НАМОИШИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД
“Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”
Эмомалӣ Раҳмон
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти гулбасту чакани Хатлон, атласу адраси Суғд, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилло дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст. Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарӣ саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтирокори абрешим, матоҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоҳо омодашуда тақдим менамуданд. Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, сару либоси миллӣ, амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла, сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 9-апрели соли 2026, №67, ҷиҳати омодагӣ ба баргузории ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2026 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши либосҳоои миллӣ (атласу адрасу чакан) таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” дар байни кормандзанон ва курсантдухтарон баргузор гардид. Зеро либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тули қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад. Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Дар Паёми навбатӣ (16.12.2025) низ бо боварӣ аз масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллии бонувони тоҷик, қайд намуданд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия







































































































































































