Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БА ТАШАББУСИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036»

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва содир гардидани Катъномаи Маҷмаи умумии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ зери унвони «Солҳои 2027–2036 – Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аҳаммияти басо муҳимми байналмилалӣ дорад. Ин танҳо як барномаи одии эъломиявӣ набуда, балки як даъвати сартосарӣ барои таҳияи консепсияи нави «Сулҳи устувор» аст, ки на танҳо ҷангро маҳкум менамояд, балки барои пешгирии хатарҳои ҷаҳонӣ, ки низоъҳои байнидавлатӣ ба бор меоваранд ва боиси талафоти насли ҷавони сайёра аст, барои ояндаи башарият хеле хатарзо боқӣ мемонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи 5 ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва иқлим мебошанд. Аз баски об унсури асосии амният ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ аст, ташаббусҳои Тоҷикистон ба монанди «Даҳсолаи амал: Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мустақиман ба таҳкими сулҳ нигаронида шудаанд. Дар Даҳсолаи нави сулҳ (2027-2036) чуноне ки бар меояд, Тоҷикистон пайванди мустақими байни «Иқлим, Об ва Сулҳ»-ро ҳамчун самти стратегӣ пеш мебарад.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин раванд, чолишҳои мавҷуда ва роҳҳои амалисозии ҳадафҳои он барои ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда хеле калон мебошад.
Мавриди таъкиди хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои муҳими байналмилалиро, аз ҷумла дар самтҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ гардидаанд. Дар шароити мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз ташаббусе, ки ба таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона шудааст, аҳамияти вижа касб мекунад. Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Илова бар ин, қабули ин ҳуҷҷати муҳим аз нигоҳи сиёсӣ бозгӯи сатҳи баланди эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии муваффақ, сулҳҷӯёна ва созандаи давлат арзёбӣ мегардад. Аз нигоҳи таърихӣ низ қабули ин Қатънома дар марҳалае сурат гирифт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими сулҳу субот, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда ниёз дорад. Аз ин рӯ, аҳаммияти он аз доираи як санади байналмилалӣ фаротар рафта, метавонад ҳамчун заминаи муҳими таҳкими муколамаи байни давлатҳо, густариши эътимоди мутақобила ва ташаккули фарҳанги нави муносибатҳои байналмилалӣ хизмат намояд.
Ҳамин тариқ, қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Нақши Пешвои миллат дар пешниҳод, муаррифӣ ва пешбурди ин ташаббуси байналмилалӣ арзиши калидӣ дошта, маҳз сиёсати хирадмандона ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди дастгирӣ намояд. Қабули ин Қатънома на танҳо дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки саҳми арзишманд дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ
ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,
подполковники милитсия Шарифзода П.Р.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...