Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА» - ВОСИТАИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ СУЛҲ, ПЕШГИРИИ ҶАНГ ВА МУСОИДАТ БА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар замони муосир шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона, сард гаштани муносибатҳо миёни як қатор давлатҳо ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Ҳоло зиёда аз 1,5 миллиард одамон дар давлатҳои аз ҷангу муноқишаҳо зарардида умр ба сар мебаранд. 59,5 миллион нафар одамон беҷошудагон, 19,5 миллион аз ин шумора гурезагоне мебошанд, ки аз нисф зиёдашон кӯдакон ҳастанд. Бинобар, ин дар шароити мураккаб ва пуртаззоди муносибатҳои байналмилалии муосир масъалаи таъмини сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ба яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Инчунин, дар замони афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои экологӣ, терроризму экстремизм, муҳоҷирати иҷборӣ ва тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки роҳҳои нави таҳкими сулҳи пойдорро ҷустуҷӯ намоянд. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ боз як иқдоми муҳими ҷаҳониро пешниҳод намуд.

Хушбахтона 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории давлатҳои аъзо қатъномаро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» қабул намуд. Ин ташаббуси муҳим бо пешниҳоди “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” амалӣ гардида, ҳамчун иқдоми муҳимми байналмилалӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо арзёбӣ мешавад.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди фарҳанги муколама, таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими ҳамкории байни давлатҳо ва наслҳо мебошад. Ин ташаббус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, рушди устувор ва зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву оянда саъю кӯшиши муштарак намоянд.

Дар паёми шодбошии худ ба муносибати қабули ин қатънома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сулҳ танҳо маънои набудани ҷангро надорад. Ба таъкиди Пешвои миллат:

«Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.»

Ин суханон аҳаммияти амиқи сулҳро ҳамчун арзиши умумии башарӣ нишон медиҳанд. Сулҳи ҳақиқӣ танҳо дар шароите пойдор мемонад, ки дар ҷомеа адолат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми инсон ва имкониятҳои баробар барои ҳама таъмин бошад.

Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пеш аз ин низ Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо обрӯи баланд пайдо кардааст. Акнун пешниҳоди нави Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ нақши фаъол дорад.

Сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри 1994 қабул гардида, решаҳои амиқ дорад. Моддаи 11 эълон мекунад, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром мекунад» ва «ташвиқоти ҷанг»-ро манъ мекунад. Ин меъёр мавқеи устувори Тоҷикистонро дар пешгирии низоъҳо ва таъмини субот инъикос намуда, асоси ҳуқуқии ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро ташкил медиҳад. Инчунин, он бо ҳадафҳои қатънома барои таъмини муҳити амн ва устувор барои наслҳои оянда мувофиқ аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш ба он таъкид кардаанд. Гузашта аз ин, моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муайян намуда, таъкид мекунад, ки он «барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр нишон медиҳад, ки таъмини сулҳ ва суботи иҷтимоӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳадафи давлат буда, бо ҳадафҳои ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» барои пешгирии низоъҳо ва рушди устувор мувофиқ аст. Моддаи 5 Конститутсия аҳамияти бузург дорад, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ» эълон шуда, давлатро муваззаф мекунад, ин арзишҳоро ҳифз намояд. Ин принсип бо суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ, ки ба «шаъну шарафи инсон барои наслҳои ҳозира ва оянда» ишора кардааст, мувофиқ буда, нишон медиҳад, ки ташаббуси мазкур дар доираи арзишҳои конститутсионӣ амал мекунад. Ин асосҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар дохили кишвар низоми мукаммали ҳуқуқиро барои дастгирии сиёсати сулҳҷӯёна таҳия кардааст.

Дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи ваҳдатофаринии Тоҷикистон ҳамчун як падидаи нодири сиёсӣ эътироф гардидааст. Имрӯз сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Дарҳои кушод» мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод, ки тавонист дар дохили кишвари худ ваҳдати беназирро барқарор кунад, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Ин таҷрибаи арзишманди амалӣ, ки бо номи «тарҳи тоҷикии сулҳ ва ваҳдат» маъруф аст, имрӯз дар доираҳои илмию сиёсии ҷаҳон пазируфта шудааст. Донишгоҳи сулҳи СММ дар Коста-Рика ва Донишгоҳи давлатии Москва ин таҷрибаро ҳамчун курси махсус барои дипломатҳо ва магистрҳо таълим медиҳанд. Ҳамзамон, Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти САҲА дар Олмон онро мавриди таҳқиқи амиқи илмӣ қарор додааст. Дабири кулли собиқи СММ Кофи Аннан барҳақ таъкид намуда буд, ки тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро эҳдо намуданд. Илова бар ин, эътирофи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон гувоҳи нуфузи баланди Сарвари давлат аст.

Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон маҳз дар Созмони Милали Муттаҳид ва қабули қатъномаи махсус маънои онро дорад, ки як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти кунуниро, яъне барқарор намудани сулҳ дар рӯи Заминро ҳал кунад. Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷомеаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз аз якдигар пароканда гашта, ба чолишҳои бунёдии ҷаҳонӣ рӯбарӯ мешавад. Ин ҳолат ташвишовар буда, боиси пайдо гардидани муноқишаҳо, ҷангҳо, низоъҳо, нобоварӣ ва тафриқандозӣ дар байни башарият мегардад. Танҳо бо густариши фарҳанги сулҳ ҳамкорӣ байни кишварҳо ва минтақаҳо метавонад ба таври назаррас беҳтар гардад. Фарҳанги сулҳ муносибатҳои дипломатиро тақвият мебахшад, ки боиси пешгирии ҷангҳо ва таъмини амнияти умумӣ мешавад.

Ҳамин тариқ, қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ташаббус бори дигар нақши фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ, амният ва рушди устувор бозгӯ намуда, мақоми кишварро ҳамчун давлати ташаббускор ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким мебахшад.

Бояд қайд намуд, ки шуруъ аз соли 2000 бо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксарияти давлатҳои ҷаҳон чандин қарордоди муҳим қабул гардид, ки чунинанд:

Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза;

Солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»;

Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;

Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»;

Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

Соли 2027 – Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ва ғ..

Нақши Пешвои миллат дар пешниҳод, муаррифӣ ва пешбурди ин ташаббуси байналмилалӣ арзиши калидӣ дошта, маҳз сиёсати хирадмандона ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳодро дастгирӣ намояд. Қабули ин Қатънома на танҳо дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки саҳми арзишманд дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» метавонад ба таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, пешгирии низоъҳо, рушди устувор, густариши ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ва рушди ҳамаҷонибаи наслҳои имрӯзу оянда мусоидат намояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ташаббус на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона дорад.

Каримзода У.К. – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...