ПАЁМИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРӢ МИЛЛӢ
Дар фаъолиятҳои бисёрсамтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи миллат ва тақдири таърихии он ҳамчун нуқтаи меҳварӣ ҷойгоҳи вежаеро ишғол мекунад. Дар таълифоти сершумор, суханрониҳо дар симпозиумҳо ва нишастҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, суҳбатҳои расмию ғайрирасмии Пешвои миллат ҳамвора ба ин масъала ва худшиносию худогоҳии миллӣ ишора мешавад.
Гузашта аз ин, андешаи ба масъалаҳо дар ростои манфиатҳои миллӣ нигаристан аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид ва бар ҳар амали хоҳ хурду хоҳ бузурге, ки дар ҳамин замина аз ҷониби табақаҳои гуногуни шаҳрвандон роҳандозӣ мешавад, ҳамеша арҷ гузошта мешавад. Ба сурати боз ҳам густардатар масъалаҳои зикршуда дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз оғоз то интиҳо бо руҳияи баланди миллӣ, ифтихори тоҷикӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дарҷ шудааст. Ба ифтихори Ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлол, соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 далели дигаре бар ин андешаҳост.
Ба назари мо, нахустин бардошти муҳимму зарурӣ ҷиҳати такмили худшиносию худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати миллати тоҷик, истифода аз имкониятҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо дар самти иқтисоди рақамӣ, омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташкили хонаводаи бомаърифат ва тарбияи фарзандон мебошад, ки дар Паём ба онҳо махсус таъкид шуд. Яке аз заминаҳои асосии амалӣ шудани ин омӯзаҳо рушди иқтисоди миллӣ ва асосҳои моддӣ мебошад, ки сол аз сол афзудани онҳоро шоҳид ҳастем. Дар даҳ соли охир “ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт”.
Дар ҳамин замина маблағгузорӣ ба соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу санъат низ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Ҳар сол ҳамчун соҳаи калидӣ беш аз бисту як дарсади хароҷоти буҷаи кишвар ба маориф равона мешавад, ки бесабаб нест. Дастгирии ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф дар фаъолияти Роҳбари давлат ҳамчун самти афзалиятнок эълом гардидааст. Барои дарки ин ҷиҳати масъала ба моҳияти суханони Пешвои миллат дар ин хусус бояд сарфаҳм равем: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.
Сарвари давлат пуштибонӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди илму маорифро ҳамчун соҳаҳои муҳимму тақдирсоз “сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат” мешуморанд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаҳои мазкурро мунтазам зиёд менамояд: “Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷу ним баробар зиёд мебошад”, ки 21 дарсади хароҷоти буҷети давлатиро дар бар мегирад”.
Дар масъалаи сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки “аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ” вазъи омӯзиши ин забонҳо “дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезондани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд”.Муроҷиати Пешвои миллат ба волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа дар масъалаи “нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон” ва “бо камоли масъулият муносибат намудан” ба ин амри муҳим, қабл аз ҳама, ду ҳолатро ба зеҳн менишонад: 1) эҳсоси масъулияти сеҷониба ва дар айни замон баробари а) падарону модарон, б) омӯзгорон, в) аҳли ҷомеа ва 2) бетарафӣ зоҳир накардани яке аз се тарафҳо ва ба уҳдаи ҳамдигар вогузор накардани бори масъулият. Дар ҳақиқат, чунонки таъкид мешавад, “ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Зимнан, дар иртибот ба ҳамин масъала пешниҳод менамоям, ки ҷонибҳои сетарафаи зикршуда, махсусан омӯзгорону мураббиёнро зарур аст, ки дар фаъолиятҳои омӯзгорӣ ва тарбиятии худ дар симои ҳар як шогирд: таълимгирандаи муассисаи томактабӣ, хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шогирди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, донишҷӯи донишкадаву донишгоҳҳо ва соири шогирдон ояндаи давлату миллатро тасаввур кунанд. Бояд бовар ва чашмдоштамон чунин бошад, ки шогирдони хоми имрӯзи мо устодони пухтаи оянда хоҳанд шуд. Барои ба ин мақсад расидан омӯзгорону устодонро зарур аст, ки дар фаъолиятҳои худ ҳамеша бо назари таҳлилӣ, дидаи бознигарӣ, такмили дониши умумию тахассусӣ ва сатҳи касбӣ муносибат кунанд. Барои омӯзгорону устодон такмили шахсияти худ аз назари омӯзиш дар ростои садоқату ҳақиқат, таҳқиқи ҳамешагӣ дар мизони ростӣ ва садоқат, омӯзонидан бо шеваи ҳақиқатнамоӣ талаботи замони муосир мебошад. Чунин пиндор, ба назари мо, аз мафкураи интиқодӣ, ки дар ҷаҳоншиносии муосир зиёд матраҳ мешавад, судмандтар аст.
Бо таваҷҷуҳ ба масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, падару модаронро зарур аст, ки ба чунин суханони ҳидояткунандаи Пешвои миллат диққати махсус дода, онро дастури амали хеш қарор диҳанд: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон, азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.
Масъалаи муҳимми дигар эҳёи хотираи таърихии миллат мебошад, ки дар тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳии шаҳрвандон аз ҷумлаи муҳиммот ба ҳисоб меояд. Дар Паём ба ин маънӣ чунин омадааст: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”. Ба ин масъала аз ҷониби Роҳбари давлат ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Сохта ва ба истифода додани 150 иншооти соҳаи фарҳанг дар даҳ соли охир, таъмиру навсозии 350 иншооти дигар, бунёди Театри миллӣ “бо шароиту имконоти муосир” аз ҷумлаи ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки бо мақсади мазкур ва ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Эҳёи хотираи таърихии миллат масъалаи хеле зарурӣ ва дар айни замон заҳматталаб аст. Китоби хотираи таърихии миллати тоҷик бисёрҷилда буда, қадимтарин нусхаҳои он ҳамзамон бо мавҷудияти миллати тоҷик дар арсаи таърих қидмати замонӣ дорад. Ба назари камина, агар оғози худогоҳии милии миллати тоҷикро, ки ба дарозои мавҷудияти миллат реша дорад, ҳадди ақалл аз мақтаи замонии давраи Сомониён ба андеша бигирем, шоҳиди ифтихороти зиёде дар ҳамаи соҳаҳои илму дониш хоҳем гашт. Замони Сомониён аз назари ҷаҳонбинии илмӣ ва пешрафти захираҳои зеҳнӣ, чунонки С. Ф. Старр таъйид мекунад, низоми “аз ҷиҳати зеҳнӣ пешрафтатарнини ҷаҳони он давра” ба ҳисоб меравад. Ҷустуҷӯ дар решаҳо ва сарчашмаҳо худ аз худ моро ба давраҳои оғози таърихи нав ва марҳалаҳои пеш аз солшумории мелодӣ раҳнамоӣ мекунад. Масъалаи дигар “баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон”, аст. Бо ин мақсад дар даҳ соли охир бо кӯшиши муассисаҳои табъу нашри соҳаи фарҳанг “900 номгӯй адабиёти бадеӣ ва бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас” шудааст. Инчунин, дар ҳамин фосила “бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону дусад ҳазор нусха” китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба сурати ройгон ба ҳамаи хонаводаҳои кишвар ҳадя карда шуд. Ин туҳфаҳои гаронбаҳоро ҳамаи оилаҳои кишвар аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо руҳияи ифтихор ва шукрона қабул карданд.
Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани онҳо ба сифати “шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик” вазифаи таъхирнопазири ниҳодҳои масъули давлатӣ ҳисобида мешавад. Гувоҳи ин амри муҳим сатрҳои зеринанд, ки онҳоро бо ҳисси ифтихору қаноатмандии тамом бояд хонду ба зеҳн гирифт ва перомунаш андеша кард: “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзандӯзӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад...”.
Дар ҳамин росто, яке аз масъалаҳои арзишманди дигар, ки дар Паём ба он таъкид шудааст, ҳифзи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик мебошад. Дар воқеъ, дастовардҳои тамаддуну фарҳанги ҷовидонаеро, ки ниёкони мо ба мерос гузоштаанд, бояд соҳибӣ кунем, омӯзем ва аз асосҳои бунёдии он барои худшиносию худогоҳии фардию миллӣ ва тақвияти неруи дарки ҳувийяти миллӣ истифода кунем. Дар воқеъ, боиси ифтихори миллати фарҳангию тамаддунофари тоҷик аст, ки “гузаштагони некноми мо – ориёиҳо, ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ, онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувийятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.
Дар ҳошияи ин дастурҳои ҷовидонӣ ва дар батни бахше аз омӯзаҳои мундариҷ дар он – “мероси оламшумули аҷдоди худ”, “соҳибӣ кардан”, “омӯхтан”, “идома додан” ва “барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувийятсоз ба мерос гузоштан” зикри як нуктаро муносиб медонам. Манзури инҷониб, ҷамъ овардани дастхатҳои ношинохтаи аз ниёконамон ба меросмонда, барқарор кардани ҳаёту эҷодиёти шоирону нависандагон ва дигар бузургони илму адаби гузаштаамон дар ҳамаи соҳаҳои донишу маърифат, ба сурати ҷузъӣ, омӯзиши таърихи илмҳо ва таъйини саҳми бузургони гузаштаи мо дар тарвиҷи илм дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба сурати куллӣ, аст. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои илмӣ баъзан андешае садо медиҳад, ки гӯё дар қолаби монографӣ омӯхтани ҳаёту эҷодиёти адибони асримиёнагӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ кори шоистае набошад. Баръакс, ба назари мо, давраи магистирию докторантӣ ва зинаи баъдӣ фурсати мусоиде барои иҷрои чунин тарҳҳои илмӣ мебошад. Моро зарур аст, ки бо тарҳҳои вежаи пажӯҳишӣ ба ин самти ковишҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунем. Давраи дигаргун сохтани назару биниш дар масъалаи омӯзиши таърихи ҳар як илм ва намояндагони бузурги онҳо кайҳо фаро расидааст. Мо бояд дар заминаи ин биниш ба як нуктаи муҳимме, ки пажӯҳишгари тавонои амрикоӣ, ҳамзамони мо Фредерик С. Старр дар китоби “Маърифати гумшуда. Асри тилоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг” ишора кардааст, бо андешаву тааммули бештар таваҷҷуҳ кунем: “Бисёр навиштаҳои Ғарб, шояд аксарият, то имрӯз Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Ғаззолӣ ва дигаронро ҳамчун арабҳо ба қалам медиҳанд. Ин иштибоҳи бузургро ҳатто дар баъзе аз боэътимодтарин таърихҳои фалсафа ва илми Аврупо ва Амрико ёфтан мумкин аст”
Иштибоҳи ғарбиён, албатта, қабл аз ҳама, аз забони арабии асарҳои мутафаккирони ёдшуда ва дигар бузургони соҳаҳои гуногуни илм сарчашма мегирад. Ба расми маъмул ва бинобар мавқеи забони арабӣ дар асрҳои миёна, ки ҳамчун “забони илм ва маърифат дар ҷаҳони Исломи он даврон” ба тарвиҷи орову афкор дар паҳнои васеи ҷуғрофӣ мусоидат мекард, асарҳои илмӣ бештар ба забони арабӣ навишта мешуданд. Аммо чунин дарк дар дигар минтақаҳои олам, аз ҷумла баъзе кишварҳои Шарқ, чӣ тавр аст?! Ҳолати ҷаҳони муосир ва талошҳои дурӯғин дар ин масъала ҳоҷати тавзеҳ надорад...
Дар идомаи андешаи ҳифзи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддӣ арз мекунем, ки мо ду Пешниҳод-Амри Роҳбари давлатро дар хусуси бунёд намудани а) Конуни тамаддуни ориёӣ ва б) Маркази байналмилалии Наврӯз тасмиме мондагору ҳувийятсоз меҳисобем. Тавзеҳи ин ду амри муҳимро ба таври равшан дар сатрҳои гӯёи Паём дармеёбем: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувийят ва асолати мо – тоҷикон мебошанд. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда, дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.
Тарбияи наслҳои оянда аз ҷавонони имрӯзи кишвар сар мешавад, ки Пешвои миллат ба онҳо эътимоду боварӣ доранд. Дар баробари он, ки Роҳбари давлат ҷавононро ҳамчун “неруи асосии пешбарандаи ҷомеа” мешиносанд, аз “ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастии онҳо ифтихор” мекунанд. Ҷавононро зарур аст, ки ба чунин боварӣ сазовор бошанд ва ҳамвора дар пайи ҷустҷӯ ва омӯзиш талош варзанд.
Дар маҷмуъ, дарки саҳеҳ ва шинохти пурраи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ростои худшиносию худогоҳии миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва дар асоси руҳияи миллӣ, ҳувийяти миллӣ, мафкураи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ба роҳ мондани тамоми навъҳои фаъолият қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар тарозуи манфиатҳои миллӣ андоза гирифтан ҳангоми пиндор, андешидан пеш аз гуфтор, мувозибат дар кирдор ва тасмимгириҳо дар иҷрои амреро пайваста таҷриба мебояд кард.
Сарнозири маркази тести факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.,
капитани милитсия
Муродӣ Б.А.
Сардори кабинети кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.,
лейтенанти милитсия
Шавкатзода И.Ё.







































































































































































