Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ (1941-1945)
Имсол ба ин Ғалабаи бузург 81-сол пур мегардад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шуравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Роҳбарони сиёсии Олмон бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани ИҶШС буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Иттиҳоди Шуравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад.Халқи Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт.Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Олмон ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд. Ин ҷанг сарнавишти миллионҳо инсонро тағйир дода, ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла халқи тоҷикро ба имтиҳони сахти таърихӣ рӯ ба рӯ кард. Тоҷикистон, сарфи назар аз дур будан аз хатти мустақими ҷанг, ба як ҷузъи фаъоли муборизаи умумимиллӣ табдил ёфт. Фарзонафарзандонаш – аз деҳқон то олим, аз адиб то сарбози қаторӣ ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ ҷоннисорӣ намуданд.Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ ва талаботҳои ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз ва 88-уму 99-уми бригадаҳои тирандоз ташил ёфта буданд. Баталёни инжинерии дар аэродроми Ленинобод ташкилёфта низ, дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Германияи фашистӣ шаҳри Берлин рафта расида буданд. Корномаи ватандӯсти тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст. Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.Ҳамзамон, қаҳрамонии фарзандони Тоҷикистон дар соҳаи маънавӣ низ зоҳир мегардид. Шоиру нависандагон бо қалами худ рӯҳи ҷанговаронро қавӣ нигоҳ дошта, эҳсоси ватандӯстиро тақвият мебахшиданд.Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳалим Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷанггиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем.Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Сардори шуъбаи ташкилӣ таҳлилии шуъбаи таълими Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Баҳодурзода Ю.Б.
Нозири калони маркази бақайдгирии ШТ Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани
милитсия Исматзода Ҳ.М.







































































































































































