Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

2673(Бахшида ба 9-уми май Рӯзи Ғалаба)
9 май дар тамоми давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба ёдбуди иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) гулчанбарҳо гузошта шуда, ҳамоишҳои идона баргузор мегардад. Дар пойтахти Федератсияи Россия бошад, шаҳри Москва бо иштироки роҳбарони давлатҳои ИДМ паради ҳарбӣ баргузор мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар таъмини ғалаба саҳми бузург гузоштааст. Фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг қаҳрамонӣ нишон дода, дар ақибгоҳ ба ҷабҳа ёрии иқтисодӣ расонида мешуд. Бисёр биноҳои шаҳри Душанбе ба госпитали ҳарбӣ табдил дода шуда буданд, ки маҷруҳонро табобат карда, боз ба ҷабҳа равона мекарданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22-юми июни соли 1941 дар натиҷаи ҳуҷуми Германия ба Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардида то 9 майи соли 1945 давом кард. Мақсади фашистон ин нест кардани 15 ҷумҳуриҳои шуравӣ ба ҳисоб мерафт, вале халқи бузурги шуравӣ, аз ҷумла тоҷикон муттаҳид гашта бар зидди фашизм муборизаро сар карданд. Тоҷикон ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафта, занони тоҷик қаҳрамонона барои ҷабҳа хӯрока ва либоса тайёр мекарданд. Махсусан милитсияи тоҷик дар ин солҳо хеле фаъол буд. Занони тоҷик ба ҷои шавҳароне, ки ба ҷанг рафта буданд, дар шуъбаҳои милитсия кору фаъолият мекарданд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ якчанд воқеаҳои таърихӣ рух дод, ки дар он саҳми фарзандони тоҷик хеле бузург аст. Инҳо муҳорибаи назди шаҳри Москва, муҳорибаи Сталинград, муҳорибаи Курск дар ҳамаи ин муҳорибаҳо фарзандони тоҷик қаҳрамонӣ нишон доданд, аз қабили Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Туйчӣ Эрҷигитов ва ғайраҳо. Зиёда аз 54 нафар тоҷикон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушараф гаштанд. Ҳамин қаҳрамониҳои тоҷикон ва дигар халқҳои шуравӣ буд, ки соли 1944 фашистон аз хоки давлати шуравӣ пеш карда шуда ва артиши шуравӣ байрақи ғалабаро дар Берлин дар бинои рейхстаг овезон намуданд. Ҳамчунин кишварҳои Аврупоро аз фашизм озод намуданд. Қисми аз тоҷикони қаҳрамон то охири ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҷабҳаҳо ширкат варзиданд, аз ҷумла онҳо дар ҳайати артиши шуравӣ милитаристони Японияро сентябри соли 1945 торумор карда ба ватан баргаштанд.
Хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мо нахоҳад рафт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ онҳоро қадрдонӣ намуда, доимо ғамхорӣ изҳор менамоянд.
Дар фарҷом ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад».

Дадазода Д.О. - муаллим-методисти калони
қисми таълимии шуъбаи адъюнктураи
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия

Асламов Б.С. - ходими калони илмии
шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...