Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ, БАХШИДА БА 81-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД

688924931 2467742843742019 1818664612235723689 n690909384 2467743127075324 4887126070843939744 n687834492 2467742947075342 2485969025684429777 n688319235 2467743003742003 353964406017093485 n687673539 2467742917075345 1818043171311269230 n688830536 2467742790408691 4586389064756981526 n 1Санаи 6-уми майи соли 2026 бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва Шурои ҷавонони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 81-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ семенари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Далерӣ ва қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад роҳбарияти Академияи Вазорати корҳоди дохилӣ, ҷанговар - интернатсионалистон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, курсантон ва меҳмонон ширкат варзиданд. Роҳбарияти Академияи Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд карданд, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз дар баробари дигар халқу миллатҳо, ҳамватанони мо низ фаъолона иштирок карда, аз худ қаҳрамонию далерӣ нишон додаанд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар миёни онҳо, фиристодагони Тоҷикистон бо баландтарин нишону орденҳо қадрдони карда шудаанд.

Дар кори семенари илмӣ-назариявӣ устодон ва омӯзгорони зерин баромад намуданд. Муҳаммад С.А. – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д. и. с., дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Иттиҳоди халқҳо ҳамчун рамзи ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»; Асламов Б.С. – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Саҳми милитсияи тоҷик дар таъмини Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945)»; Бойзода Ҷ.Ҷ. – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия, дар мавзӯи «Фиристодагони мақомоти сӯхторнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»; Султонзода В.И.– муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)»; Ҳалимзода Д.И. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси фаъолияти милитсияи Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ»; Зардакзода Д. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзуи «Сабақҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945)»; Одиназода С.Р. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945»; Ниёззода Б. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯстар»; Солихзода Ф. – сардори синфхонаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Академияи ВКД, лейтенанти милитсия дар мавзӯи «Накши фиристодагони Тоҷикистон дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ»; Атахуҷазода З. - курсанти курси 3-уми гуруҳи таълимии 305 факултети №2, дар мавзуи «Қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ»; Дустзода З.Т. - курсанти курси 1-уми гуруҳи таълимии 105 факултети №2, «Ғалаба бар фашизм – натиҷаи ҳамбастагист»; Идиев М.С. - курсанти курси 1-уми гуруҳи таълимии 101 факултети №2 Академияи ВКД, дар мавзӯи «Фарҳанги Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ».

Дар анҷоми семенари илмӣ-назариявӣ сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия ВКД Ҷумурии Тоҷикистон, д.и.с., дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С.А., дода шуд, ки ҳамаи иштирокчиён ва меҳмононро ба ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуданд.

Раиси Шурои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ) капитани милитсия Ҳалимзода Д.О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...