Даври ҷамъбастии “Шоҳномахонӣ” дар Академияи ВКД
Озмуни “Беҳтарин донандаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар байни курсантони муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад. «Шоҳнома» асарест, ки давоми беш аз ҳазор сол насли башарро дар руҳияи қаҳрамонӣ, ахлоқи воло, адолатпарварӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардааст. Ҳаким Фирдавсӣ бо заҳмати сисолаи худ достони безавол – «Шоҳнома»-ро эҷод намуда, ба наслҳои оянда ганҷинаи бузурги адабӣ ва таърихиро, ки фарогири ормонҳои миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, адолатпарварӣ ва инсондӯстӣ мебошад, ҳадя сохтааст. Соли дуюм аст, ки озмуни “Беҳтарин донандаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” дар байни муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД баргузор мегардад. Санаи 21-уми майи соли 2026 даври ниҳоии озмуни зикргардида дар Академияи ВКД, бо иштироки ғолибони даври аввали муассисаҳои таълимии ВКД баргузор гардид. Озмунро бо сухани ифтитоҳи муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Довудзода Сафаралӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки соли 2025 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асари безавол- «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадони ҷумҳурӣ тақдим гардид, ки ҳадафи он шиносонидани аҳолии мамлакат бо таърихи пурғановати миллати соҳибтамаддун мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (аз 16.12.2026) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд», зеро «Шоҳнома» ҳамчун мактаби ахлоқ ва хештаншиносӣ то имрӯз аҳамияти баланди ватандӯстӣ дошта, Абулқосим Фирдавсӣ дар баробари ба мо шиносонидани таъриху асолати ориёӣ ҳамзамон барои пос доштани забони ноби тоҷикӣ саҳми сазовор гузоштааст...” Озмун тибқи Низомномаи он аз рӯйи 9-номинатсия ба роҳ монда шуд. Ғолибони озмун бо “Диплом”-ҳо ва “Ифтихорнома”-ҳои Академияи ВКД ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки ғолибони озмун зиёда аз 2 ҳазор байт аз “Шоҳнома” аз ёд карда, дар бораи ҳар як қаҳрамони ин асар маълумоти пурра доданд. Дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт, зеро он на танҳо таваҷҷуҳ ба асари классикии адабиёти халқи тоҷик, балки қадами устувор дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия







































































































































































