9-УМИ МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ ВА ЁДЕ АЗ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
“Як ҳақиқати ба ҳамагон маълум вобаста ба он ҷанги пурфоҷиа ин аст, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таъмин карда шуд.Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо садҳо ҳазор нафар кӯдакони ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокшуда ятим монданд. Илова ба фиристодагони Тоҷикистон, ки дар майдони ҷанг ба хотири шикаст додани фашистон ва ҳимояи истиқлолу озодии халқҳо далерона меҷангиданд, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд ва бо азоби гуруснагӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд.Онҳо дар таъмини ҷанговарон бо озуқаворӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми бузург гузоштанд.Мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки дар он солҳо худашон дар шароити бисёр вазнин қарор доштанд, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷабҳа қарордошта қабул карда, ҳамаи онҳоро бо ғамхорӣ фаро гирифтанд.Сокинони Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаи худ барои таъмин кардани артиш бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҷангӣ саҳми арзишманд гузоштанд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
9 май яке аз рӯзҳои муҳимтарин ва хотирмон дар таърихи бисёр кишварҳо мебошад. Дар ин рӯз пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин ид анҷоми ҷанги вазнин, шуҷоати сарбозон ва ёди миллионҳо одамонеро, ки барои сулҳ ҷони худро аз даст додаанд, рамзӣ мекунад. Ҷанг соли 1939 оғоз ёфт ва бузургтарин низои мусаллаҳона дар таърихи инсоният гардид. Барои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ он бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум аст, ки 22 июни соли 1941 баъд аз ҳамлаи Олмони фашистӣ оғоз шудааст.8 майи соли 1945 Олмон санади таслимшавиро имзо кард. Аммо бо сабаби фарқи вақт дар Москва аллакай 9 май буд, бинобар ин маҳз ҳамин сана Рӯзи Ғалаба гардид. Аз он вақт инҷониб ҳар сол 9 май мардум қаҳрамонии сарбозон, меҳнаткашони ақибгоҳ ва ҳамаи онҳое, ки барои озодӣ мубориза бурдаанд, ба ёд меоранд.Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ ботантана ҷашн гирифта мешавад.Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳозор ҳалок шуда, боқимонда 204 нафар зинда монда аз байни ин 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардидаанд. Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба –иди расмии ИҶШС эълон гардид ва то ҳол ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ ҷашн гирифта мешавад.Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромушнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо - Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд.Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шуравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шуравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи фашисти фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд.Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои ин давр ба монанди Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров сазовори ҳар се дараҷа ордени «Шараф»-и ҷангӣ гардидаанд, ки ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мебошад. Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Россияву Беларус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд. Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.Чунончӣ, Аҳмад Турдиеви тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шуравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов»-и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.Пӯшида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.Зеро, фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ аз болои аскарони шуравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», самалиётҳои қиркунандаи «Фоке — Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба, 5 – 7 июли соли 1943 тупчӣ Ҳодӣ Кенҷаев бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд.Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд.Вай бо яроқи танкзан якчанд мошинҳои душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба, 8 – 10 июли соли 1943 баландии беномро ҳимоя карда, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷрӯҳ шудабошад ҳам, вале майдони ҷангро тарк накард. Корнамоии ӯ низ бо номи пуршарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадр карда шуд. Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд.Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор»-и ноҳияи Ашт, Тӯйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сӯрохии дзоти душманро махкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ӯ 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.Дар муҳорибаи назди Ленинград инчунин разведкачӣ Иван Симакови душанбегӣ қахрамониҳои зиёд нишон дода, соҳиби ҳар се дараҷаи ордени Шараф гардидааст.Моҳи марти соли 1944 фронтҳои 1, 2 ва 3 – юми Украинӣ дар мубориза ба муқобили душман махсусан муваффақиятҳои бузург ба даст даровардаанд. Онҳо қувваҳои асосии душманро маҳв намуда, қисми бузурги сарзамини Украинаро озод карданд. 26 марти ҳамон сол аскарони фронти дуюм ба дарёи Прут, ба сарҳади давлатии ИҶШС ва давлати Руминия расиданд.Дар ин муҳорибаҳо ҷанговарони Тоҷикистонӣ низ мардонагии зиёд нишон дода, 10 нафарашон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудаанд.Зодаи ноҳияи Балҷувон Сафар Амиршоев ноябри соли 1942 аввалин амалиёти ҷангии ӯ, чун тупчӣ, аз муҳорибаи Сталинград, аз наздикии Воронеж оғоз гардида, минбаъд дар муҳорибаҳои зиёд корнамоӣ нишон додааст. Махсусан корномаи ӯ дар муҳорибаи сахттарине, ки дар Литва ба амал омадааст, қайд гардидааст. Дар ин муҳориба Сафар Амиршоев бо тӯпи худ танкҳои зиди навини фашистонро нест намуд, вале худаш ҳалок гардид. 25 сентябри соли 1944 барои чунин корнамоиаш ӯро, баъди маргаш, бо унвони баланд Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз намуданд.
Муҳорибаи шаҳри Берлин, ки 16 – уми апрели соли 1945 оғоз гардид, аз муҳорибаҳои сахттарин ва калонтарини охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.Дар ин муҳориба низ бисёр фиристодагони Тоҷикистон мардонагии зиёд нишон додаанд. Се нафари онҳо: Николай Балакин, Александр Горелов ва Филипп Чепурин ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардидаанд.Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз чумлаи фиристодагони Тоҷикистон, дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоии лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст ва ба ордени Ленин мукофотонида шудааст.
Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост.Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида, хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро низ пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор медиҳанд.Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст.Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Убайдуллоев Ш.Э.-дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Нурзода Ш. Н. – муовини сардори факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия







































































































































































