АҲАМИЯТИ ИНСТИТУТИ АВФ ВА МЕХАНИЗМ МУРОФИАВӢ-ҶИНОЯТИИ ТАТБИҚИ ОН: МУАММОҲОИ ТАНЗИМИ ҚОНУНӢ ВА АМАЛИЯИ ҲУҚУҚТАТБИҚНАМОӢ
Дар давлати муосир санади авф ин танҳо воситаи татбиқи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ нест, ин ҳамзамон нишондиҳандаи сатҳи инсондӯстонаи ҷамъият ва устувории низоми ҳуқуқӣ мебошад. Бинобар ин, иқдоми неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷорӣ намудан ва минбаъд қабул кардани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 таҳти № 2257 бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ин намунаи ибрати паҳн намудани принсипи адолат ва раҳмдилӣ дар сатҳи олии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Аммо, новобаста аз он, ки санади авф дар низоми ҳуқуқии давлатҳои муосир мунтазам истифода бурда мешавад, татбиқи он ҳоло ҳам сарчашмаи устувори муаммоҳои назария ва амалия маҳсуб меёбад. Таҳлили қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ собит менамояд, ки авф расман ҳамчун озод кардани шахс аз ҷавобгарӣ ё ҷазои ҷиноятӣ маҳсуб меёбад, аммо механизми татбиқи он дар мурофиаи ҷиноятӣ меъёран қисман ё нопурра ба танзим дароварда шудааст.
Ҳолати мазкур ба он оварда мерасонад, ки масъалаҳои калидии татбиқи авф – лаҳзаи қатъ кардани таъқиби ҷиноятӣ, ҳаҷми исботи мурофиавӣ, ҳадди ихтиёрии муфаттиш ва суд, инчунин кафолатҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ – феълан аз тарафи субъектони ҳуқуқтатбиқнамоӣ вобаста аз муносибати ихтиёронаи онҳо ҳал мешавад, аммо на аз рӯи тартиби мурофиавии аниқи он. Дар натиҷа амалияи суддӣ-тафтишотӣ ҳархела сурат гирифта истодааст, ки ин ҳуқуқтатбиқнамоии ягонаро дар мурофиаи ҷиноятӣ таъмин намекунад.
Дар адабиёти илмии муосир авф бештар ҳамчун институти ҳуқуқи ҷиноятӣ ба шумор меравад, ки он бо амалӣ намудани принсипи гуманизми сиёсати ҷиноятии давлат алоқамандӣ дорад. Аммо, чунин муносибат имкон намедиҳад, ки хусусияти оқибатҳои мурофиавии авф танҳо дар доираи мурофиаи ҷиноятӣ тавассути қарорҳои субъектони ваколатдор маънидод карда шавад.
Дигар хел карда гӯем, моҳияти моддӣ-ҳуқуқии авф наметавонад, ки берун аз шакли мурофиавӣ амалӣ карда шавад. Маҳз барои ҳамин чунин ба назар мерасад, ки баррасии авф ин на танҳо институти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, пас механизми мустақили мурофиавии ҷиноятӣ барои қатъ намудани таъқиби ҷиноятӣ низ мебошад. Мавҷуд набудани дарки системавии илмии ин механизм якқатор муаммоҳоро эҷод мекунад, ки онҳо табиати мурофиавии хоси худро дорад. Баррасии авф танҳо дар доираи доктринаи ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ ба соддагардонии табиати ҳуқуқии он оварда мерасонад.
Дар маънои моддӣ-ҳуқуқӣ авф дар ҳақиқат ҳамчун санаде баромад мекунад, ки он оқибатҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқии кирдори содиршударо сабук ё истисно менамояд. Аммо, татбиқи феълии ин санад имконнопазир аст бидуни шакли мурофиавии ҷиноятӣ.
Дар мурофиаи ҷиноятӣ авф дар мадди аввал ин асос барои қатъ намудани таъқиби ҷиноятӣ мебошад (банди 4 қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ё барои озод кардани шахс аз ҷазо, ки ин қабули қарори мурофиавиро аз тарафи мақомоти ваколатдор тақозо менамояд. Мутаносибан, аҳамияти ҳуқуқии он танҳо бо қабули қонуни авф маҳдуд намешавад, балки бо татбиқи он оид ба парвандаи аниқи ҷиноятӣ рабт дорад.
Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки авф дар мурофиаи ҷиноятӣ аҳамияти функсионалии мустақили худро ба даст меорад ва он на танҳо чун асоси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ҳамчун воситаи мурофиавии таъқиби ҷиноятӣ бе баровардани ҳукми айбдоркунӣ баромад мекунад.
Дар баробари ин дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии амалкунанда тарҳи (модели) махсуси мурофиавӣ вуҷуд надорад, ки он аниқ тартиби татбиқи авфро танзим намояд. Қонунгузор бо ишора ба авф ҳамчун асос барои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ маҳдуд намуда, алгоритми мурофиавии татбиқи онро шарҳ надодааст. Ин якқатор маҷмуи муаммоҳоро ба вуҷуд овардааст, масалан дар: а) набудани фаҳмиши ягонаи лаҳзае, ки аз он давра бояд авф татбиқ гардад – дар марҳилаи оғози парвандаи ҷиноятӣ, тафтишоти пешакӣ, муҳокимаи судӣ ё иҷрои ҳукм; б) масъалҳои ҳамгироии авф бо уҳдадории мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба муайян кардани ҳодисаи ҷиноят ва гунаҳкории шахс танзим карда нашудааст; в) ҳадди ихтиёрии мурофиавии муфаттиш ва суд зимни қабули қарор оид ба татбиқи авф муайян нашудааст.
Ҳамин тариқ, аллакай дар гузоштани масъалаи умумии муаммоҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки байни табиати моддӣ-ҳуқуқии институти авф ва набудани танзими мурофиавии он мухолифатҳои фундаменталӣ мавҷуд ҳастанд. Маҳз ҳамин нуқсонҳо мушкилиҳои амалиявиро ба вуҷуд меоранд. Мутаносибан, тадқиқоти минбаъдаи илмӣ ҳам ба инъикоси авф ва ҳам ба ошкор кардани хусусиятҳои механизми татбиқи мурофиавии ҷиноятии он бояд равона карда шавад.
Дар фарҷоми суханҳои боло, қайд менамоем, ки новобаста аз баъзе муаммоҳои дар фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ҷойдошта дар ин самт, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки дар натиҷаи иқдоми неки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 июни соли 2026 ба тасвиб расонида шудааст, ин як қадами амиқи дурандешӣ аст, ки стандартҳои инсондӯстии баландро бо мулоҳизаҳои қатъии ҳуқуқӣ муттаҳид мекунад.
Саривақтии чунин ташаббус бараъло маълум аст – дар арафаи ҷашни 35- солагии истиқлолият, Сарвари давлат тавассути изҳор намудани раҳмдилӣ (инсондӯстӣ) барои ислоҳшавии шаҳрвандон ба онҳо имконияти дуюм медиҳад. Татбиқи бомуваффақияти Қонун, ки аз ҷониби барномаҳои шуғл ва маориф дастгирӣ мешавад, ба таҳкими волоияти қонун, афзоиши эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии
факултети № 2 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
н.и.ҳ., полковники милитсия Тоҳирзода О.Т.







































































































































































