Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИФОИ РИСОЛАИ ҲИМОЯИ НОМЗАДИ

2644Дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ назди Инистути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 5 марти соли 2026 ҳимояи рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ба номи Садриддин Айнӣ, дотсенти кафедраи Амнияти иттилоотӣ ва технологияи рақамии факултети 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташрифзода Фозил Қурбон баргузор гардид.

2645Ташрифзода Фозил Қурбон дар мавзӯи «ТАЪРИХИ ТАЪСИС ВА РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (1991-2024)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналмилалии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 6.1.—Илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ (6.1.1. Таърихи ватан) бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсат ва ҳайати профессору омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташрифзода Фозил Қурбонро бо ин дастоварди баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, ва дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиашон пешравиҳои нав ба навро таманно менамоянд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...