ПАЁМ ОИНАИ РУШДИ КИШВАР
Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву таҳлилӣ дастовардҳо, муваффақиятҳо, мушкилоти соли сипаришуда, вазъи кунунӣ, дурнамои рушди давлат ва вазифаҳои стратегии солҳои ояндаро инъикос менамояд. Паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат барои фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандон ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ва дастурамал хизмат намуда, ба самти дурусти ташкили фаъолият мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон Паёми Президенти мамлакат манбаи расмӣ, боэътимод ва дорои арзиши илмӣ ба ҳисоб рафта, имконият медиҳад, ки он ҳамчун хазинаи иттилооти дақиқ дар таҳқиқоти сотсиологӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ мавриди истифода қарор гирад. Ба масоили иҷтимоӣ дар Паём таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст, зеро бахшҳои калидии сатҳи зиндагии шаҳрвандон аз илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва инчунин масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва занон иборат мебошанд.
Дар замони муосир Паём на танҳо анъанаи сиёсӣ, балки нишонаи рушди устувор, суботи ҷомеа, сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад. Чуноне ки Сарвари давлат дар паёмашон зикр намуданд, вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бештари давлатҳо, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи ҷаҳонӣ мояи нигаронии ҷиддӣ мебошанд.
Бо вуҷуди воқеияти пуртазод ва мураккаби ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ваҳдати миллӣ, оромии сиёсӣ ва амнияти ҷамъиятиро ҳифз намояд ва дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Ин воқеиятро тавассути пайдарпайии паёмҳо мушоҳида кардан мумкин аст, зеро ҳар паём идомаи мантиқии паёми қаблӣ ва оғози марҳалаи нав дар рушди давлатдорӣ мебошад. Худи мавҷудияти Паём нишондиҳандаи истиқлол, субот ва муайян будани самти стратегии рушди кишвар аст.
Мисол, танҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлол 29 ҳазор иншооту биноҳои гуногуни таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки зиёда аз 70 фоизаш аз ҳисоби соҳибкорон ва шаҳрвандон амалӣ гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сиёсат ва иқдомҳои роҳбари давлат бовар дошта, дар корҳои созандагию ободонӣ фаъолона иштирок доранд.
Маоши кормандони соҳаҳои гуногуни буҷетӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз 1-уми сентябри соли равон аз 20 то 25 фоиз зиёд мегардад, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат мегузорад. Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳим ноил гардид. Масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз сад сол ҳалли худро наёфта буданд, бо имзои шартнома оид ба муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ниҳоятан ҳал шуданд. Ҳамчунин Эъломияи Хуҷанд «Доир ба дӯстии абадӣ» аз ҷониби сарони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон имзо гардид, ки заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои судманди минтақавиро ба вуҷуд меорад.
Тибқи далелҳои ироашуда дар Паём, тайи даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, иқтисоди миллӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз рушд намуд. Барои таъмин намудани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Дар ҳамин муддат ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 то 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расида, аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафар ба 10,7 миллион нафар афзоиш ёфта ва нишондиҳандаи дарозумрӣ аз 70 то 77 сол баланд гардид. Сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз поин рафта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард то 165 миллиард сомонӣ, яъне зиёда аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ низ сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2021 65 фоиз зиёд мебошад. Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар бошад, аз соли 2019 то 2025 беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо 87 ҳазор ҷойи корӣ бунёд шудааст ва суръати рушди саноат дар соли 2025 ба 22 фоиз расид. Дар даҳ соли гузашта ба соҳаи энергетика беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ 1017 мегаватт зиёд гардиданд. Дар самти инфрасохтори нақлиётӣ бошад, татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ идома дошта, танҳо дар соли 2025 - 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти нақлиётӣ ба истифода дода шуданд.
Ба соҳаи маориф, ҳамчун соҳаи калидии рушди ҷомеа, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ аз буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2025 - 25,4 фоиз ва нисбат ба соли 2015 - панҷуним баробар зиёд мебошад. Дар даҳ соли охир бошад, дар соҳаи тандурустӣ зиёда аз 1300 иншоот ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст. Агар маблағгузории буҷетии соҳа дар соли 2015 - 1,037 миллиард сомонӣ бошад, дар соли 2025 ба 4,3 миллиард сомонӣ расида, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар даҳ соли охир 26,3 миллиард сомониро ташкил дод. Дигар дастовардҳои шоистаи солҳои гузашта, бахусус соли 2025, ки сокинони Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ноил гардид, дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олӣ муфассал садо доданд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам ба қадам ва бо суръати устувор ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст ва муҳимтарин дастовардҳо дар Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар инъикос меёбанд. Ин дастовардҳо аз арзишҳои миллии устувори кишвар, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромии сиёсӣ ва аз озодию Истиқлолияти давлатӣ сарчашма мегиранд.
Дар Паёми навбатӣ ҳамчунин масъалаҳои иҷрои як қатор нақшаҳо ва лоиҳаҳои муҳиме садо доданд, ки дар солҳои оянда амалӣ хоҳанд гардид ва ба беҳбуди боз ҳам бештар вазъи зиндагии шаҳрвандон нигаронида шудаанд.
Бо вуҷуди дастовардҳо, ҳамасола таъкид мегардад, ки дар баробари пешравиҳо дар бархе соҳаҳо мушкилот ва камбудиҳо низ ҷой доранд. Барои рафъи онҳо ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба давлати пешрафта, тамоми ҷомеа бояд ба ислоҳпазирӣ омода бошад ва пеш аз ҳама шукргузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва риояи қатъии санадҳои меъёрии ҳуқуқи муҳим арзёбӣ намояд.
Инчунин шаҳрвандон бояд иқдомҳои роҳбарияти давлатро дуруст дарк карда, ба илм, маърифат ва аз худ намудани донишҳои муосир рӯ оваранд, аз исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда худдорӣ намоянд ва ба беҳтар кардани сатҳи зиндагии хеш, аз ҷумла саломатӣ, фарҳанги зист, тарбияи фарзандон ва ободонии маҳалли зист, ҷиддан таваҷҷуҳ намоянд.
Дарки дурусти сиёсати давлатӣ ва масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон пеши роҳи фасод, бемасъулиятӣ ва исрофкориро мегирад ва ба боло рафтани шуур ва ҳамоҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Танҳо дар чунин ҳолат рушди босуботи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ба таври комил таъмин мегардад ва зиндагии мардум боз ҳам беҳтар хубтар мегардад.
Подполковники милитсия Ҳайдарзода Даврон. Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон







































































































































































