РӮЗИ ҒАЛАБА — РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ВАҲДАТИ ХАЛҚҲО
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) яке аз мудҳиштарин ва сахтарин ҷангҳо дар таърихи инсоният буд. Дар ин ҷанг беш аз 27 миллион нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла ҳазорон нафар мардуми тоҷик, ки бо фидокорӣ ва садоқат барои ҳифзи Ватан мубориза бурданд ҷони худро аз даст доданд.
Зиёда аз 300 ҳазор нафар мардони тоҷик, занон, ҷавонон ва бонувони ҷавон ба фронт рафта буданд, ки бисёре аз онҳо қаҳрамонона ҷон бохтанд. Шахсиятҳое чун Неъмат Қарабоев, Сафар Амиршоев, ва дигарон на танҳо бо сухан, балки бо амал низ ба мардум руҳу илҳом мебахшиданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Роҳбарони сиёсии Олмон бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ буд.
Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд. Дар давоми чор соли ҷанг халқи советӣ беш аз 20 миллион нафарро талаф дод. Ва ин танҳо маълумоти тасдиқшуда аст. Ҳоло бисёре аз манбаъҳо иддао доранд, ки шумори воқеии кушташудагон беш аз 40 миллион нафар аст. Бузургтарин задухӯрди низомӣ дар асри 20 буд. Ҷанги хунинро Германияи фашистӣ бо сардории Адолф Гитлер оғоз намуд. Қушунҳои рейхи севум 22 июни соли 1941 ба хоки СССР ҳуҷум карданд. Ҷанги байни ду давлат дар таърих ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. Тоҷикистон он вақт дар ҳайати Иттифоқи Советӣ буд. Дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти низомӣ сурат нагирифтааст, вале ҷумҳурӣ мо ба яке аз марказҳои сафарбаркунӣ табдил ёфт. Бояд зикр намоем, ки захми истилогарони фашистӣ ҳанӯз ҳам хуншор аст. Дар он солҳои сахт тамоми мамлакатҳо ба муборизаи зидди душман муттаҳид шуда буданд.
Маҳз 9 май соли 1945 қушунҳои фашистӣ таслим шуданд. Нахуст ба ифтихори ин ҳодиса рӯзи 24 июн дар Маскав дар Майдони Сурх, Паради Ғалаба баргузор шуд. Дар парад техникаи ҳарбӣ низ ширкат дошт. Аввалин паради бахшида ба Ғалабаи Бузург ҳамин тавр гузашт. Бо вуҷуди ҳама чиз, ин аввалин ҷашни Рӯзи Ғалаба буд. Аз ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ 81 сол гузашт, вале корнамоии бузурги миллионҳо нафар ҷанговарон дар шуури мардум зинда аст. Бо вуҷуди он ки бештар аз ним аср моро аз ин санаи таърихӣ ҷудо мекунад, он чӣ азобу уқубати кашидаи халқро аз хотира тоза кардан мумкин нест. Ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҷангиданд, ки 92 ҳазор нафари онҳо кушта ё бедарак шудаанд. 65 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 15 нафар дорандаи пурраи ордени «Шуҳрат» гардиданд, 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чор соли мудҳиши дуру дарозе, ки аскарҳо ва афсарони ҷавон бо нидои “Ба Пеш” ба ҳуҷум гузаштанд. Зеро онҳо ВАТАНРО аз сидқи дил дӯст доштанд нагузоштанд душман ба Ватан ҳуҷум кунад. Хушбахтона нагузоштанд, ҳаёти як кишвари азимро аз ҳам ҷудо кунанд садҳо офарин мегӯем. Ҷанговарони советӣ сарзамини худ, падару модарон, бародарону хоҳарон, дӯстдухтарони худро қаҳрамонона муҳофизат карданд. Албатта, хеле душвор буд, ҳатто онҳо аз хандак баромадан метарсиданд, зеро ба тири тупҳои зиёд дучор мешуданд, вале ҳамеша ба хатти фронт мерафтанд ва ба чашмони марг рост нигоҳ мекарданд. Онҳо барои озод кардани сарзамини мо аз душманони манфур, ки ногаҳон ба мамлакати мо ҳуҷум карданд, мубориза мебурданд. Дар тули дахсолаҳо Рӯзи Ғалаба, дар баробари он ки иди бузург ва рамзи корнамоии халқи советӣ боқӣ мемонад, дигаргуниҳо ба амал омад.
Аниқтараш, чизе тағйир ёфт, аммо чизе ҳамчун арҷгузорӣ ба анъана бетағйир монд. Яъне ҷанговарон, ветеранҳои мо то имрӯз дар ёду хотирҳо боқӣ монданд. Хотиррасон мекунем, ки одам бояд чӣ гуна принципҳои ахлоқӣ дошта бошад ҳам, лекин дар ҳар шароит ба хизмати Ватан содиқ бошем.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок намудаанд, ғамхорӣ карда истодааст.«Рӯзи Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ санаи хеле муҳимест, ки ба мо наздик аст, зеро он рамзи анҷоми ҷанги нафратангези Олмони фашистӣ бар як кишвари сермиллат аст ва аз ин рӯ, мо насли наврасамонро ёд додан лозим меояд, ки қадршиносӣ Ватан бошанд.
Ватан то ман сазовори ту бошам.
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накуят,
Бигирам аз хирадмандони ту панд.
Албатта, хотираи наслҳоро пос доштан муҳим аст, зеро бидуни гузашта оянда вуҷуд дошта наметавонад. Гузашта аз ин, мутаассифона, ҳар сол бо дард мушоҳида мекунем, ки сафи ветеранҳо чӣ тавр кам мешавад. Вале бояд дар хотир дошт, ки корнамоиҳои каҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ҷавонон на танҳо дар арафаи 9 май балки дар тамоми даврае, ки раванди таълиму тарбия давом дорад, муҳокима намоем.
Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд. Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.
Гар туро доду деҳат Шому Ҳиҷозу Яман аст,
Дили ман пеши ҷаҳонест, ки номаш Ватан аст.
Бале, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Мардонагӣ ва садоқати аҷдодони мо дар набзи ашъори безаволашон низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кудаки хешу пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Чунин арҷгузорӣ нисбат ба сарзамини хеш то имрӯз ҳамеша побарҷо буд ва то ҳол идома дорад. Инро ниёгони мо солҳои 1941-1945 бори дигар исбот намуданд. Зеро бовуҷуди он ки ҷанг фарсангҳо аз Тоҷикистон дур буд ҷавонмардони ин сарзамин бо ғурури баланди миллӣ довталабона ба ҷанг рафта, дар майдони мубориза алайҳи фашизм бо корнамоиҳои беназири худ бори дигар ба ҷаҳониён насли Рустами Достон буданашонро нишон доданд.
Хоҳиши беандозаи мардони шуҷоъи кишвар барои иштирок дар ҷанг дар байти зерини шоири шаҳири водии Зарафшон -Тайрони Искодарӣ низ дарҷ гардидааст:
Тайрон бигир бар даст теғ, рав ҳамраҳи сурхон ба ҷанг,
Гардӣ ту он ҷо якка чанд, дурӣ зи дӯстон то ба кай!
Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Имрӯз мо бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ метавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.
Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмури ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Маъруфзода Маъсумахон Маъруф







































































































































































