Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 май - Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ

2684«9 май рӯзи шодӣ, хушбахтӣ ва арҷгузорӣ ба хотираи мукаддаси онҳое ҳаст, ки барои озодии миллатҳо чони худро фидо карданд. Имрӯз мисли солҳои қаблӣ мо дар назди хотираи ҳамаи қурбониёни ин ҷанги даҳшатнок сари худро хам мекунем. Ҷашни Рузи Ғалаба ва гиромӣ доштани хотираи фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда, инчунин омили муҳим дар тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, шуҷоат ва мардонагӣ аст».
Эмомалӣ Раҳмон
9 май ин на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми аҳли башар ҳамчун як санаи таърихӣ, басо таҳдирсозу ниҳоятан муҳим ба шумор меравад. Дар ин рӯзи фаромушнашаванда тамоми дунё баҳри арҷгузорӣ ба хотири он далерону родмардоне, ки баҳри хушбахтию оромии аҳли башар ҷони худро дареғ надоштанду бар зидди фашизм мубориза бурда, озодии мардуми дар орзуи як нафаси ором бударо таъмин намуданд, сари таъзим фуруд оварда арзи сипос менамояд. Чашми дунё чунин фоҷиаи бузургро, ки сабабгори то ба ин ҳад талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти молию моддии мардуми сайёра гашта бошадро надида буд. Аммо беинтиҳо шукр Яздони покро, ки маҳз бо муборизаи муштараки халқҳои озодихоҳ ин фоҷиаи бузург, вабои замон – фашизми гитлерӣ бартараф карда шуд ва сулҳу оромӣ таъмин карда шуд ва дақиқан ҳамин аст самараи иттифоқе, ки ношикастанист. Сафҳаҳои таърих гувоҳи онанд, ки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша баҳри ҳифзи марзу буми худ ва сулҳу суботу оромӣ фидокориҳои бузург намуда, ҳатто ба ҳеҷ ваҷҳ ҷони худро дареғ надоштаанд. Занону мардони баруманди миллати тоҷик саҳми арзанда ва бузургу босазои худро дар таъмини ин неъмати бебаҳо – яъне сулҳу дӯстии халқо гузоштааст. Маҳз дар давраи ҷанг беш аз 300 000 шаҳрвандони тоҷик барои мубориза бар зидди фашизм сафарбар гардидаанд, ки аз ин микдор дар майдони ҷанг зиёда аз 90 000 нафари онҳо ҳалок ва бештар аз 60 000 нафарашон маҷруҳу захмӣ гардидаанд, Ҳамзамон мардуми тоҷик бо шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» миллионҳо суми шӯравию миллионҳо сар чорвою ҳазорон техника, тонннаҳо маҳсулоти ғизои ба фронт фиристоданд.
Худи ҳамон замон дар кишвари мо зиёда аз 29 беморхонаи эвакуатсионӣ таъсис дода шуд, ки 22 тои онҳо дар шаҳри Сталинобод фаъолият менамуданд ва ҳазорон сарбозони маҷруҳу захмигардидаро муолиҷа менамуданду табибону ҳамшираҳои шафқати мо бетараф набуданд. Бале, вокеан ҳам миллати баруманди мо ҳануз дар замонҳои хеле дур ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дошта, дар ҳифзу дифои он ҷоннисориҳои бузург менамуданд ва маҳз ҳамин ҷасорату матонат ва садоқату вафодорӣ бар Ватан буд, ки фарзонафарзандони диёри мо ҷон бар каф гирифтанду мубориза бурданд, аммо кишвар ба душман ҳеч гоҳ надоданд. Имрӯз низ ин ғурури баланду мардонагӣ дар хуни ҳар як ҷавони тоҷик аст, ки ҳамчун мероси бузург аз насл бар насл гузашта омадааст.
Имрӯз, ки мо бо шарофати чунин родмардони дар роҳи сулҳ ҷоннисоркардаи Ватан дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар мебарем, мебояд, ки сари таъзим назди эшон фуруд оварем ва баҳри поси хотираи эшон ҳамеша арҷгузор бошем ва ҳифз намоем ин неъматеро, ки баҳраш ин ҳама курбониҳо шудааст.
Наимов Ш.М.,
курсанти курси 3 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...