Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ ва терроризм»












Санаи 19 майи соли 2026 тибқи Нақшаи чорабиниҳои Шурои ҷавонони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ мизи мудаввари ҷамъияти илмии курсантони «Кашшофони моҳир»-и факултети №6 дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ ва терроризм» баргузор карда шуд.Дар чорабинии мазкур роҳбарияти факултет, профессорону омӯзгорон, аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон аз факултетҳои №2 ва №6, инчунин дигар иштирокчиёни фаъоли ҳаёти илмӣ ва ҷамъиятии Академия иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории мизи мудаввар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм арзёбӣ гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳи сардори факултети 6, ё.и.ҳ., подполковники милитсия Амрудинзода М.А.оғоз гардида, зимни он қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат ва Ҳукумат муайян намудааст. Дар ин замина, ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар маърӯзаҳои илмӣ ва таҳлилӣ вобаста ба сабабу омилҳои пайдоиши ифротгароӣ ва терроризм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷаҳонбинии ҷавонон ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ миёни онҳо пешниҳод гардиданд.
Бо маъруза муаллими кафедраи мазкур лейтенанти калони милитсия Раҳимзода Вали Юсуф иброз доштанд, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва суботи давлатҳо таҳдид менамоянд. Дар чунин шароит баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Зимни суханронӣ дотсент кафедраи болозикр полковники милитсия Маҳмадализода Файзиддин таъкид карданд, ки яке аз омилҳои асосии пешгирии ифротгароӣ миёни ҷавонон ин ҷалби онҳо ба илму дониш, варзиш, корҳои созандаву бунёдкорона ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Ҳамзамон, нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи дурусти ҷавонон хеле муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон муаллими калони кафедра, н.и.ҳ., подполковники милитсия Розиқзода Фарҳодбаромад намуда, доир ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таъмини амният, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои муқовимат ба таблиғоти харобиовар фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Қайд гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таъмини амнияти ҷомеа ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Дар ин раванд саҳми ҷавонон, бахусус курсантону донишҷӯён, ҳамчун насли ояндасози кишвар хеле муҳим мебошад.
Иштирокчиёни мизи мудаввар инчунин вобаста ба таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва муқовимат ба иттилооти ифротӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти умумии ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон, бояд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Мизи мудаввар дар фазои озоди илмӣ ва мубодилаи афкори судманд баргузор гардида, барои иштирокчиён ҳамчун як заминаи муҳими баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ хизмат намуд.







































































































































































