Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ САРЧАШМАИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ПОЙДОРИИ КИШВАР

«Ваҳдати миллӣ барои мо неъмати бебаҳо, омили муҳимтарини пешрафти давлат ва кафили зиндагии осоиштаи мардум мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Давлат ҳамчун субъекти асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва Ваҳдати миллӣ баромад намуда, рукни асосии нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Бо чунин дарки баланд, Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созандаю таҳкимбахши Истиклолияти давлати эътироф шудааст. Воқеан, 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи наверо боз кард, ки оғози дигаргуниҳои куллӣ ва ба ҳам омадани миллати тоҷик гашт. Ин санади таърихӣ, ки дар Маскав ба имзо расид, маҳз пайғоми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизор буд. Дар он ормони халқи мо бо каломи ширини Сулҳ ва Ваҳдат таҷассум ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гувоҳи тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди мардуми тоҷик аст.

Халқи Тоҷикистон санаи тавлиди ин ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфт ва он рӯзи муборак дар асоси фармони Президенти ҷумҳурӣ бо номи "Рӯзи ваҳдат" маъмул гардид.

Ба ин рӯзу ба ин санад ихлос кардану меҳр бастани мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезин душманони дохилию хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсӯз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи воқеан сарнавиштсози баҳамоиву сарҷамъии миллати тоҷик ва расидан ба сулҳу суботи пойдор мебошад.

Мо – мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кардем, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем.

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ дар таърихи тоҷикон мавқеи муҳим дошта, зарур аст, ки онро мо, насли имрӯза, арҷгузорӣ намоем. Зеро маҳз ваҳдат буд, ки миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод. Дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои шадиди давлатҳои абарқудрати дунë, мафҳуми Ваҳдат хело арзишманд гардидаст.

Аз ин нигоҳ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 оид ба сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ироа гардида, дар он ваҳдату ризояти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории Тоҷикистон эътироф шудааст. Эътирофи байналмилалии кишвар дар оғози истиқлолият бо раванди шикасти ИҶШС вобастагӣ дошт, вале ваҳдати миллӣ ҳамчун маҳаки асосӣ вобаста ба манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байналмилалии муосир ворид гардидани Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқии байналмилалӣ нақш дорад. Тавассути ваҳдати миллӣ ва амалисозии барномаҳои гуногунҷабҳаи давлатӣ, кишвари мо дар марҳилаи кутоҳи рушди соҳибистиқлолии худ аз шумораи давлатҳои иқтисодашон суструшдкунанда берун омада, дар роҳи баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон баҳри дастрасӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ заминаи устувор гузошт. Умуман устувории Ваҳдати миллӣ омили асосии имконияти ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар ҷомеаро фароҳам меорад.

Ваҳдати миллӣ сарфи назар аз пайдоиши гуногуни этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва сиёсии миллатҳо маънои дӯстӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандони кишварро дорад. Идеяи он аст, ки сарфи назар аз фарқиятҳо, одамон метавонанд дар зери шахсияти умумӣ ҳамчун шаҳрвандони як миллат муттаҳид шаванд. Ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ аксар вақт ташвиқи фарогирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ байни гурӯҳҳои гуногун, пешбурди адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи арзишҳо ва принсипҳои умумиро дар бар мегирад, ки аз фарқиятҳои инфиродӣ берунанд. Омилҳое, ки ба Ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд, инҳоянд: Шахсияти умумӣ: ҳисси қавии мансубият ба миллат ва ифтихор аз таърих, фарҳанг ва дастовардҳои он. Эҳтиром ба гуногунрангӣ: эътироф ва эҳтироми гуногунии фарҳангҳо, забонҳо, динҳо ва анъанаҳои дохили миллат. Ҳуқуқҳои баробар ва адолат: Кафолат додани он, ки ҳамаи шаҳрвандон тибқи қонун ҳуқуқҳои баробар доранд ва новобаста аз миллати онҳо ба имкониятҳо дастрасӣ доранд.

Ваҳдати миллӣ заминаи устувори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ки чун субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ дар пазироии як қатор ташаббусу пешниҳодҳои кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода мешавад. Чунончи, эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаëт барои солҳои 2005 - 2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои соҳои 2018-2028, Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036». Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 160 кишвар мешиносад ва 128 давлати дунё бо Тоҷикистон робитаи дипломатӣ доранд, ки он натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвар аст. Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки рамзи пирӯзии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва кафолати рушди бесобиқаи кишварамон мебошад, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузург ва муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Дар охир ба ҳамаи ҳамватанон, аз ҷумла ҷавонон, ки неруи тавонои давлату миллат мебошанд, даъват ба амал оварда, сулҳу субот, оромии кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, инчунин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар фазои тинҷию амонӣ, зиндагӣ, кор ва фаъолият намоем ва Ватаниазизи хешро дӯст дорем, марзу буми онро ҳифз намоем, Ваҳдати миллии худро, ҳамчун арзиши олӣ дониста, онро бегазанд ба наслҳои оянда интиқол дода, рисолати инсонии худро ба ҷо орем.

Курсанти курси 3 факултети №2

милитсияи қаторӣ                                                                  Буриев З.

Куратор: подполковники милитсия                              Шарифзода П.Р.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...