Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об – арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии об
Ҷоизаи байналмилалии об ба хотири гиромидошти як ҷузъи табиии табиат ҳамчун манбаи ҳаёти тамоми мавҷудоти рӯйи замин ва арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии об ба шумор рафта, эълони он ҳаққи мутлақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, сарвари он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон мебошад. Чунки дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об қарибки ботамом аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд ва хушбахтона аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд ва метавон гуфт, ки ташаббусҳои мазкур дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва ҳифзи пиряхҳо нақши амиқ ва муассир гузошта истодаанд.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии об, аз қабили «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушти устувор, солҳои 2018-2028» (2016), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (аз соли 2022) ба шумор меравад, ки дар пайи амалинамоии чунин ташаббусҳо садҳо чорпабиниҳои илмию амалӣ, аз ҷумла, конфронсу симпозиумҳо, нишастҳои расмию машваратҳо доир гардида, шартномаҳои бисёрҷониба, стратегия ва консепсияҳои давлатӣ қабулу ба имзо расидаанд ва рӯйи кор омадаанду амалӣ гардида истодаанд.
Метавон паҳлуҳои гуногуни Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро тасниф ва тавсиф кард, аммо вобаста ба мавқеъ мо аҳаммияти ҷоизаи мазкурро дар арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии об, ки дар боло зикр гардидаанд ва пешниҳодкунандаи онҳо Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, баррасӣ менамоем.
Вобаста ба ин, зикр ба маврид аст, ки ҳадафи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин, ҳалли масоили глобалии об ва тағйирёбии иқлим мебошад.
Эълони ҷоизаи мазкур идомаи матиқии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад. Он ба раванди корҳои ташкилӣ-ҳуқуқии соҳавӣ тақвият бахшида, ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки нақши кишвари ташаббускорро дар ҳалли масоили об бо тамоми ҳастӣ эҳсос намоянд. Ҳамчунин, иқдоми мазкур аз он далолат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик дар амалӣ кардани мақсадҳои хеш ба таври усутвор қадам мегузорад, боварибахш сухан мегуяд, имконпазир пешниҳод манзур мекунад, башардӯстона ташаббус менамояд ва хирадмандона кору пайкор нишон медиҳад.
Ҷоизаи арзишманди эълоншуда дар соҳаи об метавонад, ки самараи бадастовардаи давлат ва ҷомеаи ҷаҳониро оид ба ҳалли масоили обу иқлим муаррифӣ намуда, корҳои амалишуда ва барномавиро дар ду даҳсолаи охир ва дар алоқамандӣ ба ташаббусҳои қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҷамъбаст намояд. Зеро беҳтарини корҳои илмию таълифӣ аз натиҷагирии корҳои басомонрасонидашуда дар радифи ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба об истисно буда наметавонанд. Пешниҳодҳое, ки оянда аз ҷоизадорони «Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» манзур мешаванд, бо боварии комил метавон гуфт, ки бояд дар ҳалли масоили соҳавӣ нақши амиқ ва созгор гузоранд. Эҳтимолан, боиси ташаббусҳои нави сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об гардиданашон низ дар назар мебошад.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар алоқамандӣ ба арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об қабул гардидааст. Дар алоқамандӣ ба ин, ба хотири дарки амиқи масъала, бинобар мушкиллии зиёди пазируфтани пешниҳод оид ба ҳалли масъалаи башарӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, бояд гуфт, ки пазироии ташаббус кори осон ва саҳл нест. Яъне, муқоисаи соли (вақти) пешниҳоди ташаббус ва соли расман қабул шудани онро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мушоҳида намуда, дар ин давом оид ба амалишавии як қатор корҳо ба хотири қабули ташаббус бояд аҳаммияти ҷиддӣ равона кард ва бовар намуд, ки воқеан сиёсати созанда ва сулҳҷуёнаи Сарвари давлати тоҷикон бо дарназардошти ҷой доштани кадом бархӯрдҳою мураккабиҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад.
Ҳар як ташаббуси байналмилалии пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, аҳаммияти хосси стратегӣ ва геополитикӣ, дипломатияи байналмилалӣ, ҳалли масоили башарӣ ва тараннуми сулҳу суботро дар бар гирифта, дар алоқамандӣ ба мавҷудияти баррасӣ дар зинаҳои мазкури корбарӣ барои ҳар яке ба вуҷуд омадаанд:
1. Ин ташаббусҳо ба ҳалли масоили башарӣ нигаронида шуда, аз ҷониби шахси хирадманде манзур шудаанд, ки воқеан меҳвари калидии сиёсат ва идоракунии давлатии давлати Ӯро волоарзишии сулҳу субот, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиёсати дарҳои кушод ва эътирофи тамомияти арзии дигар давлатҳо ташкил менамояд.
2. Ташаббусҳо дар минбари баланди созмони бонуфӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид бо мазмун ва лаҳни пурраю фораме ба таваҷҷӯҳи иштирокдорон расонида шудааст, ки ба ғайр аз овоздиҳӣ ба лоиҳаи пешниҳод мавқеи дигарро ба онҳо имконнопазир сохтааст.
3. Роҳбарияти вақтӣ ва феълии созмони ҷаҳонӣ (СММ) ташаббусҳои наҷибро роҳи ҳалли масоили соҳавии башарӣ эътироф намуда, барои корбарӣ ва баррасӣ дар ҷаласаи созмон қабул намудаанд.
4. Далатҳо-аъзоёни Созмони Милали Муттаҳид рӯзномаи ҷаласа ва қарордоди онро ҳар яке ба муддати дароз муҳокима ва баррасӣ намуда, ризоияти хешро барои ба таври расмӣ қабул намудани ташаббусҳо пешниҳод намудаанд.
5. Созмони Милали Муттаҳид мавқеъгирии давлат-аъзоёнро ҷиҳати розигии онҳо ба қабули ташаббус натиҷагирӣ намуда, бо қабули қатъномаи хеш ба таври расмӣ ташаббусро қабул ва эълон медорад.
Бояд гуфт, ки ҳар як ташаббусе, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, бо овоздиҳӣ ва ризоияти шумораи зиёди давлат-аъзоёни ин созмони бонуфӯзи ҷаҳонӣ қабул шудаанд. Ҳарчанд ки дар замони бархурди манфиатҳои миллию байналмилалӣ давлатҳои ҷаҳон метавонанд барқасдона мавқеи холисӣ ё муқобилро новобаста аз арзишмандии ташаббус ва нақши он дар ҳалли масъалаи башарӣ пеша намоянд.
Аз ин бар меояд, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об воқеан ба хотири арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии об қабул ва эълон шудааст. Гиромидошти арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии об, бахусус, аҳаммияти Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро ҷиҳати арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии об ба андозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон ҳеҷ каси дигар дарк наменамояд. Чунки дар саргаҳи пешниҳоди ташаббусҳо, муаррифии онҳо, водор намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти амиқи ташаббусҳо ва нақши онҳо дар ҳалли масоили башарӣ, роҳандозии чорабиниҳо оид ба амалигардонии талаботи ташаббусҳои қабулгардида, қабули барномаю стратегияҳои давлатии соҳавӣ ва муаррифии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, бахусус, уҳдадориҳое, ки аз муқаррароти қатъномаҳо оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меоянд, маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишастаанд.
Ҳамин тавр, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об бо боварии комил метавон гуфт, ки таваҷҷӯҳи муҳақиқон ва ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии соҳавиро ҷиҳати таҳкими омӯзиши масъалаҳои марбут ба об бештар гардонида, раванди мубодилаи технологияҳо ва ҷалби сармоягузориро барои ҳифзи пиряхҳо ва дастрасӣ ба оби тоза тақвият мебахшад.
Эълони Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об барои миллати тоҷик ифтихор аст. Ифтихор аз гиромидошти манбаи ҳаёт, ифтихор аз гиромидошти ташаббусҳои қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, ифтихор аз ташаббусҳои хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллати хеш, ифтихор аз арҷгузорӣ ба ташаббусҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ наинки эътироф, балки вобаста ба онҳо дар сиёсати давлаташон чораандешиҳоро роҳандозӣ мекунанд, ифтихор аз дӯрнамои тақвияти соҳавӣ баҳри солим нигоҳ доштани башарият, ҷомеа, ҳифзи иқлим ва ҳавои атмосфера.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти маъмурии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и.ҳ., подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н.







































































































































































