Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) ва таъмини Ғалаба

2676Аз соли 1941 то 1945 аз Тоҷикистон ба ҷанг 289 ҳазор нафар даъват шуданд. Наздики 45 ҳазор шаҳрвандон ба заводҳо ва дигар минтақаҳои ИҶШС, оварда шуда ба ҷанг равона карда шуданд. Дар давоми солҳои ҷанг Тоҷикистон ба фронт 90 тонна пашм, 650 тонна ғалла, 19 ҳазор асп ва 36 ҳазор тонна гӯшт фиристод. Тоҷикистон барои артиши мунтазам беш аз 3 ҳазор мошинҳои боркаш ва 100 трактор омода намуд. Аллакай соли 1942 дар қаламрави Тоҷикистон бемористонҳои интиқолии низомӣ, ки дар онҳо 80 ҳазор низомиёни Артиши сурх ёрии таъҷилӣ гирифтанд, сохта шуда буданд.30 адад корхона аз қисми ғарбии ИҶШС ба Тоҷикистон кӯчонида шуда, 20 завод, фабрика ва сехҳо дар давоми солҳои ҷанг дар Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуданд.64 шаҳрванди Тоҷикистон-иштирокчиёни ҶБВ қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.

1 сентябри соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Сабаби саршавии ҷанг ин аз сари нав тақсим кардани ҷаҳони тақсимшуда буд. Ташаббуси кори ин тақсимот Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни ӯ Италия ва Япония буданд. Баҳонаи саршавии ҷанг ин ҳуҷуми Германия ба Полша гардид. ИҶШС ҳам ба ин ҷанг ҳамроҳ шуд. Ҳадафҳои асосии ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани ИҶШС ин баргардондани Белоруси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ ба ҳайати Белорус, Украина ва Молдова буд. Ин ҳудудҳо ҳоло соли 1918 мувофиқи шартномаи Брест ба ҳайати Полша, Венгрия, Руминия ва Германия дохил гардида буданд. Акнун ИҶШС аз вазъияти байналхалқии ба вуҷуд омада истифода бурда, ин минтақаҳоро баргардониданӣ шуд.
Ба ҳаракати қӯшунҳои шуравӣ дар ин минтақа миллатгароён муқобилият нишон доданд. Вале қӯшуни шуравӣ бе ягон душвории ҳарбӣ минтақаҳои номбурдаро ишғол намуд. Дар ин ҷангҳои кӯтоҳмуддат намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Амиралӣ Саидбеков, Ӯрунбек Яъқубов, Олим Ҳакимов ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст. Ҳамаи номбаршудагон дар солҳои 1943 – 1945 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардидаанд.
Тафсилоти корномаи ҷангии Тоҷикистониён дар сарҳадҳои ғарбии ИҶШС ҳоло пурра омӯхта нашудааст. Вале ҷангномаи Неъмат Қарабоев дар рафти ҷанги ИҶШС бо Финландия (октябри соли 1939 – марти соли 1940) маълум аст. Ин ҷангро ИҶШС барои бехатар гардонидани шаҳри Санкт – Петербург сар карда буд. Чунин хатар вуҷуд дошт. Чунки Финландия ба мавқеи ҷангии Германия дар сарҳади ИҶШС тайёрии бевосита дида истода буданд. ИҶШС хост масълаи бехатар гардонидани пойтахти шимолиаш- Санкт – Петербугро бо роҳи осоишта ҳал кунад. Ҳукумати ИҶШС пешниҳод кард, ки Финландия дар шимоли Санкт – Петербург дар масофаи 60 км сарҳади худро ба шимол барад ва ҳамин қадар замин аз минтақаҳои дигар ба ӯ ҷудо карда мешавад. Вале ин масъала ҳали худро ба хушӣ наёфт ва 28 июли соли 1939 қӯшунҳои шуравӣ ҷангро сар карданд. Дар ин ҷанг тоҷикистониҳо ҳам иштирок доштанд. Якеи онҳо алоқачии ҳарбӣ Неъмат Қарабоев буд. Дар дафтари корномаҳои Неъмат Қарабоев чандин ҳукумати корнамоии ҷангии ӯ сабт гардидааст. ӯ дар рафти ҷанги зиёда аз семоҳа чандин бор ба вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуда, мардонавор аз ҳалли онҳо баромадааст. Боре бо дастаи чандинкарата зиёди душман ҷангид. Дафъаи дигар, дар ҳолати ҷанги сахт алоқаи телефонии байни қисмҳоро барқарор намуд. Дар муҳорибае дар вақти барқарор намудани хатти алоқа бо 5 тан аскарони фин рӯ ба рӯ шуда бо граната онҳоро маҳв сохт. Дар ҷанги барои шаҳрчаи Виборг, ки авали моҳи марти соли 1940 рӯй дода буд. Н. Қарабоев ҷасорати ҳарбӣ ва мардонагӣ нишон дода бо фармони Раёсати Шурои Олии ИҶШС аз 21 марти соли 1940 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонда шуд. Ӯ авалин тоҷикест, ки ба чунин унвон сарфароз гардидааст. Дар қатори ҷанговарони дигар шуҷоъ фарзанди дигари Тоҷикистон – ронандаи танк Усмон Акрамов низ буд.
Сабаби асосии сар задани ҷанги байни Германияи фашистӣ ва ИҶШС, ки он ба Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС табдил ёфт, пеш аз ҳама вуҷуд доштани зиддияти байни сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мадании бо ном сотсиалистӣ, ки ба моликияти умумихалқӣ – давлатӣ ва кооперативӣ – колхозӣ ва ҳамчун давлат ва ҳукумат ба диктатураи авомонаи синфи коргару деҳқон ва зиёии аз онҳо баромада ва ба назарияи марксистӣ – ленинии хусусияти ҷаҳонӣ гирифта истода такя дошта ва ҷаҳони капиталистӣ, ки ба моликияти хусусӣ, ҳукмронии капитали монополистӣ ва назарияи идеалистӣ – буржуазии ба капитал ва зӯрӣ асосёфта ба ҳисоб мерафт. Империалистони Аврупою Осиё ва Америка Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро оғоз намуда, тавонистанд, ки онро ба ҷанги зидди сотсиализм – душмани ашаддии худ равона созанд. Сабабҳои дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин ёрии амалии ИҶШС ба ҳамагуна иттиҳоди зиддифашистӣ ё германии давлатҳое, ки ҳоло ба ҳуҷуми фашизм дучор нагардида буданд, дар ҳамон соли 1941 танҳо мондани ИҶШС ва билохира, бе шикасти ИҶШС Германия наметавонист, ки дар Аврупо нақшаҳои худро амалӣ созад, ба ҳисоб мерафтанд.

Субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо қувваи зиёди ҳарбӣ: 5,5 млн, аскар, ки иборат аз 190 дивизия буд, ба ИҶШС ҳуҷум овард. Аз ин дивизияҳо 152 – тоаш дивизияҳои немисӣ, 18 – тоаш финӣ, 18 – тоаш руминӣ ва 2 – тоаш венгерӣ буд. Дар як вақт Германияи фашистӣ дар тӯли зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки ИҶШС 5,5 млн. аскар, 3712 танк, 4950 самолётҳои ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномётҳоро ба кор даровард. Германияи фашистӣ ҷанги барқосоро гузаронида ва дар муддати то 2 моҳ қӯшунҳои шуравиро шикаст доданӣ буд. Германияи фашистӣ ба он умед дошт, ки ҷанги ногаҳонӣ ва барқосо Иттиҳоди Шуравиро пароканда ва шикасти ҳарбии онро метезонад. Вале фашизм ба нияти худ нарасид. Баръакс, ҳуҷуми аҳдшиканона Артиши Сурхи шуравиро ҷасуртару дӯстии халқҳоро қавитар гардонид. Ягонагии қӯшуну халқро, ҷабҳаю (фронту) ақибгоҳро мустаҳкамтар гардонд.
Ҳамаи халқҳои ИҶШС ва Артиши Сурхи қаҳрамони он аз дақиқаҳои аввали ҷанг ба тан ба тану барои ҳаёту мамот бархостанд. Дар тамоми хати набардҳо аз баҳри Балтика то Сиёҳ қӯшунҳои шуравӣ ба ҷанг даромаданд. Дар байни онҳо тоҷикон ҳам буданд. Ҷангҳои калон ва қаҳрамонона дар ин муддат дар Брест, Вилнюс, Смоленск, Киев, Одесса ва Севастопол шуданд. Ҷанговарони тоҷик Акобир Маҳмудов, Маҳмадҷон Абдувалиев, Шукур Раҳмонов ҷангро дар Брест оғоз намуда қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Аз рӯзҳои авали ҷанг Мирзоев Н. И. дар Украинаи Ғарбӣ; Эргаш Саидов, Э. Рӯзиев, Ҳодӣ Кенҷаев (баъд Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ), М. Олимҷонов дар Белорус; Мухтор Ёров дар Назди балтика; Бобиев Мирзоалӣ дар Қрим; А. Ҳоҷибоев дар соҳили Неман меҷангиданд. Ҷангномаи ҳамаи номбаршудагон дар таърихи ибтидои ҷанг сабт шудааст.
Аз ҷангномаи фиристодагони Тоҷикистон дар ибтидои ҷанг номҳои Ҳодӣ Кенҷаев дар муҳорибаи Смоленск, Н. Илёсов дар Керч хело машҳур аст. Дар ҷанг барои Смоленск Ҳ. Кенҷаев барои шуҷоати ҷангӣ нишон доданаш бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида шуда буд. Н. Илёсов бошад, ҳамроҳи ҳамяроқонаш дар гарнизони зеризаминии (корхонаи сангрезакунии) Азимушкаи Керч зиёда аз чор моҳ муқобилият нишон дод.
6 июли соли 1941 тӯпчии М. Иброҳимов қаҳрамонии бемислу монанд нишон дода, дар як муҳориба 14 автомашина ва 6 танки душманро маҳв кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ ордени Ленин доданд ва ӯ аввалин тоҷикест, ки ба чунин мукофоти олӣ ноил гардидааст. Эргаш Рӯзиев, ки ӯ ҳам тӯпчӣ буд, дар вақти қафонишинӣ ҳамроҳи 11 нафари дигар ба муҳосира афтода 13 шабонарӯз дар қафои душман ҷанги тан ба тан карда, аз муҳосира баромад.

Барои ин корнамоӣ ва ҷасоратҳои минбаъда ӯ аз дасти маршал Чойболсан мукофоти олии Муғулистон – ордени «Ситораи Қутб» – ро гирифта буд.Номи фарзандони тоҷик А. Собиров, К. Хушвақтов, А. Қаландаров, Г. Нуров, Ш. Назаров ва ҳазорони дигар дар таърихи ибтидои ҷанг сабт аст.
Солҳои 1944 – 1945 дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватани ИҶШС ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки ҳамчун давраи ба охир расондани ҷанг маълум аст, фиристодагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштаанд. Ин солҳо дар ҳайати қӯшунҳои шуравӣ зиёда аз 10 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон меҷангиданд. Ҷангҳои асосии соли 1944 ва 1945 барои озод намудани Украина, Беларус, Молдова, Полша, Чехоловакия, Венгрия, Булғория, Югославия ва шикасти худи фашзм дар Германия мерафт.
Дар озод кардани Украина аз фашистон тоҷикистонӣ Исмат Шарипов корнамоӣ нишон дода ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардид.Дар озод намудани Беларус С.Сайтвалив, Чӯтак Ӯроз, Фатҳулло Аҳмадов корнамоиҳо нишон дода сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардида буданд.Дар муҳорибаҳо барои озод намудани кишварҳои Низдибалтика кӯлобӣ Сафар Амиршоев қаҳрамонӣ нишон дода, дар муҳорибаи назди Фолвари Лион июли соли 1944 бо батареяи худ бо 15 танки «Тигр» ва «Пантера» – и немисҳо ба ҷанг даромада, 5 танкро маҳв намуда дигаронашро ба қафонишинӣ маҷбур карданд.Дар ин муҳориба С. Амиршоев ҳалок гардид. Баъди ҳалокаташ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ доданд.
Ба Тоҷикистон ба тариқи фаврӣ госпиталҳо, сағирахонаҳо кӯчонда оварда шуда буданд. Шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» чизи хушку холӣ набуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон ин шиорҳоро ҳамчун шиори муҳориба қабул карда буданд. Инро аз матни «Мактуби халқи тоҷик ба ҷанговарони тоҷик», ки соли 1943 қабул ва эълон карда шуда буд, ҳис карда мешавад. Халқ ба ҷанговарон ваъда дода буд, ки онҳо ҳама чораҳоро мебинанд, ки ҷанговаронро бо яроқ, аслиҳа, хӯрок ва либос таъмин намоянд, вале ғалабаро талаб доранд.
Ин аст, ки ҳазорҳо меҳнаткашони тоҷик бо медали «Барои меҳнати шуҷоатманд дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941 – 1945» мукофотонида шудаанд.Дар он сол 160 нафар меҳнаткашон бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаҳои якум ва дуюм мушарраф гаштанд.Ҳамин тариқ, саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба хеле бузург буда, дар якҷоягӣ бо тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Олмони фашистиро торумор карда, қаҳрамонӣ нишон дода, Рӯзи Ғалабаро 9 - майи соли 1945 таъин намуда, Аврупоро аз истибдоди фашистӣ пурра озод намуданд.

Ибодзода М.М. - омӯзгори калони кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...