Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ғалаба бар фашизм

196

8 майи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд) барои соли 2018 мизи мудаввар бо иштироки аъзоёни ҷамъиятии илмии курсантон бо номи шартии «Ориён» ба муносибати Рӯзи Ғалаба баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, ҷанговари байналмилал, иштирокчии ҷанги Афғонистон, номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Хокироев А.Ю. ва сардори қисми таълим н.и.ф., майори милитсия Ҷабборова М.Т. иштирок намуданд.

197

Дар он аъзоёни маҳфил аз қаҳрамониҳои ҷанговарони советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қаҳрамониҳои онҳо бо шеърхониву қиссаҳо аз ҳаёти ҷанговарон ёдоварӣ намуданд.
Инчунин дар рафти маҳфил ҷанговари байналмилал, иштирокчии ҷанги Афғонистон, номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ. баромад намуда, аз саргузашти худ дар ҷанги Афғонистон нақл намуда, аз тарафи роҳбари маҳфил муаллимаи калони кафедра, подполковники милитсия Юнусова М.Т. филми ҳуҷҷати доир ба рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиш дода шуд.
Алимова Ҳ.А. - муаллимаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, факултети № 4, капитани милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...