Ваҳдату сулҳу салоҳи Тоҷикистон файзбахш...
Тоҷикистон гулфишон гулпарвар аст,
Сарзамини Тоҷикистон маскани бахтовар аст.
Ваҳдату сулҳу салоҳи Тоҷикистон файзбахш,
Ҷумла халқи Тоҷикистон гулруху гулпайкар аст.
Оре, танҳо дар сурати ваҳдату сулҳ, якдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо ба осонӣ паси сар мешаванд. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину шаҳдбори бисёре ба бор овардааст. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯ ба инкишоф дорад. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳори мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол мустаҳкам ва побарҷо гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳи боэътимод мебошанд. Бо чунин мазмун мизи мудаввар дар Китобхонаи муосири “Пойтахт” санаи 12 июни соли 2026 бо иштироки сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Давлатшозода Азиза, курсантони Академияи ВКД баргузор гардид. Чорабинии идонаро директори Китобхонаи муосири “Пойтахт” Ҷалолиддинзода Аҳдия ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Муовини директори Китобхонаи муосири “Пойтахт” Иззатов Тоҳир низ дар суханронии хеш аз ваҳдату сулҳу салоҳи Тоҷикистон бо ифтихор зикр намуд, ки ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдату якдигарфаҳмӣ аст. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулхофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷахон омӯхта истодаанд. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун Пешвои миллат – имрӯз дар радифи шахсиятҳои калидии таърихи давлатдории тоҷикон қарор гирифтааст. Вай на танҳо сулҳ овард, балки пояҳои нави давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва худшиносии фарҳангиро гузошт... Сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД номзади илмҳои педагогӣ, дотсент полковники милитсия Давлатшозода Азиза дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ- пойдевори мустаҳками давлатдории тоҷикон”, курсанти Академияи ВКД Мирзоев Шараф дар мавзуи “Ваҳдати миллат- асоси пешрафту шукуфоӣ”, курсанти Академияи ВКД Ализода Фазлиддин дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ- пояи устувори давлат” суханронӣ намуда, аз эҷодиёти шоир Ниҳонӣ дар васфи Ваҳдат шеърҳо қироат намуданд. Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии таълимгирандагони Мактаби мусиқии бачагонаи №1 ба номи Чайковский хотима ёфт.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия







































































































































































