Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ИДОМАИ МАНТИҚИИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ

Масъалаи истифодабарии оқилонаи об яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бо мурури васеъ гардидани доираи истифодабарии об дар минтақаи ҷаҳонӣ танҳо барои обёрии боғу зироатҳо, балки ҳамчун қувваи ба ҳаракат дароварандаи мутаҳаррикҳо барои истеҳсоли қувваи барқ, коркарди фулузот дар корхонаҳои саноатӣ, қиммат ва вазифаи об хеле афзуд. Бахусус дар шароите, ки пешрафти ҳеҷ як ҷомеаро бе истифодабарии васеи манбаъҳои қуввадиҳанда тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Дар замони муосир масъалаи дастрасӣ ба оби тоза, ҳамчун унсури муҳими ҳаёт дар рӯи замин, аз доираи захираи табиат фаротар рафта, ба яке аз омилҳои умдаи амнияти байналмилалӣ, рушди устувор ва ҳамкориҳои фаромиллӣ табдил ёфта истодааст. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолии ҷаҳон, рушди босуръати шаҳрнишинӣ ва зиёд шудани талабот ба об боиси он мегардад, ки масъалаи идоракунии устувори захираҳои обӣ ба меҳварҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонӣ мубаддал шавад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир тавонист худро ҳамчун яке аз ташаббускорони асосии рӯзномаи ҷаҳонии об муаррифӣ намояд.
Боиси ифтихор ва саодати бузург аст, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум инҷониб иқдомҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва дигар масоили глобалии экологӣ, ба монанди «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025), «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (солҳои 2025-2034), «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» (соли 2025), «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» (соли 2025) ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» (соли 2025) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Эълони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки 26 майи соли 2026 зимни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, марҳилаи нав дар соҳаи оби Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тибқи эъломия, ҷоиза барои саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об пешбинӣ шудааст.
Таъсиси ин ҷоиза дар замоне сурат гирифта истодааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти бесобиқаи об ва тағёирёбии иқлим рӯ ба рӯ мебошад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон ва арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, миллиардҳо нафар аҳолии ҷаҳон то ҳол ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои санитарӣ дастрасии пурра надоранд. Аз ин лиҳоз, дар чунин шароит масъалаи идоракунии самараноки захираҳои обӣ аҳаммияти стратегиро касб мекунад.
Қайд кардан зарур аст, ки Ҷоизаи навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро наметавон танҳо ҳамчун як мукофоти рамзӣ арзёбӣ кард. Ин ҷоиза ба воситаи нави дипломатияи байналмилалӣ табдил меёбад, ки метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва ташаккули фарҳанги нави истифодаи устувори об мусоидат намояд. Маҳз ҳамин хусусият онро аз бисёр ҷоизаҳои байналмилалии мавҷуда фарқ мекунад.
Бояд қайд кард, ки имрӯз дар ҷаҳон якчанд ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи об мавҷуданд.
Дар ҳамин замина, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус ба дипломатияи об, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули сиёсати устувори обӣ аз дигар ҷоизаҳо фарқ мекунад. Агар аз рӯи воқеият назар андозем, дар асл, таъсиси ин ҷоиза идомаи мантиқии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об мебошад. Тоҷикистон тавонистааст як мавзуъи мушаххаси глобалиро на танҳо ба меҳвари сиёсати дохилӣ-хориҷии худ, балки кишварҳои ҷаҳон табдил диҳад.
Аз ин лиҳоз, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи обро метавон ҳамчун қадами навбатӣ дар роҳи ниҳодикунонии дипломатияи обии кишвар арзёбӣ кард.
Хулоса, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об на танҳо иқдоми муваффақ, балки воситаи стратегии хеле муассири сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи байналмилалии кишвар мебошад, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ гардид. Он дар дар шароите, ки тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои обӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими асри XXI табдил ёфтааст, амалӣ гардида, мисли тири банишонрасида мемонад. Аз ин рӯ, чунон ки пештар ҳам зикр намудем, ҷоиза идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои об буда, метавонад ба таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва пешбурди ҳалли мушкилоти глобалии об мусоидат намояд.


Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ
ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,
подполковники милитсия Шарифзода П.Р.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...