Курсантони Академияи ВКД ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии «Ҳомиёни Ватан» гардиданд
Рӯзи 5 майи соли 2018 дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, курсантони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Донишкада ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Ғалаба» мусобиқаи ҷумҳуриявии бисёрҳарбаи ҳарбӣ-амалӣ «Ҳомиёни Ватан» баргузор гардид.
Мусобиқа аз намудҳои «Ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников», «Давидан дар хатти ягонаи монеадор» ва «Тирпарронӣ аз силоҳи пневматикӣ»-ро дар бар мегирифт.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии бисёрҳарба дастаи Академияи ВКД бо роҳбарии муаллими кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ капитани милитсия Ҳайдарзода Даврон фаъолона иштирок намуда, аз худ малакаи баланди ҳарбӣ-варзишӣ нишон доданд.
Хатти ягонаи монеадоро курсанти курси сеюми факултети №2, гурӯҳи 305, милитсияи қаторӣ Хайруллозода Ҷаҳонгир Рустамхон дар 1-дақиқаю 6-сония давида, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Автомати «Калашников»-и мукаммалкардашударо милитсияи қаторӣ Қосимов Хусрав Равшанович, курсанти курси сеюми факултети №5, гурӯҳи 310, дар 28 сония нопурра ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намуда, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Дар намуди тирпарронӣ аз силоҳи пневматикӣ дар масофаи 10 мт бо 5 дона тир, милитсияи қаторӣ курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳӣ 208, бо 49 хол ҷойи аввалро ишғол намуд.
Дар мусобиқаи зикргардида курсантони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Донишкада ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Мавриди қайд аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии курсантон мусоидат менамояд.
Наимов М.Э., Эгамов Ҷ.А., курсантони курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.