Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон дар партави шинохти моҳияти ваҳдати миллӣ

269227-уми июни соли 1997 барои мардуми тоҷик, бахусус барои ҷавонон як санаи муқаддас, як рӯзи таърихӣ ва зиёда аз ҳама чун як воқеаи тақдирсоз дар ҳаёти мардум мавқеъ пайдо кардааст. Вақте ки ҷавониро ваҳдат ва ваҳдатро ҷавонӣ ҷило бахшад, зиндагӣ рангин мегардад ва агар ваҳдат ба панҷаи созандаю бунёдгари ҷавонон эҷод шавад, он боз ҳам зеботар мешавад. Дар ин ҷода ҷавонон пурра ҷонибдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки фармудаанд: «Мо бояд шукр гуем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем». Имрӯз моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида фазои ороми сиёсии кишварро ҳамеша нигоҳ дорем ва баҳри дӯстиву ягонагӣ ва ризоияти ҷомеа кӯшиш намоем. Ин масъулият бештар ба дӯши ҷавонон аст. Пас нерӯи ҷавононро баҳри созандагиву ободкорӣ равона бояд намуд. Зеро ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини истиқлолият аст. Ҷавонон, ки як неруи бузургро дар ҷомеаи ташкил медиҳанд бояд дар ин ҷода бештар саҳмгузор бошанд. Неруи ҷавонон руди саршорро мемонад, агар он дуруст истифода шавад ҳаётро обод месозад. Бигзор ин рӯд аз чашмасори Ваҳдат маншаъ гирад ва бо гузашти солҳо хушкнашаванда бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониаш таъкид бар он менамоянд, ки дар амри хайри бозсозии ҷомеа амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ ва ислоҳоти иқтисодию беҳдошти сатҳи зиндагӣ ба ҷавонон бештар такя менамоянд. Зеро ба қавли Пешвои миллат «Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амали карда мешавад , мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти шумо- ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст». Ин суханҳои пурмазмуни Пешвои миллатамон албатта пеш аз ҳама ба насли ҷавон дахл дорад ва онҳоро масъул месозад, ки натанҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт кунанд, балки масъуланд, ки он ҳама корҳои неки анҷомдодаи падарони шарафмандамонро дар ҷодаи дӯстӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳамраъӣ бо халқҳои сулҳпарвару тарақихоҳи олам ҳифз намоянд. Боиси ифтихор аст, ки дар эҷоди ваҳдат дар Тоҷикистон нахустин шуда ҷавонони шарафманди мо саҳмгузор шуда буданд. Он солҳо яке аз созмонҳои бонуфузи ҷавонон Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷавонони ташаббускору ватандӯстро дар атрофи худ муттаҳид намуда оид ба пуштибонӣ кардан аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи истиқрори сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ садо баланд намуда як қатор амалҳои шоистаро анҷом доданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди шаш моҳи соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» далели ин гуфтаҳост. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолият медонад. Баъди орому осоишта гаштани ҳаёти халқ, ба даст овардани ризоияти миллӣ, Ваҳдат, Президенти кишвар Э.Ш.Раҳмонов 23-юми майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар вохӯрӣ доир менамояд ва фармони худро таҳти рақами №727 “Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ба имзо мерасонад. Сипас, мутобиқи он фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 1997, №240 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонон таъкид намуда буданд: «Бигузор ҷавонон парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагию бунёдкориҳоро баланд афрохта, дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан қадам гузоранд!». Бинобар ин, вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон ва қарзи муқаддаси ҳар як сокини кишвар аст, ки истиқлолият, сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, оромию амнияти кишварро пос дорем ва ҳимоя кунем. Худшиносу худогоҳ бошем. Рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшем. Насли ҷавони мо бояд аз он шукргузор бошад, ки дар як кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунад. Ва ҳамин давлат аст, ки барои ҷавонон шароити мусоид муҳаё месозад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки истиқлолияти воқеи доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин армони зиндагӣ аст». Нерӯи созандаву бунёдгари ҷавонон дар раванди тараққиёти ҷомеа вазифаи идома бахшидану то ҳадди комилтар мустаҳкам намудани мавқеи ислоҳоти куллии ҷомеаву давлати миллиямонро ба зима доранд. Насли ҷавон бо руҳу равони тоза ва тавоно, бо ҷаҳонбинии хосса, ақидаву ғояҳо, ахлоқу меъёрҳои ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ аз имрӯз ба фардои ҷомеа бо диди фарохи навини хеш сайқалу ороиш мебахшад ва интиқол медиҳанд. Аз ин рӯ дар тамоми гуфторҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон аз он ҷиҳат аҳамият медиҳанд, ки онҳо дар аксари ҷанбаҳои зиндагӣ моҳият ва хусусияти фардоро амиқтару хубтар ба дарк бигиранд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: «Ҷавонон бузургтарин нерӯи созандаву бунёдкори тамоми давру замонҳо будаанд. Онҳо воқеан як навъ пуле маҳсуб мешаванд, ки дар миёни имрӯзиёну пасовандон қарор гирифта, ҳомили ҷаҳонбинӣ, ақоиди ахлоқиву ғоявӣ ва шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошанд. Маҳз ҷавонон дар аксари самтҳои зиндагӣ моҳият ва хусусияти фардоро муайян месозанд. Вазъи иҷтимоиву тамоюлҳои ҳаёти ҷавонони имрӯза дар кадом сатҳу ҳолате бошад, фардои ҷомеа низ чунин хоҳад буд». Воқеан, раванди таърихии марҳилаи ҳозираи ҷомеа ва дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар моро водор месозад, ки аз ҷавонон ҳамчун захираи аслии зеҳниву ақлонии миллат, бунёди ҳаёти боз ҳам хушбахтона истифода барем. Зеро ояндаи ҳар як миллат пеш аз ҳама ҷавонони босаводу бофарҳанг ва баору номуси он ҳастанд, ки бо фаъолияти созандаи хеш метавонанд пешрафти пурсамари ҷрмеаро таъмин намоянд. Дар воқеъ, баҳри ба даст овардан ва минбаъд қавӣ доштани пояҳои ваҳдат муҳим аст, ки ҷавонон дорои донишу нерӯи бузурги миллӣ бошанд. Имрӯз барои дар сатҳи зарурӣ рушд кардани ҳаёти илмиву адабии кишвар беҳтарин имконот вуҷуд доранд. Тоҷикистон дар радифи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон мавқеи худро чун Ҷумҳурии соҳибистиқлолу ягона ва дорои арзишҳои илмиву маданӣ дарёфтааст. Дар хориҷи кишвар ҷавонони тоҷик таҳсили илм дошта, аз комёбиҳои беҳтарини илмиву адабии олам воқифанд. Ваҳдат падидаи бузург аст ва хушбахт миллатест, ки онро аз ҳама гуна нокомиву палидӣ нигаҳ медорад. Таърих борҳо собит намудааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ бархе аз миллатҳо тӯли садсолаҳо дар орзуи ин неъмати бебаҳо умр ба сар бурдаанд. Хушбахтона, ин саодат миллати олитабори тоҷик нишонаи пирӯзии хираду андешаи комил аст. Ривоят мекунанд, ки хирадманде панҷ писар дошт ва ба дасти онҳо яктогӣ химча медиҳаду амр мекунад, ки шикананд. Писарҳо химчаҳоро якҷоя мекунанд, вале шикаста наметавонанд. Хирадманд мегӯяд: Дидед, фарзандонам, агар шумо аз ҳам ҷудо бошед, шикастани шумо душвор нест, вале агар муттаҳиду сарҷамъ ва аҳл бошед, ҳеҷ кас наметавонад ваҳдати шуморо халалдор созад. Ваҳдат аз оила сар мешавад. Хосса дӯстии айёми наврасию ҷавонӣ мисли нақшест дар санг, ки сутурда намешавад. Бе дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо наздикони худ, наметавонем ваҳдати комилро ба даст оварем. Чуноне, ки мегӯянд, ободии кишвар аз остона сар мешаваду ваҳдат аз оила. Саҳми ҷавонон барои таъмини ваҳдат бештар бояд бошад. Дӯстии онҳо ҳангоми таҳсил дар мактаб, хизмат дар артиш ва ҳамкориҳо тавлид меёбад. Аз ин хотир, минбаъд барои густариш додани дӯстию ваҳдат ва худшиносии миллӣ ҷаҳд бояд кунанд. Девори устувори истиқрори қасри миллатро ҷавонони бонангу номуси миллат бояд бардоранд. Аз ин лиҳоз, набояд ҷаҳонбинии ҷавонони мо маҳдуд монад, балки донишашонро ба меъёрҳои башарӣ мувофиқат кунанд. Ваҳдат ва ризояти миллӣ омили шукуфоӣ, тараққиёт, пешрафти ҷомеа буда, дар рушду нумӯи он бештар ҷавонони болаёқат саҳмгузор буда метавонанд. Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихори ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Ҳосили Ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз ҷавонони кишвар шукронаи фаро расидани рӯзҳои нек ва шароити хуби таҳсилу кор мекунанд. Айни ҳол ҷавонон аз файзи Ваҳдати миллӣ имкон доранд, ки роҳи ормоҳои худро тай намуда, дар кишварҳои хориҷи Тоҷикистон барои камолоти тахассусии худ аз файзи раҳнамоиҳои Пешвои миллат баҳравар шаванд. Духтарону писарони навоҳии кӯҳистон тибқи квотаҳои президентӣ дар макотиби олии дилхоҳи худ таҳсил намоянд. Аз дастовардҳои пешқадами илму техникаи ҷаҳони муосир истифода намуда, худро ҳамчун ҷавони ояндасозу худшинос барои ҷаҳониён муаррифи карда тавонанд. Мо бо ин ҳама таваҷҷӯҳи махсус ва дастурҳои мушаххас имрӯзҳо шоҳиди он мешавем, ки имрӯз ҷавонон дар партави шинохти моҳияти ваҳдати миллӣ ва дарку маърифати зарурати он барои пешрафти ҷомеа баҳри иҷрои рисолаи худ камари ҳиммат мебанданд ва пайваста бо руҳияи баланди худсозиву худшиносӣ дар пиндорҳои неку наҷиби худ фардои ҷомеаро меофаранд. Ба таъбири дигар, ин ҳама болорафтҳои фикриву маънавӣ ва идроки баланди ҷавонон, шуури пешрафтаи сиёсиву ҳуқуқии онҳоро метавон ҳосили Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар муарифӣ намуд. Бо такя ба ин қудратмандӣ метавон боварӣ ҳосил кард, ки ин қувваи бузургу созанда, ки аз ниҳоди ҷавонон имрӯз бо хурӯши тоҷикона берун меояд, баҳри таъмину таҳкими истиқлоли бадастомада, ваҳдати миллӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳӣ хидмат хоҳад кард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Бузургтарин вазифаи наслҳои имрӯзаи халқи тоҷик аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин намояд». Итминони комил дорем, ки имрӯз насли ҷавони Тоҷикистонро нангу номуси ватандорӣ ҳамқадам аст.
Поянда бод Ваҳдати миллии тоҷикон, ки сароғози шукӯҳмандии ҳамаҷонибаи миллати мо дар остонаи музаффариятҳои нав гардида, ҷомеаи моро тамоюлҳои ҷадиди пешрафти ҷаҳони имрӯз ворид ва мутобиқ гардонид. Парфишон бод, парчами сулҳу саодат ва иттиҳоди тоҷикон дар осмони нурборону гулборони Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Азиза Давлатшозода
сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД ҶТ
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...