Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди «футболи хурд»







Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кори кафедра, банди 1.15 нақшаи кори кафедра, барои соли 2025-2026 аз тарафи кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди «футболи хурд» байни курсантон ва шунавандагон бахшида ба муносибати «рӯзи ҷавонон ва рӯзи ғалаба» аз 30 апрели 2026 то 20 майи соли 2026 дар майдони варзишии «Лочин» вақеъ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни курсантон ва шунавандагон оғоз ёфт.
Максад ва вазифахои гузаронидани мусобиқаи варзишӣ:
-тартиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани курсантон ва шунавандагон ба машғули тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
-тарғибу ташвиқи намуди варзишии футболи хурд дар Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон;
-мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни курсантон ва шунавандагон;
-баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаби факултети 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд байни курсантон ва шунавандагон.
Суратгузориш аз маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ:
Сардори кабинети кафедраи ОКҶ.,
лейтенанти милитсия Шавкатзода Искандар







































































































































































