Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАВОНО – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

2689Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад,
Ирода, руҳи солим, бозуи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу пешоҳанг мезебад,
Худафрӯзӣ ба роҳи донишу фарҳанг мезебад.
Ниҳонӣ
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин сана барои кишвари мо рамзи ҷавонӣ, нерӯ ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад. Асоси ин ҷашн ба 23-юми майи соли 1997 бармегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони кишвар мулоқот намуд, фармон “Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон”-ро ба имзо расониданд. Ин иқдом саҳифаи наверо дар сиёсати давлатии ҷавонон боз намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари демографи кишварӣ ҷавон ба шумор меравад, беш аз 70%-и аҳолиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъол ва созандаи ҷомеа дар ҳама соҳаҳо нақши калиди доранд. Ҷавонони мо бо истифода аз технологияҳои муосир дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Парчамбардорони кишвар дар майдонҳои ҷаҳонӣ аксаран ҷавонони боистеъдод мебошанд. Ҷавонон такягоҳи воқеии давлат ва муҳофизони марзу буми кишвар ҳастанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, барномаҳои давлати зерин амалӣ мешаванд:
1.Барномаи миллии рушди иҷтимои ҷавонон барои солҳои 2022-2026.
2.Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2023-2027.
3.Таъсиси стипендияҳои президенти аз квотаҳо барои таҳсил.
Аз нигоҳи илмҳои иҷтимоӣ, ҷавонон қишри фаъол ва динамикии ҷомеа мебошанд. Онҳо дар равандҳои навоварӣ, рушди иқтисодӣ ва ташаккули арзишҳои нав саҳми муҳим доранд.
Дар доираи Сотсиология, ҷавонон ҳамчун қувваи асосии тағйироти иҷтимоӣ арзёби мешавад, зеро онҳо бештар омодаи қабули идеяҳои нав ва мутобиқшави ба шароити тағйирёбанда мебошанд.
Тибқи назарияи рушди устувор, иштироки фаъолонаи ҷавонон барои пешрафти дарозмуддати ҷомеа зарур аст. Дар ин замина, соҳаҳои Маориф ва Иқтисодиёт нақши ҳалкунанда доранд. Сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи ҷавонон боиси баланд гардидани сатҳи маърифат, касбият ва рақобатпазирии кишвар мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавоно ба ташаккули шахсияти комил, ватандӯст ва донишманд равона шудааст. Барномаҳои давлатӣ, дастгирии таҳсил, варзиш ва фаъолияти фарҳангӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон мусоидат мекунанд.
Ин сиёсат ба таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди миллӣ замина мегузорад. Бояд гуфт, ки ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони имрӯзу фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Тавре аён аст, ки тақдир ва рушди ҳар як давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амали гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварад.
Таваҷҷуҳи бевосита ва доимии давлату Ҳукумат ба насли ҷавон буд, ки соли 2017 соли ҷавоно эълон гардид. Ин иқдом боис шуд, ки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваю имконияти худро баҳри тарбияи насли наврас, соҳибмаърифат ва боистеъдод сарф намуда кушиш мекунанд дар тарбияи мутахассисони баландпоя баҳри пешрафту шукуфонии Ватан саҳм гузоранд.
Имрӯз наздик ба 50%-и хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ҳоло нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас мебошад. Дастовардҳои ҷавонони даврони истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятнок имрӯз чашмрасанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифи намоянд. Хусусанд ғолибияти донишҷуёни мактабҳои олӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик ва парафшон гардидани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳост.
Рӯзи ҷавонон на танҳо як ҷашн, балки як платформаи муҳими иҷтимоӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҷавонон мебошад. Ҷавонони имрӯза ворисони кору пайкори гузаштагон ва бунёдкорони Тоҷикистони муосир мебошанд. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар сохтани ояндаи дурахшони кишвар нақши калиди доранд. Аз ин рӯ, дастгири ва рушди онҳо бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати бақи монад.

Муаллимони факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Шарифзода Ш.М. Қудусзода С.Ф.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...