Баргузории мубоҳиса (Деббат) миёни курсантони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Санаи 19 майи соли ҷори дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети 6, дар байни курсантони курсҳои 3 ва 4 -и факултетҳои 2 ва 6 Академияи ВКД мубоҳиса (Деббат) гузаронида шуд. Мубоҳиса тибқи нақша дар се давра гузаронида шуд. Ҳамаи иштирокчиён иборат аз 6 нафари ба чор даста тақсим гардида, ба дастаи худ ном гузошта, маънои онро муаррифи намуданд. Дастаи курсантони курси сеюми факултети 6 ба худ номи "Далерон" курси чоруми факултети 6 "Соя" курси сеюми факултети 2 "Сипоҳи Ватан" курси чоруми факултети 2 "Пешгирии ҷиноят" гузоштанд. Ҳамаи рафти мубоҳиса аз чониби ҳайати ҳакамон баҳогузори гардида ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда шуд. Ҷои якум насиби дастаи "Пешгирии ҷиноят", чои дуюм насиби дастаи "Далерон" ва ҷои сеюм насиби дастаи "Соя" ва "Сипоҳи Ватан" гардид. Дар мубоҳиса Сардори шуъбаи таълими Академия, Полковники милитсия Саидзода С.С., ҳамчун ба ҳайси раиси комиссия, Сардори факултети 2, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Мансурзода А.М., ва сардори факултети 6 н.и.ҳ., полковники милитсия Амрудинзода М.А., ба ҳайси муовинони раиси комиссия иштирок карданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби муовини сардори шуъбаи таълими Академия полковники милитсия Аҳтамшозода С.А., дотсенти кафедраи ПЧТ ва ТБЧ факултети 6, полковники милитсия Маҳмадализода Ф.М., ва дотсенти кафедраи идоракунии ФҲҲ факултети 1, полковники милитсия Шарифзода В., интихоб гардида буданд. Мубоҳиса аз чониби раиси комиссия ҷамъбаст карда шуда, ба ҳамаи курсантон дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбори таманно намуданд.







































































































































































