ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ВОСИТАИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ
Дар шароити муосир масъалаи дастрасӣ ба оби тоза аз доираи масъалаҳои сирф экологӣ берун рафта, ба яке аз унсурҳои муҳимми амнияти байналмилалӣ, рушди устувор ва ҳамкории байнидавлатӣ табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои об, обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши аҳолӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт зарурати такмили низоми ҳуқуқии идоракунии захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба миён овардааст. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли дипломатияи байналмилалии об мавқеи устувор касб намуда, дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об саҳми назаррас гузоштааст.
Марҳалаи нави ин сиёсат бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» оғоз гардид. Фармони мазкур санади муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ буда, заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси ҷоиза, ҳадафҳо ва самтҳои асосии татбиқи онро муайян менамояд. Қабули ин санад идомаи мантиқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва таҳкими дипломатияи об мебошад.
Ҳадафи асосии таъсиси ҷоиза ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муассисаҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар субъектҳое мебошад, ки дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, таҳияи технологияҳои навоварона, ташаккули сиёсати устувори об ва ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин лиҳоз, ҷоиза на танҳо аҳамияти рамзӣ, балки аҳамияти муҳимми ҳуқуқӣ, илмӣ ва дипломатӣ дорад.
Зарурати қабули чунин санад бо вазъи воқеии ҷаҳонӣ вобастагии мустақим дорад. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, миллиардҳо нафар аҳолии ҷаҳон то ҳол ба оби тозаи нӯшокӣ ва хизматрасониҳои асосии санитарӣ дастрасии кофӣ надоранд. Ҳамзамон, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ ва ифлосшавии манбаъҳои об амнияти экологӣ ва рушди устувори кишварҳоро таҳти таъсир қарор додааст. Дар чунин шароит масъалаи идоракунии ҳамгирои захираҳои об аҳамияти стратегӣ пайдо намуда, ҳамкории байналмилалиро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми зиёда аз ду даҳсола ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли ташаккул ва пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об мавқеи устувор касб намудааст. Ин мавқеъ пеш аз ҳама ба сиёсати пайвастаи давлатии кишвар дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии об асос меёбад.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид як қатор қатъномаҳои муҳими байналмилалиро қабул намудааст, ки ба рушди ҳамкории бисёрҷониба, ташаккули механизмҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва татбиқи чораҳои муштарак дар соҳаи идоракунии захираҳои об мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, қабули қарор оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз ҷумлаи муҳимтарин ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо боиси қабули қарорҳои муҳими байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ин иқдом ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкории байналмилалӣ дар самти омӯзиш, ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои криосфера мусоидат менамояд.
Ташаббусҳои мазкур дар маҷмӯъ на танҳо аҳамияти экологӣ, балки аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсию дипломатӣ низ доранд, зеро онҳо ба ташаккули принсипҳои умумии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об, таҳкими масъулияти муштараки давлатҳо ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти истифодаи устувори захираҳои табиӣ мусоидат менамоянд.
Қабули чунин санадҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътирофи нақши фаъоли кишвар дар ташаккули сиёсати ҷаҳонии об шаҳодат дода, мақоми онро ҳамчун яке аз иштирокчиёни муҳими раванди таҳияи қарорҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим таҳким мебахшад. Ин раванд ҳамзамон заминаи ҳуқуқии заруриро барои рушди минбаъдаи дипломатияи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ташаббусҳои нави байналмилалӣ дар ин самт фароҳам меорад.
Дар ин замина, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои обро метавон ҳамчун механизми нави ҳуқуқии рушди дипломатияи об арзёбӣ намуд. Агар ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон асосан ба қабули санадҳои байналмилалӣ ва ташкили платформаҳои муколама нигаронида шуда бошанд, таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи дастовардҳои илмӣ, инноватсионӣ ва амалии субъектҳои фаъол дар соҳаи об заминаи нави институтсионалӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, таъсиси ҷоиза барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ низ дорад. Он метавонад ҳамчун воситаи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши дипломатияи илмӣ, рушди муносибатҳои байнидавлатӣ ва баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ хизмат намояд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо риояи принсипҳои қонуният, шаффофият, мустақилияти комиссияи арзёбӣ, баробарии довталабон ва маблағгузории устувори ҷоиза аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Ҳамин тариқ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» на танҳо санади муҳимми меъёрии ҳуқуқии миллӣ мебошад, балки ҳамчун воситаи муассири татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, рушди дипломатияи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва ҳуқуқӣ аҳамияти назаррас дорад. Қабули ин санад идомаи мантиқии сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об буда, барои такмили низоми ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба захираҳои об заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Сардори кафедраи бехатарӣ аз
сӯхтори факултети №5 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия Раҳматшозода С.Р.







































































































































































