ВАҲДАТИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТ ВА ЗУРАТИ ҲИФЗИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Мафҳуми Ваҳдат дар сарчашмаҳо, фарҳангҳо ва дигар мадракҳои таърихӣ ба маъно ва мазмуни хос ва ҷанбаъҳои гуногун ифода ёфтааст:
- ҷанбаи иҷтимоӣ, миллӣ ва умумиинсонӣ;
- ҷанбаи мазҳабиву эътиқодӣ;
- қонсепсияи фалсафӣ-сиёсии Ваҳдат.
Албатта, чунин ҷанбаҳои мафҳуми Ваҳдат бо ҳам робитаи амиқро доро буда, дар ҳамбастагӣ шарҳу тавзеҳи мукаммали ин арзиши муқаддасро комил мегардонанд.
Вожаи Ваҳдат дар фарҳангҳо ва луғатномаҳо, аз ҷумла дар «Ғиёс-ул-луғот», «Мунтахаб-ул-луғот», луғатномаи «Деҳхудо» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ба маънои ягонагӣ, иттиҳод, муттаҳидиву сарҷамъӣ зикр ёфтааст.
Ин мафҳум арзишҳоеро таҷассумменамояд, киаслизиндагиишоиста, бунёдиҷомеаисолимвадавлатроташкилмедиҳанд. Ваҳдат ҳамчун раванди муттасил ҳамеша тақвиятро тақозо менамояд, то ки вазифаи муҳимми хеш – ҷовидонииормонҳои миллиро таъмин намояд. Ваҳдат муқаддасбуда, такаббур, бартариятҷӯӣ ва кинаву адоватро намепазирад.
Аз нуқтаиназарифалсафӣ, натанҳодарнизомидавлатдорӣ, кибақонунҳоиҷузъииҷамъиятӣ имрӯзбештартакямекунад, балкидарқонунҳоикуллиифалсафӣ, кибатамомиоламиҳастӣазҷумла, баҷамъиятхос аст ваинягонагӣсарчашмаимавҷудият, қиматуарзишиҳастӣдоштанвазиёдаазинрушдкарданмебошад.
Дуруст аст, ки калимаи ваҳдатмаънои ягонагиро дорад, аммо дар осори пурғановатинамояндагониилмӣ-адабиимиллатитоҷик, кидарягонагӣмезист, калимаииттифоқ, якпорчагӣваамсолиинҳозиёдистифодамешуд, киазгустаришиваҳдатдартӯлиасрҳогувоҳаст.
Истилоҳоте, киазкалимаиваҳдатбармеоянд, дарфалсафаитоҷику форсшаклиилмӣгирифтаанд, бамонандиваҳдатимиллӣ, ваҳдатимаънавӣвағайра. Инҳоистилоҳотҳоихушкухолӣнестанд, зеро дарҳарформатсияҳоиҷамъиятӣмаҳзҳаминандешаҳоибузургуфаррох ҷараёнуравияҳо, шаклҳоигуногунишууриҷамъиятиробароиягонагиимиллатбаҳамовардатавонист. Инбаҳамоӣ, пешазҳама, азхирадиазалиигузаштагонимогувоҳӣмедодвадарҷомеаиимрӯзаниз дар таълимоти сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат таҷассуми худро ёфтаанд (Р.Ҳ. Раҳимзода. Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, “Эр.Граф” 2025. С. 127).
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар охири асри ХХ бо дасисаву хиёнати нотавонбинони миллату давлат, заъфи тафаккури давлатӣ, боло гузоштани манфиатҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ аз манофеи милливу давлатӣ, бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ гардидани бархе аз шаҳрвандон ба буҳрони амиқи сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид, ки паёмадҳои ногувореро бо худ овард.
Бинобар ин, ягона роҳи наҷоти миллату давлат аз парешонӣ ва нобудии сиёсӣ, ҳамоно таъмини сулҳу Ваҳдат ба ҳисоб мерафт.
Бо дарки чунин фалсафаи ҳастии миллату давлат ва наҷоти он аз хатари заволёбӣ, шахсияте бо номи Эмомалӣ Раҳмон – чеҳраи мондагори миллат, наҷотбахши давлатдории миллӣ аз хатари нобудӣ, инсони некбин ва нексиришт ба мақоми Роҳбари давлат интихоб гардид.
Зуҳури шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шурои Олӣ ва минбаъд Президенти кишвар, амри тақдир ва зарурати таърихӣ арзёбӣ мегардад.
Ин шахсияти таърихӣ ва наҷотбахши миллату давлат бо хиради азалии тоҷикона, ҷасорати миллӣ, истифодаи таҷрибаи ғановатманди миллӣ ва байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, сулҳу Ваҳдатро дар кишвар таъмин намуд.
Барои соҳиб гардидан ба ин дастоварди таърихӣ, ки роҳи пурпечу мураккабиҳои зиёдро бо худ дошт, истифодаи омилҳои ваҳдатсоз дар он аҳаммияти калидиро доро мебошанд:
Таърихи халқи тоҷик собит намудааст, ки тоҷикон дар ҳама давраҳои таърихӣ бо ақлу заковат, созандагӣ ва маърифату фарҳанг рӯзгори ибратбахш аз сар гузаронида, тараннуми сулҳу Ваҳдат, оромиву субот ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб намуда, амалан таҷассум сохтаанд. Яъне, миллати тоҷик дар таърих ҳеҷ гоҳ ба муқобили давлатҳо, халқу милллатҳо ва фарҳангу арзишҳои дигарон ҳуҷум накарда, беэҳтиромӣ анҷом надодааст. Вале як масъала низ хело муҳим аст, ки аҷдодони миллати тоҷик ҳамеша муборизи роҳи истиқлолу ҳифзи миллату давлати хеш буда, намунаҳои барҷастаи қаҳрамониву родмардиҳоро доро мебошад.
Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихи давлатдорӣ, ҷасорат, матонат, баровардани қарорҳои қатъӣ, истодагарӣ намудан дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва манфиати миллату давлатро аз ҷони худ боло гузоштан, дар амал, рафтор ва гуфтори Пешвои муаззами миллат омили бақои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон гардид. Мисоли равшани суханони мазкур, сафарҳои Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати иштирок дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон, ки дар ҳассостарин минтақаҳои кишварҳои ҳамсоя, бахусус Афғонистон баргузор гардиданд, буда метавонанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки зиёиён, олимону донишмандон, шоирону нависандагон, омӯзгорону аҳли адабро дар атрофи ғояҳои ваҳдатсози хеш гирди ҳам муттаҳид сохта, онҳоро ҷиҳати тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш сафарбар намоянд.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло низ дар таҷрибаи ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат масъалаи ҷалби аҳли зиёи кишвар дар ин ҷода, дар мисоли фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шахсан Пешвои муаззами миллат бар уҳда доранд, ҷойгоҳи хосса дорад.
Таҷрибаи раванди сулҳи байни тоҷикон, бахусус давраҳои музокироти он, ки дар кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон сурат гирифтанд, собит месозад, ки масъалаи таҳаммулпазирии Пешвои муаззами миллат, гузаштҳои сиёсӣ ва роҳандозии таҷрибаи авф, яке аз муҳимтарин омилҳои расидан ба сулҳу Ваҳдат мебошанд. Чунки, рафтор, гуфтор, амал, хирад, заковат ва таҳаммулпазирии Пешво намебуд, раванди гуфтушунидҳо ва натиҷаҳои он ба чолишҳои амиқ кашида мешуданд, ки дар натиҷа душманони миллат аз он озодона сӯиистифода менамуданд. Гузаштҳои сиёсӣ ва тадбиқи авф бошанд, далели тафаккур ва андешаи дурбинона ва оянданигарии Сарвари давлат мебошад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки тарроҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дорои зарфиятҳои хос аст:
- имзои сулҳи байни тоҷикон тавонист, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшад.
Албатта мо аз таърихи ҷангҳои шаҳрвандӣ, муноқишаву низоъҳои милӣ ва минтақавӣ огоҳем, ки на дар ҳама ҳолат бо имзои сулҳ, ҷангҳо хотима меёбанд. Аммо таърихи муосири Тоҷикистон шоҳиди он аст, ки иродаи шикастнопазири Пешвои муаззами миллат, асоси пойдории Созишномаи сулҳи байни тоҷикон гардид.
- аз вартаи парешонии миллат, нобудии давлат ва тобеи дигарон гардидан, Тоҷикистонро раҳо бахшида, Истиқлоли воқеиро таъмин сохт.
Аҳаммияти рӯзафзуни Ваҳдати миллии тоҷикон дорои хусусиятҳои хос мебошад, ки таъсири он натанҳо барои як миллат ва ё давлат, балки фаротар аз он аст.
Дар ин ҷода мо метавонем аз аҳаммияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии ин таҷрибаи созанда, яъне сулҳи байни тоҷикон ёдовар шавем. Чунки, сулҳи тоҷикон тавонист, ки пеши роҳи интишори зуҳурот ва падидаҳои манфии ҷомеа, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамрабоӣ, хариду фурӯши силоҳ ва умуман ҷинояткории фаромиллиро гирифта, нагузошт, ки онҳо ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон интишор ёбанд.
Бинобар ин, олимони кишварро мебояд, ки ҳарчи бешвар ба ин ҷанбаҳои сулҳи байни тоҷикон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, нақш ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллатро чун муҳофизи амнияти минтақа ва кишварҳои ҳамҷавор, аз диди воқеият ва тафаккури илмӣ таҳқиқ намоянд.
Хулоса, моро лозим аст, ки арзиши Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва онро ҳамчун омили таъмини ҷомеаи солим, Ватани обод, давлати иқтидорманд, таъминкунандаи рӯзгори осуда ва ҳастии давлату ормони дирӯзу имрӯзи миллат дар зеҳни ҷомеа, бахусус ҷавонон муаррифӣ намоем.
Самиъзода Б.С., Ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия







































































































































































