Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Пешвои миллат дар қабули Қатъномаи СММ зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»

Фаъолияти сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 оғоз гардид. Дар ин давра Тоҷикистон дар марҳилаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт ва Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ дар ин Иҷлосияи таърихӣ баромад карда, даъват ба амал овард, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат заминаи асосии Ваҳдати миллӣ ва баъдан 27-уми июни соли 1997 имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гардид.
Имрӯз мо медонем, ки маҳз бо талошҳои Пешвои миллат ва расидан ба Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистонро баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аз вартаи фано раҳоӣ бахшид ва ба сӯи рушду шукуфоӣ роҳнамоӣ кард.
Воқеан, ҷанги таҳмилии солҳои 1992–1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зарари зиёди ҷонию моддӣ ба бор овард, барои имрӯз ва ояндаи миллат бояд дарси ибрат бошад. Он солҳо истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳастии миллати тоҷик зери хавфу хатари зиёд қарор гирифта буд. Дар ҷомеа се гурӯҳи ба ҳам зид ташаккул ёфт. Ин воқеҳои таърихӣ дар асари Раҳимзода Р.Ҳ. « Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» (дар боби 1, зербоби 1.4. ) ва асари «Фазилати Пешво» (саҳифаи 17-22) инъикос гардидааст. Ин раванд ба андешаи муаллиф аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ Дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз ёфтааст.
Сиёсати хориҷии ҳар як давлат дар рушду нумӯ ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ авлавият дорад. Барои Тоҷикистони соҳибисиқлол низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ин сиёсати хориҷии он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон самти инкишоф ва роҳи муайяншудаи давлатро дар фаъолияти байналхалқӣ зоҳир мекунад, ки ин муносибатҳо бо давлатҳои дигар вобаста ба принсип ва манфиатҳои он ба воситаи шаклҳо ва методҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад. Шаклҳои асосии сиёсат (дохилӣ ва хориҷӣ) ба якдигар махлут мебошанд ва ҳатто дар мавридҳои муайян онҷоро ҷудо намудан номумкин аст. Сиёсати хориҷӣ маҷмӯи мақсад ва воситаҳои фаъолияти давлат дар соҳаҳои муносибатҳои якҷояи он бо дигар давлатҳо, халқу миллатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ мебошад. Мақсади асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки бехатарии онро таъмин созад, шароити мусоиди сиёсати хориҷиро барои инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакат фароҳам оварад, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода, онҳоро ҳифз намояд.
Самти сиёсати хориҷии ҷумҳурии мо дар марҳилаи кунунӣ дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. 29- сентябри соли 1993, бори нахуст дар таърих, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҷаласаи 48-уми Маҷмаъаи Умумии СММ баромад кард. Тоҷикистон ба рушди муносибати дуҷониба бо дигар давлатҳо ва иштироки фаъол дар кори ташкилотҳои байналмилалӣ тадриҷан оғоз намуд. Дар солҳои муноқишаҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона, Вазорати корҳои хориҷӣ дар раванди ҳалли мусолиматомези даргириҳо ва баргардонидани гурезаҳо ба макони зисти доимӣ фаъолона иштирок кард. Он замон қариб 70 ҳазор гурезаи тоҷик дар лагерҳо барои гурезагон дар қаламрави Афғонистон (Мазори Шариф, Шерхан Бандар, Қундуз, Тошқӯрғон, Толиқон) қарор доштанд. Аз оғози соли 1993 роҳбарияти ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кориро барои кор бо гурезаҳо равон мекард. Соли 1996 дар Толиқони Афғонистон Консулгарии Тоҷикистон кушода шуд, ки ба фароҳамоварии шароити зист ба гурезаҳои дар қаламрави Афғонистон қарордошта ва ба тадриҷ баргардонии онҳо ба ватан машғул буд. Дар натиҷаи ин саъю талош, дар давраи аз оғози соли 1993 то соли 1997 гурезаҳо аз Афғонистон ба ватан баргардонида шуданд. Намояндагони вазорат дар ташкил ва гузаронидани гуфтушунидҳои миёни тоҷикон иштирок карданд ва аз моҳи январи соли 1996 то анҷоми он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Назаров ҳайати ҳукуматиро дар гуфтушунид роҳбарӣ намуд. Раванди музокироти миёни тоҷикон, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москва оғоз гардид, 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Русия бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» хотима ёфт.
Барнома ва мароми сулҳпарвари Пешвои миллат пас аз имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ боиси пешрафти босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид.
Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, доираи татбиқи сулҳро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, давлатҳои ИДМ ва саросари ҷаҳон густариш дод. Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги сулҳ доираҳои васеи дипломатияи ҷаҳониро оид ба масоили таҳкими сулҳу амният ба худ ҷалб намуда, макони баргузории Симпозиум, конференсияҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бар зидди экстремизму терроризм ва таъмини амнияти минтақавӣ гардид. Роҳбари давлат аз минбарҳои баланди СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, конфронси исломӣ, парлумони Аврупо, масъалаи таҳкими сулҳу суботро яке аз масъалаҳои марказии глобалӣ эълон намуда, таваҷҷуҳи сиёсатмадорони ҷаҳонро ба ҳалли қазияҳои Афғонистон, Фаластин, Шарқи наздик ҷалб намуда, даъват намуд, ки роҳи ҳалли ин хушунадҳо ва муқовиматҳои мусаллаҳона танҳо сулҳ ва бо роҳи музокирот ҳал намудани он мебошад. Пешвои миллат ҳалли қазияҳои мазкурро дар бастани созишнома ва шартномаҳо байни давлатҳои ҷангзада пешниҳод намуда, ҳалли онҳоро тавассути комиссияҳои дуҷониба, бисёрҷониба бо мусоидати СММ медид. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ тамоми аҳли башарро аз ҷумла, кишварҳои Шарқи наздикро ба он даъват менамуд, ки ҳарчӣ зудтар пеши роҳи хунрезӣ дар ин кишварҳо гирифта шавад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бахусус ҳифзи ҳуқуқи модар, кӯдак, пиронсолон ва дастрасии онҳо ба кӯмаки тиббӣ дар асоси қонунҳои байналмилалӣ таъмин карда шаванд.
Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳим ва калидӣ дошта, дастгирии худро аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ бахусус СММ дарёфт намудааст. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки Пешвои миллат ба ҷомеаи башари пешниҳод менамояд, ин муқовимат бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабили экстремизму терроризм гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад. Чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои ноороми кишварҳои Шарқи наздик ёдоварӣ намуда, мисолҳо ва таҳлилҳои амиқро ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе иброз намуд: «Дар низоъҳои давлати Сурия то ба имрӯз 12000 нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмуъ дар ҷанги Сурия то имрӯз 460000 нафар кушта шудааст. Дар 40 кишвари олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ва бавосита ширкат мекунанд. Ғайр аз ин, дар беш аз 100 давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон, бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва ватани худро тарк карданд».
Бояд ёдовар шуд, ки чанд сол қабл Пешвои миллат пиромуни буҳрони Афғонистон ва таҳдидҳои аз ин кишвар бароянда аз минбари СММ ва дигар минбарҳои калони ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ҳуштор медоданд. Мутаассифона дар аввал ин ҳуштор ҷиддӣ қабул намегардид ва ин боиси он гардид, ки амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ аз ин кишвар густариш ёфта, вазъи минтақаро ноором карданд.
Пешниҳодҳои Сарвари давлат ва ҷалби ҷомеаи башарӣ дар ҳалли масоили амниятӣ ба он оварда расонд, ки дар шаҳри Душанбе санади «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм эътироф гардида, тавсияҳои он ба кулли давлатҳои ҷаҳонӣ ирсол гардид.
Омӯзиши масоили байналмилалӣ, таҳкими амният ва суботи минтақавӣ аз ҷониби Пешвои миллат нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳимми геополитикӣ ва геостратегӣ қарор дошта, 10 % қаламрави қитъаи Осиёро дарбар мегирад. Дар шароити муосир барои таҳким ва амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калидиро ишғол менамояд. Дар ин асос Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кулли давлатҳои ҳамсоя дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро густариш медиҳад.
Масъалаи таҳкими суботи минтақавиро ба ҳалли ташкили ҳукуматӣ фарогир дар қаламрави Афғонистони ҳамсоя бо назардошти ба назар гирифтани тоҷикони сокини ин кишвари ҳамсоя яке аз масъалаҳои муҳимми таъмин ва пешрафти амну субот дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебинад. Пешвои миллат борҳо пешниҳод намуд, ки ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ бо Тоҷикистон кафили тақвияти амнияти минтақа маҳсуб меёбад. Бинобар ин, устувор ва пурзӯр намудани хати сарҳади байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро яке аз масоили муҳимми амну субот дар минтақа ва сарҳадҳои ҷануби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ менамояд. Вобаста ба ин масоил Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби ҳамкориҳо бояд якчанд созмонҳо аз қабили СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, таҳкими пурзӯр намудани сарҳади давлатиро яке аз масъалаҳои марказӣ ва муҳим мешуморад.
Сарвари давлат масъалаи сулҳу субот тарғиби фарҳанги сулҳро барои тамоми ҷомеаи башарӣ хеле муҳим мешуморад. Тавассути истиқлолият Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат таҳким ва тарғиби сулҳро дар доираи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ, Шарқи наздик, Амрико ва Аврупо масъалаи глобалӣ ҳисобида, кулли давлатҳои онро баҳри тақвияти фазои сулҳу оромӣ ва амну субот даъват менамояд.
Яке аз самтҳои муҳимми сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои умумибашарӣ ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Дар Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи сулҳ хеле арзишманд буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун дар асоси принсипи ҳамзистии осоишта ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Сисёсати сулҳҷӯёнаи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Консепсияи сиёсати хориҷӣ ба 5 ҳавза тақсим шудааст:
Ҳавзаи якум, ки ба он Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил буда, Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли он шинохта шудааст.
Ҳавзаи дуюм, ба он давлатҳои Осиёи Марказӣ дохиланд, ки Тоҷикистон низ дар ин минтақа яке аз давлатҳои фаъоли пешбарандаи сулҳу амнияти минтақавӣ мебошад.
Ҳавзаи сеюм, ба он давлатҳои форсизабон аз ҷумла, Эрон ва Афғонистон шомиланд, ки дар густариши ҳамкорӣ байни онҳо, таҳкими сулҳу субот Тоҷикистон мавқеи калидӣ дорад.
Ҳавзаи чорум, ба он давлатҳои мусулмони Шарқ ворид мебошад, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибати ҳамаҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст.
Ҳавзаи панҷум, ба он ҷомеаи байналмилалӣ шомил аст, ки Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ ва дигарон буда, дар муносибатҳои байналмилалӣ бо ибтикори Пешвои миллат аз сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳофизат менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати тақвияти сулҳу суботи ҷаҳонӣ, муқовимат бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи худро меёбад.
25 июни соли 2026 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи махсусро аз рӯйи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036» -ро қабул намуд.
Қабули чунин Қатънома пеш аз ҳама обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи сулҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шиносоӣ намуда, давлатҳои ҷаҳонро вазифадор менамояд, ки дар доираи амалигардонии Қатъномаи мазкур, табодули таҷриба байни давлатҳо, омӯзши таҷрибаи сулҳи тоҷикон, фазои амну субот ва музокиротро дар кишварҳои дорои қазияи ҷангӣ ҳаллу фасл намуда, раванди сулҳро дар минтақаҳои доғи ҷаҳонӣ бахусус Шарқи наздик таҳлилу баррасӣ намуда, роҳҳои мусолиҳатомезӣ онро ҷустуҷӯ намоянд.
Аҳаммияти Қатънома дар он аст, ки натанҳо пеши роҳи ҷанг гирифта мешавад, балки барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ҷавонон ва пиронсолон барои наслҳои оянда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, фарҳанги сулҳ дар тамоми ҷанг таблиғ мегардад. Қабули чунин Қатънома ба принсипҳои Оинномаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пурра мутобиқат намуда, фаъолияти онҳоро дар самти пешгирии хушунат, ҷудоиандозӣ, низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ боз ҳам фаъолтар мегардонад.
Ҳамин тариқ, ба хулосае омадан мумкин аст, ки қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036» бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардҳои бузурги умумибашарӣ дар ҷодаи таъмини сулҳу амният дар саросари Тоҷикистон ба шумор рафта, Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳдӯст, кафили амну суботи минтақа ва ҷаҳон баромад намуда, принсипҳои умумибашарии тақвияти сулҳи ҷаҳониро дар даҳсолаи наздик ба аҳли ҷомеаи башарӣ пешниҳод намудааст.

Асламов Б.С.-ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э.- дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...