Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масоили рушди маориф дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 16 - декабри соли 2025

2675Таълим ва тайёр намудани кадрҳо дар мақомоти корҳои доҳилӣ яке аз рукнҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мақсадҳои стратегии маориф ва илм дар тайёр намудани кадрҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои доҳилӣ пешниҳод карда шуданд, ки ба масъалаҳои зерини инкишофи ҷомеа вобастагии зич дорад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият илм ва маорифро самти афзолиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, як қатор санадҳои муҳиме аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки дар низоми МКД низ амалӣ карда мешаванд. Аз қабили «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ноябр соли 2006 №484 тасдиқ шудааст) (1.Мактаби олӣ (қисми дуввум). Санадҳои меъёрии ҳуқуқи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ. Душанбе, 2009). Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02-ноябри соли 2007 №529 тасдиқ шудааст), (2. Ахбори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (санадҳои ҳуқуқуию меъёри мактабҳои миёна ва олии касбӣ). Душанбе, 2003), Низомномаи мутахассис (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-декабри соли 2007 №650 тасдиқ шудааст), Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-майи соли 2002 №200 тасдиқ шудааст) (3. Ахбори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (санадҳои ҳуқуқуию меъёри мактабҳои миёна ва олии касбӣ). Душанбе, 2003). Низомномаи намунавии муассисаҳои маълумоти олии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-феврали соли 1996 №71 тасдиқ карда шудааст) (4. Ахбори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (санадҳои ҳуқуқуию меъёри мактабҳои миёна ва олии касбӣ). Душанбе, 2003).
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат аз ҷумла зикр намуданд:«Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид.Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.Ба хотири ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон соли 2004 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат оғоз гардид ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои зикршуда ба ин низом гузаронида шуданд.Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд.Сохтору мақомоти зикргардида, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд.Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд.Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд.Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад.Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт .Дар робита ба масъалаҳои илму маориф мехоҳам иброз намоям, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад» (5.Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 16.12.2025. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 22.12.2026).
Ҳамин тариқ, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 муҳтарам Эмомалӣ хулосаҳои зерин баровардан мумкин аст:
- асри XX1 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад;
- раванди омодасозии кадрҳои баландихтисос зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд;
- аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд;
- омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад;
- солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшинсӣ,дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд. - дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ базаи моддӣ-техникии соҳаи маориф мустаҳкам гашта,теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд;
- аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии қобилиятҳои зеҳнӣ, гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ маблағҳои калони молиявӣ ҷудо гардиданд;
- барои рушди соҳаи маориф Барномаҳо,Стратегияҳо , санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тавсиб расиданд;
- раванди таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд;
- барои шаффофияти қабули довталабон ба муассисаҳои олии таълимӣ Маркази миллии тестӣ созмон дода шуд;
- барои баланд бардоштани сифати таълим Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон —таъсис дода шуд.
- барои рушди минбаъдаи таҳсилот Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Султонзода В.И. - муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...