МИЗИ МУДАВВАР ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ
Бо мақсади таъмини иҷрои фасли 4 банди 12 нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотии Академияи, фасли 4 банди 2 нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотии кафедра, барои соли 2026 аз тарафи кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии МКД санаи 28 апрели соли 2026 дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабиниро сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Абдулло А.Р. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро барои ташриф овардан ба факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта тибқи барномаи кории мизи мудаввар иштирокчиёни ҳамоиши илми сармутахассиси Раёсати Саридораи ҳифзи сирри назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон референти давлатии хизматии дараҷаи II дар вилояти Суғд Шарифзода Х., мутахассис - пешбар Бониёззода Б. ва мутахассис Асадзода З - ро муаррифӣ карда қайд намуд, ки мақсади гузаронидани мизи мудаввар ин инкишоф додани савияи дониш ва ташаккул ёфтани мафкураи илмии мутахассисони ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ФОҶ мебошад. ки ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми баамалбарории ФОҶ яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷрои вазифаҳои дар пеш гузоштаи ин самт мебошад. Ҳифзи сирри давлатӣ дар ФОҶ бо роҳи таъмин ва риоя намудани принсипи пинҳонкорӣ ба тартиб даровардани низоми махфият ва амалбарориро ба саҳми ҳозирин расонид.
Сипас, мутахассиси пешбари Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Бониёззода Б. дар мавзуи омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» қайд карданд, ки сирри давлатӣ дар ФОҶ моҳияти хоса дошта, аз сифатнокии ҳифзи он дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуданд, ки муносибати беэҳитиётонаи кормандони оперативӣ бо маводи дорои маълумоти махфидошта метавонад ба гум кардани ҳуҷҷат ва баъзан қасдан ифшо намудани он оварда мерасонад, беҳуда нест, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва гум кардани асноди дорои сирри давлатидошта ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Баъдан муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, капитани милитсия бо маърӯза дар мавзӯи «Танзими ҳифзи сиррӣ давлатӣ дар ФОҶ», зимни баромад қайд намуд, ки пешниҳоди натиҷаҳои фаъолияти оперативи – ҷустуҷӯӣ диққати махсус ба он дода шудааст, ки пешниҳоди маводи сирри давлатидошта ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ва суд танҳо дар асоси қарори аз ҷониби роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯи тасдиқшуда дар бораи ғайримахфигардонии маълумоти сирри давлатидошта ва механизмҳои онҳо амалӣ мегардад. Тибқи меъёрҳои моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми амалӣ гардонидани ФОҶ пешбинӣ шудаанд ва баъзе аз инҳоро дар алоҳидагӣ омӯхтан зарур аст.
Инчунин курсанти курси 2, гуруҳи 203, милитсияи каторӣ Муҳиддинов Р. бо маърӯза дар мавзӯи «Таъмини ҳифзи сиррӣ давлатӣ дар ФОҶ» Махфият - ин падидаи иҷтимоист. масъалаи махфияти давлатӣ бевосита ба илм ва истеҳсолот вобастагӣ дорад. тартиб ва низоми махсуси муносибат ба сирри давлатиро мақомоти амаликунандаи ФОҶ ҳангоми кори амалӣ бояд риоя намояд.
Дар мизи мудаввар сардори кафедраи ФОҶ МКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. мавзуи мазкурро чунин хулоса намуд, ки тибқи меъёрҳои моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ФОҶ” ҳолатҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ҳангоми амалӣ гардонидани ФОҶ пешбинӣ шудаанд, бинобар ин омӯхтани қойидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо асноди дорои сирри давлатидошта ҳангоми амалӣ намудани ФОҶ, барои кормандони амалӣ зарур ва нақши муҳимро мебозад.
Дар қисмати охир сардори кафедраи ФОҶ МКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Абдуллозода Н.Р барои ҳамкорӣ, иштирок ва баромад ба меҳмонон изҳори миннатдории худро расонид.
Муаллими кафедраи ФОҶ МКД,
капитани милитсия Ревазода М.Р.







































































































































































