Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”

Дар ҷаҳони муосир масъалаи таҳкими сулҳу субот, таъмини амният ва ҳамкории созандаи байни давлатҳо ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар пайваста ташаббусҳои созанда ва инсондӯстонаро дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод менамояд. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди рӯзномаи сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб гардидааст.
Яке аз ташаббусҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон пешниҳоди эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт ва аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона дорад. Дар шароите, ки ҷаҳон бо муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими сулҳ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Маҳз бо дарназардошти ин воқеият Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаро пешниҳод намуд. Ҳадафи асосии ин ташаббус муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо, таҳкими муколамаи байни халқҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯза ва оянда мебошад.
Тоҷикистон худ намунаи равшани расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, бо хиради сиёсӣ ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардида, заминаи рушди устувори давлат фароҳам омад.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути музокирот дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти сулҳ ба таҷрибаи воқеии кишвар такя мекунанд. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, рушди таҳаммулпазирӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда равона гардидааст.
Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои муҳими ташаббуси Тоҷикистон иштироки фаъолонаи ҷавонон дар равандҳои сулҳофарӣ мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, рушди тафаккури созанда, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мераванд.
Ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ гардид. Ин иқдом ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ин ташаббус имконият фароҳам меорад, ки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва таҳкими сулҳи пойдор ҳамкории худро густариш диҳанд. Ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда далели сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин ташаббус на танҳо манфиатҳои як давлат, балки манфиатҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳониро дар бар гирифта, ба ҳифзи сулҳ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои оянда равона шудааст. Ҳифзи сулҳ вазифаи муштараки тамоми инсоният мебошад ва Тоҷикистон омода аст минбаъд низ дар ин самт нақши созанда ва пешоҳангро идома диҳад.

Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Давлатзода Саидмуҳаммад Мустафо.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...