Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА - ИҚДОМИ САРИВАҚТӢ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲ ВА АМНИЯТИ БАШАР

Дар ҷаҳон ҳеҷ нерӯе қавитар аз сулҳ нест. Агар об омили табиии сарсабзии инсоният бошад, пас сулҳ омили маънавии сарсабзӣ, ҳастӣ ва бақои инсоният аст. Фарҳанги тоҷик фарҳанги сулҳпарвар аст. Мо дар таърих давронеро ёд надорем, ки миллати тоҷик боре ҷангҷӯӣ карда бошад. Мавзуи сулҳ яке аз мавзуъҳои муҳим дар эҷодиёти мутафакирони адабиёти классик ва муосири мо ба ҳисоб меравад. Мероси адабии пурғановати мо саршор аз тантанаи сулҳ буда, ҳамеша дар бораи аҳаммияти сулҳ, мазмун ва моҳияти сулҳ, ки дар ташаккул додани одамият ва рукнҳои ҷомеа аҳаммияти хоса дорад, сухан меравад. Агар мо ба фарҳангӣ ирфон назар афканем ба масъалаи сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, дурӣ ҷустан аз зӯроварӣ ва дар зиндагӣ бо сулҳу осоиш зистан бисёр диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин маврид чунин гуфтааст: «дар ин мазрааи зиндагӣ ғайр аз сулҳ, ишқ ва таҳаммулпарзирӣ чизи дигар набояд кошт».
Сулҳофарӣ яке аз нишонаҳои хирадмандӣ буда, таҳким ва густариши он аз сулҳофар ва хирадманд будани шахс гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ҳамин хусусият хоси фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Исботи нуктаи мазкур ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» шуда метавонад.
Ногуфта намонад, ки ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 пешниҳод гардид. Сипас, 25 июни соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро таҳти ҳамин унвон қабул намуда, солҳои 2027–2036-ро ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон кард.
Қабули қатъномаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳро асоси рушди устувор ва зиндагии шоистаи инсоният эътироф менамояд. Дар санад давлатҳои узви СММ уҳдадории худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон бори дигар таъкид намуданд.
Қатънома аз ҳадаф ва принсипҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид сарчашма гирифта, вазифаи муқаддаси «Наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» - ро ҳадафи асосии худ қарор медиҳад. Ҳамзамон, аҳаммияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳимми байналмилалӣ барои тарғиби сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва пешгирии хушунат таъкид шудааст.
Ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» фарогири самтҳои мухталифи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ муосир мебошанд. Аз қабили:
• таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ;
• пешгирии низоъҳо тавассути муколама, дипломатия ва мусолиҳа;
• рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ;
• густариши ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ;
• ҷалби ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои сулҳофаринӣ;
• таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо;
• ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои байналмилалӣ;
• мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии осоишта барои ҳамаи мардум.
Аз замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ташаббускори пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид буд. Масалан, ташаббусҳо вобаста ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор. Вале ташаббуси навбатӣ ба муҳимтарин арзиши башарият – сулҳ равона шудааст.
Мо мардуми сарбаланди тоҷик арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату якдилиро замоне дарк намудем, ки низоъҳои шадиди сиёсӣ ва даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем. Бинобар ин, мардуми мо он даҳшати ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки танҳо тавассути муколама, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсӣ метавон низоъҳоро ҳал намуда, заминаи рушди устуворро фароҳам овард. Аз ҳамин лиҳоз, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша бо ҷонибдорӣ пазируфта мешаванд.
Маҳз бо шарофати сулҳу амният, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ дар кишвари азизамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибихтиёр гузошта шуд. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии давлати соҳибистиқлоли моро ташкил дода, омили муҳимми оромиву осоиштагӣ, сарсабзиву хуррамӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд амалишавии меъёрҳои Қатьнома аз ин қишри ҷомеа вобастагии калон дорад. Дар Қатънома ба иштироки ҷавонон дар таҳкими сулҳ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шудааст. Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии рушди ҷомеа бояд дар тарғиби фарҳанги сулҳ, пешгирии ифротгароӣ, рушди муколама ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ фаъолона иштирок намоянд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ яке аз омилҳои муҳимми таъмини сулҳи пойдор мебошад.
Дар давоми беш аз 35 соли таҳаввулоти Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди асоснок ва ташаббусҳои созандаи байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ҷонибдори ҳамкории созанда дар арсаи ҷаҳон устувор гардонидааст. Ин ташаббусҳо на танҳо ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, балки ба муаррифии таърих, фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик низ мусоидат намудаанд. Арҷгузорӣ ба мероси орифон, донишмандон ва мутафаккирони тоҷик, инчунин, пешбурди ғояҳои сулҳу ваҳдат аз муҳимтарин самтҳои сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дастоварди муҳимми дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми арзишманди он дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ мебошад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки шарти асосии рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон аст.
Муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурии факултети №2 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия
Ғафурзода Далер Азалшо

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...