Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои истиқолияти давлатӣ

2686Баъди поши хӯрдани давлати абарқудрати Шуравӣ, ба ҷои он дар арсаи ҷаҳон пайдо гардидани Чумҳуриии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои барпо намудани равандҳои нави геополитикиро на танҳо дар қураи Осиё, балки дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд овард.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорчубаи сарҳадҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ панҷ ҷумҳурии соҳибистиқлол - Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Узбекистон пайдо гардиданд, ки истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст оварда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш мебаранд, равиши тоза ва эҳёии тамаддуну сиёсати нави фарҳангӣ, озодии андеша ва самтҳои гуногуни давлатдориро аз худ менамоянд. Ҳеҷ яке аз ин ҷумҳуриҳо дар 70-соли Шуравӣ дар чунин вазъи соҳибистиқлолӣ боре ҳам қарор надошт.Пайдо шудани ин ҷумҳуриҳо дар оғоз ба шакли муайян даровардани тартиби муносибатҳои байналмилалиро ба миён овард. Дар сиёсати хориҷии Русия ва Хитой минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ мегардад. Ин пешниҳод комилан дуруст аст, зеро ин минтақа дар маркази Авруосиё ҷойгир буда, бо мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин оид ба суолҳои таъминоти манфиатҳои стратегии Тоҷикистону Хитой нақши муҳим мебозад.
Бартарӣ доштани мавзеи геосиёсии минтақа, дар самти аввал дар навбати нефт ва газ, имконияти ташкил намудани инфрасохторҳои нақлиётӣ, ки Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайвандад, нақши мавзеи мувофиқ барои оғоз кардани ҳуҷуми ҳарбӣ, мубориза муқобили терроризми байналмилалист, ки онро ба як самте мубаддал сохтааст, ки диққатҷалбкунанда буда, барои мамлакатҳои абарқудрат даъво ё талаби объекти геосиёсӣ ва геостратегиро доранд. Вазъияти муқобили ҳам истодани маркази қувваҳои геосиёсӣ барои ба даст овардани нуфуз (эътибор) дар минтақаи Осиёи Миёна ба он оварда расонид. Бо вуҷуди ин, ки чанд сол пеш масъалаҳои ҳалталаби ин минтақа касеро ба ёд намеомад, дар айни замон диққати аҳли ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Омӯзиш, таҳлили мақола ва китобу навиштаҳои зиёде, ки дар бораи вазъи геополитикӣ ва криминологии Осиёи Миёна аз ҷониби олимони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Р.Ҳ., Маҷидзода Ҷ.З., Насуриён П.А.,Буриев И.Б., Солиев К.Ҳ., Назарзода Н.Ҷ., Розиқзода А.Ш., Шарифзода Ф.Р., Ҳафиззода Ш.Х., Раҳмадҷонзода Р.Р., Сафарзода Ҳ.С., Қосимов Ф.М., Мансурзода А.М., Амруддинзода М., Муҳаммад С.А., Самъизода Б.С., Алимардонӣ М. ва дигарон рӯи чоп омадаанд, тартиби мақсадҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳонро оид ба Осиёи Миёна, алалхусус Тоҷикистонро дар бар мегиранд.
Дар муқаррароти умуми Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332 чунин мадааст:1.5.Консепсия манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи сиёсати ориҷӣ ифода мекунад, ки онҳо дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик аз инҳо иборатанд:
- ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он; эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар;
- инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;
- таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар;
- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар;
- тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд;
- мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.
Яке аз масъалаҳои муҳим ин муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои истиқолияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромад. Ҳамин аст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт сол то сол афзоиш меёбад. Муносибати ин ду давлат бар руҳияи дӯстӣ, муносибати неки ҳамсоягию таърихӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалинҳо шуда истиқлоли Тоҷикистонро эътироф намуд. Тoҷикиcтoн Чинpo якe aз шapикoни бoэътимoд вa кaлидӣ дap минтaқaи Ocиёи Мapкaзӣ мeдoнaд вa тaҳкими ҳaмкopии мутaқoбилaн cудмaнд, мунocибaтҳoи дӯcтoнa вa ҳaмcoягии нeк бo Ҷумҳуpии Мapдумии Чин aз aфзaлияти acocии cиёcaти хopиҷии Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн ба ҳисоб меравад. Барои тақвияти ҳамкории иқтисодии ин ду давлат Комиссияи байниҳукуматӣ созмон дода шуда, фаъолияти самаранок бурда мешавад. Заминаи ҳамкории дуҷонибаро тақрибан 300 санади шартномавӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки қариб тамоми самтҳои фаъолиятро дар бар мегиранд. Соли 2013 дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии мардумии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз гардид. Зеро дар ин марҳалаи таърихӣ дар ҳамкории кишварҳо рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба амал омаданд, ки ба сатҳи муносибатҳои давлатҳо сифати нав бахшид. Маҳз баъди ба сари қудрат омадани «насли панҷуми роҳбарони Чин» ва интихоб гардидани Си Ҷинпин ба сифати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (14 марти соли 2013) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, даъватнома барои анҷоми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро қабул намуданд. Дар ин замина 20 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари давлатӣ ба Чин сафар намуданд. Зимни ин сафар «Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ» ба имзо расид.Агар ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар қаринаи шарикии стратегӣ суҳбат намоем, бояд таъкид намуд, ки анҷоми сафарҳои роҳбарони олии давлатҳо дар соли 2013, ки таъкид гардид, сафар ва иштироки роҳбарони давлатҳо дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, чӣ дар шакли ҳузурӣ ва чӣ маҷозии анҷомшуда дар солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 бевосита ба таҳкими муносибати давлатҳо таъсири бузург расонид.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат, дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 313,8 миллион долларро содирот ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 54,5 миллион доллар ё 14,8 фоиз кам мебошад. Воридоти молу маҳсулот дар ин давра ба 1189,4 миллион доллар баробар гардид. Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 421,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 92,5 миллион доллар ё 28,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Вазни хоси савдои мутақобила бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2024 19,9 фоизро ташкил дода, дар ҷои 3-юм қарор гирифт. Ҳамзамон дар ин давра ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблаги 73,3 миллион доллар молу маҳсулот содирот гардидааст. Воридот ба маблағи 347,9 миллион доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 104,9 миллион доллар ё 43,2 фоиз зиёд мебошад.Тавре қаблан хабар дода будем, дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ Лин Тсзи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, ки аз натиҷаи он протокол ба имзо расонида шуд.Дар ҷараёни нишаст ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои супоришҳои роҳбарони ҳарду давлат ва дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба сафари расмии дарпешистодаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Аз ҷумла, корҳои сохтмониро дар биноҳои нави Ҳукумат ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқасозии созишномаҳои ҳамкории дахлдор оид ба сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, энергетикаи нав, маъданҳои фоиданок ва дигарҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.Ҳамзамон ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои густариш додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки мушаххас, аз ҷумла лоиҳаҳои энергияи «сабз», навсозии Ширкати «Алюминийи тоҷик», сохтмони маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара, 4 эстакада дар шаҳри Душанбе ва навсозии роҳи автомобилгарди Варшез — Кулмаро татбиқ намоянд.
Бояд гуфт, ки дар самти ҳамкории бисёрҷониба Тоҷикистон ҳамеша ташаббусҳои Чинро дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин, ки ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуда буд ва дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориро дар қолаби механизми «Осиёи Марказӣ-Чин», аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагӣ бо мақсади тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол, ҳамчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби фаъоли сармоя ба татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» созгор ба манфиатҳои ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории фаъоли ҷонибҳо дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа муҳим буда, тавсеаи ҳамкориро дар соҳаи амният бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак таъкид намуданд. Зиёда аз ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъкид намуданд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси давлатҳо қарор дорад, ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф ба ҳисоб меравад. Ҳоло талабот нисбат ба омӯзиши забони чинӣ дар мамлакат сол то сол меафзояд. Барои мисол, агар дар давраи солҳои 1994-2004 дар Чин 199 нафар аз Тоҷикистон таълими забонӣ мегирифт, пас ин нишондиҳанда дар давраи то соли 2020 зиёда аз 978 донишҷӯро ташкил менамуд. Ҳоло дар Тоҷикистон 2-ададӣ марказҳои Конфутсий дар заминаи донишгоҳҳои давлатӣ фаъолият менамоянд.
Тоҷикистон ва Чин равобити дарозмуддат ва бисёрҷониба доранд, ки бахшҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ки дар фарҳанг, тиҷорат ва табодули афкор инъикос меёбанд. Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Аммо робитаҳои дипломатии муосир пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 ба таври фаъол инкишоф ёфтанд. Аз он вақт инҷониб ҳар ду кишвар барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳа саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд. Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи муколамаи созандаи сиёсӣ қарор доранд. Ин мулоқот ва боздидҳои мунтазами шахсони мансабдори олиро дар бар мегирад, ки ба таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳамкорӣ дар ташаббусҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давраҳои мухталиф ба Ҷумҳурии Мардумии Чин борҳо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2023) анҷом додаанд.
Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар солҳои гуногун чанд маротиба аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карда буданд. Инҳоянд баъзе аз боздидҳои муҳим: сентябри соли 2013 муҳтарам Си Ҷинпин аз Тоҷикистон дидан карданд ва дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат доштанд. Июни соли 2019 муҳтарам Си Ҷинпин бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, дар он ҷо бо раҳбарияти кишварамон мулоқотҳо анҷом дода, масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд ва ҳамчунин дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат карданд. Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013, Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014, Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба аз 31 августи соли 2017 ва ғ. ба имзо расонида шуданд, ки заминаи мустаҳками рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддатро бар пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштанд. Байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар низ механизми машваратҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст. Дар таърихи 10-солаи охир (2014-2024) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин сафарҳои расмию корӣ (22-25 июли соли 2015, 23 апрели 2018, 23-27 апрели 2023) ба Чин анҷом додааст. Узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 20-21 майи соли 2019, 23-27 апрели соли 2023 ва 19 майи соли 2024 ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом додааст.Ин сафарҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва амният дар Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд, аҳамият ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро таъкид менамоянд ва инчунин омодагии ҳарду кишварро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар бахшҳои мухталиф нишон медиҳанд.Пайвандҳои иқтисодӣ, лоиҳаҳои инфрасохторӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ аз ҷузъҳои аслии равобити Тоҷикистону Чин аст. Чин ба тарҳҳои мухталифи зербиноӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони роҳҳо, иншооти энергетикӣ ва корхонаҳои саноатӣ фаъолона сармоягузорӣ мекунад. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба як системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кумаки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлолияти энергетикиро то андозае осон намуд. Ин гуна тарҳҳо ба рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таҳкими ҳамгироии он дар минтақа мусоидат мекунанд. Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Дар соли 2023 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни ду кишвар беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод. Чин яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки ба ин кишвар колоҳои мухталиф, аз ҷумла электроника, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содир мекунад. Тоҷикистон дар навбати худ ба Чин асосан алюминий ва дигар маҳсулот содир мекунад, ки ин ба амиқтар шудани вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Дар Тоҷикистон бо кумаки Чин чанд тарҳи муҳими зербиноӣ бунёд шудааст, ки аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро таъкид мекунад. Баъзе аз лоиҳаҳои асосӣ инҳоянд: роҳҳо ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ. Чин дар сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳҳои Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Намунаи чунин тарҳҳо сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Кӯлоб-Шуроб мебошанд, ки ба долони нақлиёти байналмилалӣ шомиланд. Дар Тоҷикистон якҷо бо Чин тарҳи бунёди чанд нақби қобили таваҷҷуҳ иҷро шуд, мисли нақби Хатлон, нақби Шаҳристон, ки дар пайванди қисматҳои кишвар, беҳбуди дастрасии нақлиёт ва баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Онҳо инчунин ба рушди иқтисодии минтақа ва таҳкими робитаҳои инфрасохтории минтақаҳои гуногуни кишвар саҳм мегузоранд. Дар Тоҷикистон якҷо бо Чин чанд тарҳи муҳими сохтмони биноҳои маъмурӣ низ амалӣ шудааст ва ё дар ҳоли иҷро қарор дорад. Сохтмони бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои Парлумони Тоҷикистон аз ҷумла ин лоиҳаҳо мебошанд. Ин лоиҳаҳо ба таҷдиди сохторҳои давлатӣ ва беҳбуди шароити кори хизматчиёни давлатӣ нигаронида шудаанд. Мубодилаи фарҳангӣ ва ҳамкории башардӯстона дар таҳкими равобити дӯстонаи Тоҷикистону Чин нақши муҳим доранд. Мубодилаи донишҷӯён, фестивалҳои фарҳангӣ ва лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ ва амиқтар шудани робитаҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Мубодилаи донишҷӯён ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ дар таҳкими равобити фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмии Тоҷикистону Чин нақши муҳим доранд. Пеш аз ҳама ин мубодилаи донишҷӯён, таҷрибаомӯзӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак мебошад. Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин барномаҳои табодули онҳо сурат мегирад ва ин ба донишҷӯёни ҳарду кишвар имкон медиҳад, ки дар кишвари дигар таҳсил ва зиндагӣ кунанд. Ин на танҳо ба мубодилаи академии дониш, балки ба мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстонаи байналмилалӣ мадад мерасонад. Донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии ҳарду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак дар соҳаҳои гуногуни дониш ҳамкорӣ мекунанд, ки ба табодули таҷриба ва технология мусоидат мекунанд. Шакли дигари ҳамкориҳо ин гузаронидани фестивалҳо ва намоишгоҳҳо мебошад. Ҷашнвораҳо ва намоишгоҳҳои фарҳангӣ барои муаррифии ҷанбаҳои анъанавӣ ва муосири фарҳанги Тоҷикистон ва Чин пайваста баргузор мешаванд. Курсҳои забономӯзӣ барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ, инчунин барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд, ки дар он иштирокчиён метавонанд бо анъанаҳо, таомҳо ва санъати кишвари якдигар шинос шаванд. Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру синамои Чин рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст. Омӯзиши зaбoни чинӣ дap мyaccиcaҳoи тaҳcилoти oлии касбии ҷyмҳypӣ, aз ҷyмлa Дoнишгoҳи миллии Toҷикистон, Дoнишгoҳи cлaвянии Pуcия ва Тоҷикистон, Дoнишгoҳи дaвлaтии Хyҷaнд бa нoми aкaдeмик Б.Faфypoв, Дoнишгoҳи байналмилалии зaбoнҳoи хориҷии Тоҷикистон бa нoми С.Улyғзодa вa Дoнишгoҳи дaвлaтии oмӯзгopии Тоҷикистон бa нoми С. Айнӣ бa poҳ мoндa шyдaacт. Ифтитоҳи «Маркази табодули фарҳангӣ», марказҳои Конфутсий ҳамчун идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайванданд, метавон арзёбӣ намуд. Дар навбати хеш дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази таҳқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ-техникии Чанҷоу Маркази таҳқиқоти Тоҷикистон амал менамояд. Ин омил ҳамчунин саҳми муҳим дар ояндаи муваффақ ва устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин мебошад. Ин шаклҳои табодули фарҳангӣ ба амиқтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми халқҳои Тоҷикистону Чин мусоидат мекунанд. Онҳо ба ҳифз ва рушди анъанаҳои фарҳангӣ мусоидат намуда, инчунин барои ҳамкории дарозмуддат дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм замина фароҳам меоранд. Чунин ташаббусҳо ба мустаҳкам шудани муносибатҳои дӯстона ва барпо намудани пулҳои байни халқҳои ҳар ду мамлакат ёрӣ мерасонанд.
Ҳамин тавр, муносибатҳои Тоҷикистону Чин намунаи барҷастаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷаҳони муосир мебошанд. Тaҳлили paвoбити бисёрҷoнибaи Ҷyмҳypии Тoчикиcтон вa Ҷyмҳypии Mapдyмии Чин нишон медиҳад, ки дap дoиpaи Сoзмoни Ҳамкории Шанхай бaр зидди тeppopизм вa гapдиши ғaйpиқoнyнии мaвoди мyxaддиp чopaҳoи пpoфилaктикӣ вa дap caмти мyбopизa бo тeppopизм, экcтpeмизм вa ceпapaтизм ҳaмкopиҳoи мyaccиppo бa poҳ мoндaaнд. Рaвoбити дyҷoнибa байни Тоҷикистону Чин нишон медиҳaд, ки мyнocибaтҳoи иқтиcoдии ду кишвap дap ҳoли pyшд ва такомул қapop дopaнд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. - омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...