Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо доктори илмҳои равоншиносӣ дар факултети №4-и Академияи ВКД

187

2-юми майи соли 2018, дар партави иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, вохӯрӣ бо доктори илмҳои равоншиносӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Саидмурод Давлатов баргузор гардид. 
Мақсад аз вохӯрӣ баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими малакаи зеҳнии курсантон дар мавзӯъҳои «Оила асоси ҷомеа ва асрори хушбахтии оилавӣ», «Чӣ хел ба халқу Ватан содиқ будан ва хизмат кардан», «Интихоби дурусти касб ва идоракунии вақт» иборат буд. 
Тамоми ҳайати шахсӣ ва шогирдони ин даргоҳи маърифат ва меҳмонони гиромиқадр аз пойтахти кишвар: сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Давлатшоев А. ва сардори шуъбачаи ҷобаҷогузории кадрҳои Академияи мазкур, подполковники милитсия Хушвахтова Бибихол иштирок карданд. 
Суханро сардори факултети №4-и Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло оғоз намуда, олими равоншиносро ба ҳамагон муаррифӣ намуд.

188

Саидмурод Давлатов дар назди меҳмонону курсантон баромад намуда, зикр кард, ки яке аз омилҳои самарабахши фаъолияти касбӣ риоя намудани одоби муоширати корӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, корманди ин соҳа бояд малакаи баланди муошират намуданро дошта бошад.
Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Мо давлатамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғоз кардаамон ақлонаву содиқона бошад, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста сайъ кунем, ки Ватани зебоямонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи дунё мубаддал гардонем.
Дар фарҷоми вохурӣ аз тарафи олими равоншинос ба китобхонаи факултети №4 аз ҳамаи китобҳояш се нусхагӣ тақдим карда шуд.
Баҳодурзода Мутрибахон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...