Тоҷикистон –ташаббускори таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ:аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда
Дар ибтидои асри XXI инсоният бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, экстремизм, муҳоҷирати иҷборӣ, камбизоатӣ ва тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидааст. Ин равандҳо нишон медиҳанд, ки сулҳ дигар танҳо масъалаи дохилии давлатҳо набуда, балки арзиши умумибашарӣ ва омили муҳими рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаро пайгирона амалӣ менамояд. Яке аз иқдомҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон ташаббуси эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда мебошад. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон буда, ба муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳи пойдор ва пешгирии низоъҳо равона гардидааст. Тоҷикистон дар таърихи навини худ роҳи душвори расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро тай намудааст. Таҷрибаи барқарор намудани сулҳ баъди ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки танҳо тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш метавон суботи сиёсӣ ва рушди устуворро таъмин кард. Имрӯз ин таҷриба ҳамчун мактаби сулҳофарӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар сулҳу суботро ҳифз мекунад, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ташаббусҳои муҳимеро барои густариши фарҳанги сулҳ пешниҳод менамояд.
Ташаббуси эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аз зарурати тақвияти ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сарчашма мегирад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин ташаббус таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон мебошад. Насли ҷавон бояд ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди сулҳофарӣ тарбия ёбад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ барои пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили ифротгароӣ ва хушунат, аҳамияти калон дорад.
Бо татбиқи барномаҳои таълимӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон метавон заминаи устувори сулҳи ояндаро фароҳам овард. Таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки бе сулҳу субот расидан ба пешрафти иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сулҳ ҳамчун асоси татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудааст. Ташаббуси Тоҷикистон ба давлатҳо имкон медиҳад, ки тавассути ҳамкории судманд дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми бештар гузоранд. Ин иқдом ба рушди дипломатияи пешгирикунанда, таҳкими эътимод байни халқҳо ва густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мусоидат менамояд. Таҳкими сулҳи пойдор танҳо бо кӯшиши як давлат имконнопазир аст. Барои ҳамин иштироки фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавӣ, ниҳодҳои илмӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои даҳсола аҳамияти калон дорад. Ин ҳамкорӣ метавонад ба таҳияи стратегияҳои нав оид ба пешгирии низоъҳо, баланд бардоштани фарҳанги муколама ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ мусоидат намояд. Ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда бозгӯи сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ташаббус аҳамияти бузурги байналмилалӣ дошта, ба таҳкими амният, рушди ҳамкориҳои созанда ва тарбияи насли дорои фарҳанги сулҳ мусоидат мекунад. Имрӯз вазифаи ҳар як давлат, созмон ва ҳар як инсон аз он иборат аст, ки дар ҳифз ва таҳкими сулҳ саҳмгузор бошад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу субот метавон ҷомеаи пешрафта, иқтисоди устувор ва зиндагии шоистаро барои наслҳои имрӯзаву фардо таъмин намуд.
Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Некрузи Ҳукматали.







































































































































































