд. Алам дар ин замина ба сатҳи зебошиносии маънавӣ рушд меёбад. Дарди нозуке, ки аз пайванди ботинӣ бо Ватан бармехезад ва ба шуури инсон ранги маъно мебахшад.
Ба гуфтори Саъдии нозукбаён имтиҳони маънавии муҳаббати Ватан имтиҳони аслии инсон аст. Ин муҳаббат сабр, устуворӣ ва фидокориро тақозо мекунад. Алам дар ин ҷо ба меъёри садоқат табдил меёбад, ки дараҷаи пайванди инсон бо Ватанро муайян мекунад.
Воқеан, Ватан ҳамчун иттиҳоди реша ва меҳр, падар рамзи таърих ва модар рамзи меҳр ва сарчашмаи ҳаёт решаи ҳастист. Ватан дар иттиҳоди ин ду маъно ба камол мерасад. Алам шакли носталгияи виҷдонӣ, дурӣ мумкин, аммо фаромӯшӣ номумкин мегардад.
Ахиран, Ватан таҷассумёбии виҷдон аст, Алам шаҳодати зинда будани он, ёд ҳифзи пайвастагии маънавии инсон мебошад.
Ватан шакли таҷассумёфтаи ҳастии ҷамъиятии инсон аст, ки дар он фардият бо умумият ҳамгиро мешавад. Дар сатҳи арзишиносӣ, он арзиши олӣ ва меъёри танзими тамоми низоми ахлоқӣ мебошад. Алами Ватан таҷрибаи аслии «инсон будан» аст, ки тавассути он шахсият маънои ҳастии худро дар робита бо ҷомеа ва таърих дарк менамояд.
Бинобар ин, алам дар ин матн бунёдии маърифат ва ахлоқ аст, ки инсонро аз ҳолати бефарқӣ раҳо карда, ба сатҳи масъулияти маънавӣ мебардорад.
Дар анҷом, Ватан саволи бунёдии ҳастист, ки ҳамчун меъёри ниҳоии худшиносии инсонро муайян мекунад. Саволе, ки ҳар насл онро аз нав мепурсад: «Ман барои Ватан чӣ ҳастам?» ва ҷавоби он дар амал ва зиндагии ростин таҷассум меёбад.
Ватан дардест, ки инсонро ба бедорӣ меорад, ва нурест, ки ӯро ба сӯи худшиносии ҳақиқӣ раҳнамун месозад.
Агар ин алам дар умқи дил набошад, пас Ватан ҳанӯз ба сатҳи ҳақиқии маъно дарк нагардидааст.
Дар таълимоти Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» омадааст: «Ҳадафи асосии мо аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии миллатамон ва осори гаронбаҳои онҳо таҳкими ҳарчи бештари ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии наслҳои имрӯза ва дар хизмати онҳо қарор додани арзишҳои воло ва дастовардҳои неки фарҳангии ниёгонамон, инчунин бо ҳамин роҳ дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад. Ҳоло мардуми мо дар марҳалаи нави таҳкиму такомули давлати соҳибистиқлоли худ қарор доранд ва дар ин раванд ҳар як нафар бояд арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллиро аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, ҳизбиву гурӯҳӣ болотар гузошта, дар баробари пойдору устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин ба татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ, бахусус таъмини истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон мусоидат намояд. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза бояд муайян намоем, ки кадом анъанаҳои милливу диниамонро ба нафъи пешрафти давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозамон ривоҷу густариш диҳем. Зеро мо бисёр арзишҳои неки милливу диние дорем, ки метавонанд дар таъмини ягонагиву ваҳдати миллат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ нақши созандаву муассир бозанд». /Эмомалӣ Раҳмон. «Чеҳраҳои мондагор». Душанбе: «ЭР-граф», 2016. С. 201-202 /
Ин иқтибос худшиносии миллиро ҳамчун раванди герменевтикии таҷдиди маъно муқаррар мекунад. Миллат дар ин ҷо «лоиҳаи будан» аст, ки тавассути арзишҳо сохта мешавад. Истиқлол ва Ваҳдат ба меъёри ниҳоии арзёбӣ табдил меёбанд. Анъанаҳо ҳамчун матни интихобшаванда фаҳмида мешаванд, танҳо онҳое, ки ба Ваҳдат ва пешрафт мусоидат мекунанд, арзишманданд.
«Раванди нави таърих бар дӯши давлати мо вазифаҳои басо мураккаб, пурмасъулияту вазнин гузошт. Ин вазифаҳои тақдирсоз қабл аз ҳама хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан бозгардонидани фирориён, таъмини ваҳдату ягонагии ҳамаи сокинони Тоҷикистон, нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ба ҳалли онҳо ноил шудем. Алалхусус сиёсати ваҳдати миллӣ ва сулҳу созиш, ки аз ҷониби халқ ва нерӯҳои солимфикру пешқадами ҷомеа дастгирӣ ёфт, иқдоми ҷиддие дар пешрафти мамлакат гардид». -/Эмомалӣ Раҳмон. «Чеҳраҳои мондагор». Душанбе: «ЭР-граф», 2016. С. 215/
Ин ин гуфтаҳо бармеояд, ки таърих ба ҳайси «имтиҳони ҳастӣ» аст. Дар илми Ҳастишиносӣ, давлат танҳо дар шароити Ваҳдат қобили идома аст. Арзишшиносӣ бошад, сулҳ ва созишро ба арзишҳои ҳукмрон табдил медиҳад. Илми Инсоншиносӣ бошад, инсонро аз мавқеи тамошобин ба субъекти фаъоли таърих мегузорад ва масъулияти бевосита медиҳаад.
Парчами Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиши пойдор фазои боварӣ ва эътимодро ба оянда афзуда, ҳисси худшиносӣ, асолати ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардумро боло мебарад. Мо ба шарофати истиқлол тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба даст гирифта, бо симои хос ва азму иродаи созандагӣ сӯи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ меравем. Дар ин роҳ моро нерӯи халқи заҳматдӯст, ободгар ва соҳибтамаддунамон илҳом бахшида, эътимоду бовариамонро ба фардои нек меафзояд. /Эмомалӣ Раҳмон. «Чеҳраҳои мондагор». Душанбе: «ЭР-граф», 2016. С. 248/
Дар ин ҷо Ваҳдат ҳамчун манбаи эътимод ба оянда зуҳур мекунад. Миллат аз ҳолати «зиндамонӣ» ба «созандагӣ» мегузарад. Ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ низоми арзишҳоро устувор месозанд. Таҷрибаи пирӯзӣ бар фоҷиа ба тафсири нав аз Ватан ва ояндасозӣ асос мегузорад.
Дар он лаҳзае, ки ҳастии миллӣ ба остонаи нобудшавӣ наздик мешуд, саҳнаи таърих ба сурати буҳрони куллии онтологӣ падидор гардид. Сохтори сиёсӣ, худи маънои «будани тоҷик» зери суол рафта буд. Ҷомеа ба парокандагии маънавӣ фурӯ рафта, гуфтугӯ ба забони силоҳ табдил ёфт. Низоми арзишҳо фурӯ рехт ва ҷойи онро хашм, ваҳшат ва кина гирифт. Ҷанги таҳмилӣ ва ирсолӣ риштаҳои ноаёни ҳамбастагии виҷдониро месӯзонд. Дар раҳраву тангкӯчаҳо хомӯшии сангини марг паҳн буд. Ҷасадҳо нишонаи шикасти маъно буданд.
Дар чунин уфуқи торик, ки киштии давлат дар амвоҷи тӯфони бесоҳибӣ бехалабон монда буд, зуҳури роҳбарият ҳамчун ҷавоби ҳастӣ ба буҳрон фаҳмида мешавад. Қудрат дар ин ҷо аз механизми идора ба амонати маънавӣ рушд мекунад. Амонате, ки бояд миёни фоҷиа ва наҷот ҳаракат кунад. Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат ба сифати субъекти таърихсоз барои барқарорсозии маъно, эҳёи виҷдон ва ҷамъоварии парокандагӣ дар як уфуқи воҳид падид омад.
Рӯзгори ошуфтаи он айём таҷрибаи тарс ва бекасӣ буд. Фирор ба стратегияи зиндамонӣ табдил ёфт, муҳосираҳо ва бераҳмӣ ҷойгузини инсофу имон шуданд. Донишмандон хомӯш шуданд, хонаҳо хароб гаштанд, пуштаҳо аз хуни шаҳидон ранги лола гирифтанд. Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи амн буд, аммо амният худ ба орзу табдил ёфта буд. Ин ҷо фалсафа аз тафсир ба шаҳодат мегузарад, ҷомеа дар ҳоли шикасти уфуқи қарор дошт.
Дар чунин ҳол, масъулият ба шакли ахлоқ мегардад. Қарори баргардондани сулҳ, ҷамъоварии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагӣ на танҳо иқдоми сиёсӣ, балки амали ахлоқии инсони асст, ки дар он фардият худро дар хизмати умумӣ ҳал мекунад. Пешво ҳамчун посух ба даъвати таърих зуҳур мекунад. Таърих савол мегузорад ва шахсият ҷавоб медиҳад.
Ҳамин аст, ки барқарорсозии Сулҳ ва Ваҳдат натиҷаи табдили дард ба маъно аст. Дар ин раванд, қудрат ба хидмат, ирода ба масъулият ва тақдир ба рисолат табдил меёбад. Пешвои миллат дар ин уфуқ шакли масъулияти инсон аст. Қудрате, ки наҷот мебахшад, иродае, ки маъно меофарад.
Дар ин мантиқ, фоҷиа поён намеёбад, он ба ҳикмат табдил меёбад, ваҳдат танҳо барқарор намешавад, он аз нав зода мешавад. Ва Ватан, ки захм буд, ба нури худшиносӣ мубаддал мегардад.
Ваҳдати миллӣ дар уфуқи таърихи муосири тоҷикон воқеияти бунёди ҳастии худшиноси аст. Ин ҷо муъҷиза калимаи номгузории фалсафии он лаҳзаест, ки дар он миллат аз остонаи нобудшавӣ, ба имконоти будан, аз хомӯшии маъно ба уфуқи эҳё гузашт.
Ваҳдат ҳамчун матни зиндаи таърих хонда мешавад, матне, ки бо ашк навишта шуда, бо умед хонда мегардад. Сулҳ дар ин ҷо санад нест, ки он тафсири нав аз Ватан, таърих ва масъулияти инсон аст. Шахсият аз ҷудоӣ ба ҳамгироӣ мегузарад ва ба субъекти маъносози ҷамъиятӣ табдил меёбад.
Ваҳдат ба арзиши меҳварӣ рушд мекунад. Меъёре, ки дигар арзишҳоро ба монанди адолат, сулҳ, субот, худшиносӣ, ватандорӣ муттаҳид ва танзим менамояд. Бидуни он, арзишҳо пароканда ва беасосанд. Бо он низоми ахлоқӣ устувор ва пурмаъно мегардад.
Ваҳдат таҷрибаи инсон будан аст. Миллате, ки дардро чашид, тавонист онро ба нерӯи созанда табдил бидиҳад. Ин табдил танҳо кори сиёсат нест, ин бедории виҷдони миллӣ аст, ки аз хокистари фоҷиа бармехезад.
Пас, Ваҳдати миллӣ муъҷиза аст, зеро аз фоҷиа ба эҳё гузашт, аз парокандагӣ ба якпорчагӣ расид, аз алам маъно офарид.
Ваҳдатро метавон ҳамчун пирӯзии виҷдон бар нафрат, пирӯзии маъно бар бесарусомонӣ ва пирӯзии инсон бар фоҷиа тавсиф намуд.
Ва бо вуҷуди ин, дар вуҷуди он ҳанӯз садои дард мемонад, ҳамчун хотираи зиндае, ки моро ҳушдор медиҳад, Ваҳдат ҳифз мехоҳад.
Агар ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун захми кушодаи таърих фаҳмида бишавад, пас Ваҳдати миллӣ шакли шифоёбии он аст. Аммо ин шифоёбӣ табдили ранҷи сӯзон ба маънои равшан аст. Захм аз миён намеравад, ки он ба хотираи фаъоли виҷдон, ба огоҳии таърихӣ ва ба масъулияти ахлоқии бедор мубаддал мегардад, захм дигар хун намечакад, балки меомӯзонад.
Захми шифоёфта далели он аст, ки ҳастии миллат қобили эҳё ва бозсозист, вай метавонад аз ҳолати фурӯпошӣ ба низоми маънодор гузарад, бе он ки таҷрибаи дардро аз даст диҳад. Ин дард ба пояи ҳастишиносии нав табдил меёбад. Пояе, ки бар он худогоҳии миллӣ қомат меафрозад.
Ваҳдат тафсири дубораи фоҷиаи гузашта аст, миллат онро мехонад, мефаҳмад ва ба он маъно мебахшад. Ҳамин маъносозӣ аст, ки фоҷиаро ба сабақ ва захмро ба ҳикмат табдил медиҳад. Ашк ба забони дарк ва хомӯшӣ ба нутқи маъно табдил меёбад.
Захми шифоёфта ба арзиши ахлоқии ҳушдордиҳанда табдил меёбад. Сулҳ дигар танҳо арзиши посбонишаванда ва ниёзманди виҷдони доимист. Ваҳдат равандест, ки ҳар рӯз нигоҳдорӣ ва таҷдид мехоҳад, мисли нафас, ки қатъ шавад, зиндагӣ қатъ мегардад.
Ин мафҳум маънои инсон буданро меофарад Ваҳдат дар ин уфуқ пирӯзии инсон бар худ ва бар шароити сангини таърихист.
Пас, Ваҳдати миллӣ хотираи зиндаи захмест, ки ба нур табдил ёфтааст, нуре, ки аз дарди дирӯз месӯзад, то фардои моро равшан созад.
Аммо, агар ба дарки виҷдон фурӯ биравем, ошкор мегардад, ки Ватан танҳо мафҳум нест, фарёди дил аст. Фарёде, ки дар гиряи модар, дар нигоҳи кӯдаки бе падар ва дар хомӯшии қабрҳои бенишон танин меандозад. Ин фарёд беовоз аст, вале гӯшҳоро мешиканад; ноаён аст, вале дилро месӯзонад.
Он ҷо, ки таърих сукут мекунад, дард сухан мегӯяд. Ватан дар қатраҳои ашк зуҳур мекунад, дар ларзиши дасти пире, ки номи фарзанди гумшударо такрор мекунад.
Имрӯз ояндаи Ватан дар дасти ҷавонон аст. Ҷавон идомадиҳандаи маъност. Агар насли гузашта Ваҳдатро ба даст овард, насли имрӯз бояд онро нигоҳ дошт ва насли фардо онро такмил бидиҳад.
Ҷавонон нуқтаи гузариши ҳастии миллӣ аз гузашта ба ояндаанд. Дар онҳо Ватан аз хотира ба имкон табдил меёбад. Ҳар интихоби ахлоқии онҳо идомаи Ваҳдат аст.
Ваҳдат бояд ба арзиши амал табдил ёбад. Эҳтиром, таҳаммул, масъулият ва хизмати содиқона. Ваҳдат бо сухан ҳифз намешавад он дар рафтор, дар илм, дар касб ва дар муносибатҳои рӯзмарра таҷассум меёбад.
Ҷавонон бояд таърихро бихонанд, дарк кардани дард, шунидани фарёди хомӯш ва гирифтани сабақ аз он аст. Танҳо чунин амал метавонад, ки Ваҳдатро аз воқеаи гузашта ба лоиҳаи зиндаи оянда табдил диҳад.
Ҳар ҷавон ҳар рӯз бо саволи сахт рӯ ба рӯ бошанд: «Оё ман сазовори ин Ватан ҳастам?» Ин савол бедории виҷдон аст. Ҷавоб дар зиндагии ростин, дар интихоби пок ва дар хизмати содиқона таҷассум мегардад.

Ман медонем, ки Ватан аз мо калима намехоҳад, Амал мехоҳад. Ваҳдат аз мо қасам намехоҳад, Садоқат мехоҳад, фидокорию масъулият мехоҳад.
Пас, рисолати мо ин аст дар назди Ватан, бо зиндагии худ маъно бахшида бошем.
Ҳамин тавр, таърихи миллат матни зиндаест, ки бо ашк навишта шуда, бо виҷдон хонда мешавад. Ҳар насл равшангари ин матн аст ва масъулияти ӯ дар он аст, ки дарди гузаштагонро ба маънои оянда табдил бидиҳад. Бе ин тафсир, хотира ба фаромӯшӣ ва ваҳдат ба шиор таназзул меёбад.
Ваҳдат ба меъёри ниҳоии арзёбӣ табдил меёбад. Арзише, ки ҳамаи арзишҳои дигарро муттаҳид месозад ва ба онҳо самти ахлоқӣ мебахшад. Сулҳ дар ин ҷо амали доимии виҷдон аст, Истиқлол масъулияти абадист.
Инсон дар ин низом ҳамчун мавҷуде зуҳур мекунад, ки дардро таҷриба карда, аз он маъно меофарад. Инсоне, ки гиря кардааст, қобили ҳифзи ваҳдат аст. Диле, ки сӯхтааст, қодир аст нур биафшонад. Аз ин рӯ, алам дар ин таҳқиқ шакли бедории виҷдон аст.
Саволи ниҳоӣ, ки ин матн мегузорад, содда аст, аммо сангин: «Оё мо сазовори Ватане ҳастем, ки бо ашк сохта шудааст?»
Ҷавоби ин савол дар китоб навишта намешавад, он дар зиндагии ҳар яки мо навишта мешавад.
Хушбахтона, ин Ватан сазовори сидқан дӯстдорӣ аст.

Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа,
дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои
байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои
хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, дотсенти кафедраи фанҳои
ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...