Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ масъалаҳои сулҳ, амният ва рушди устувор аҳамияти бештар касб намудаанд. Афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, буҳронҳои иқтисодӣ ва экологӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки роҳҳои нави ҳамкориро барои ҳифзи сулҳи пойдор ҷустуҷӯ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар ин раванд бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда мавқеи арзанда дорад.
Бо сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ташаббускори масъалаҳои муҳими глобалӣ табдил ёфтааст. Агар ташаббусҳои марбут ба об ва иқлим ба ҳалли масъалаҳои экологӣ нигаронида шуда бошанд, пас пешниҳоди эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ба ҳифзи муҳимтарин арзиши инсоният – сулҳ равона гардидааст.
Сулҳ яке аз арзишҳои бузурги тамаддуни башарӣ мебошад. Дар шароити сулҳу субот давлатҳо метавонанд иқтисодиёти худро рушд диҳанд, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардоранд ва барои рушди илму маориф, фарҳанг ва технология заминаи мусоид фароҳам оваранд. Баръакс, ҷанг ва нооромӣ боиси хароб гардидани зерсохторҳо, коста шудани иқтисодиёт ва аз байн рафтани арзишҳои инсонӣ мегарданд.
Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ бояд ба яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёбад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон давраи бисёр вазнини ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, давлат ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.
Ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун намунаи ҳалли мусолиматомези низоъҳо эътироф шудааст. Маҳз ҳамин таҷриба заминаи пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар самти таҳкими сулҳ ташкил медиҳад.
Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аҳамияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона дорад. Ҳадафи асосии он муттаҳид намудани талошҳои давлатҳо барои пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва тарбияи насли дорои масъулияти баланд дар назди ҷомеа мебошад.
Ҷавонон ояндаи ҳар як миллат мебошанд. Агар онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ тарбия ёбанд, ҷомеа метавонад сулҳу суботи худро барои солҳои зиёд ҳифз намояд. Аз ин лиҳоз, ташаббуси Тоҷикистон ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷавонон аҳамияти махсус медиҳад. Иштироки ҷавонон дар форумҳо, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ метавонад ба рушди фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон мусоидат намояд.
Ташаббуси Пешвои миллат на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Имрӯз ҷаҳон ба ҳамкории бештари давлатҳо, таҳкими эътимоди байниҳамдигарӣ ва дипломатияи пешгирикунанда ниёз дорад.
Бо татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда имконият фароҳам меояд, ки сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият ёфта, заминаи боэътимоди сулҳи пойдор гузошта шавад.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда боз як саҳми арзишманди кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҷонибдори сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда буда, омода аст таҷрибаи худро дар роҳи таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ мубодила намояд.
Имрӯз ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи давлатҳо нест, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Бо муттаҳид сохтани кӯшишҳо, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва рушди фарҳанги муколама метавон барои наслҳои имрӯзу фардо ҷаҳони орому амнро таъмин кард. Аз ин рӯ, ташаббуси Пешвои миллат аҳамияти таърихӣ дошта, метавонад дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад.

Муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Муҳитдинзода Фазлиддин Муҳитдин.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...