ОМОДАГИҲО БАҲРИ БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶАМИЯТИИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани «Ҳафтаи илм» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор тадбирҳо, аз ҷониби сардори Академия н.и.ҳ., дотсент генера-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба роҳ монда шуданд, аз ҷумла, аз ҷониби кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои кафедраи мазкур дар байни омӯзгорону аъзоёни ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ»ва курсантон баргузор гардид.







































































































































































