ФАТҲГАРӢ ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНДИ ИЛМӢ



Имрӯз ба муносибати пешомади Рӯзи илми тоҷик, як рӯйдоди фараҳбахш ва хотирмон дар ҳаёти илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки ин ҳам бошад, дифои рисолаи доктории профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, факултети № 6 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир мебошад, ки дар сатҳи чашмраси илмӣ гузашт ва ӯ кори илмии худро бо муваффақияти комил ҳимоя намуд.
Сафарзода Ҳаёт Сайдамир 20 январи соли 1973, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1997 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси "Забон ва адабиёти шарқ" ва соли 2000 Институти андоз ва ҳуқуқиро бо ихтисоси "Ҳуқуқшинос" хатм кардааст.
Ӯро ҳамчун шахси кордон ҳалиму меҳрубон, хоксору қадршинос, нодир, инсондӯсту адолатпарвар, накукору хайрхоҳ аз айёми ҷавониаш мешиносам. Ман соли 2014 бо ҳукми тақдир аз кори амалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи хизмат ба махзани тарбияи кадрҳои касбии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун роҳбари кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шудам ва яке аз аввалин шахсиятҳое, ки барои табрикоти ман омад Сафарзода Ҳаёт Сайдамир буд ва он замон сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2-и Академияро бар уҳда дошт. Ӯро дидаму руҳам болида гардиду дар вуҷудам як эҳсоси боварӣ ба кор пайдо шуд. Акнун ботинан ба худ гуфтам, ки албатта бо такя намудан ба чунин нафарон, ки солиёни зиёд дар самти омӯзгорӣ фаъолият доранд ва бо дастгирии онҳо аз уҳдаи кори ба зиммаам гузошташуда хоҳам баромад ва ҳамин тавр ҳам шуд .
Воқеан номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ба ҷавонии худ нигоҳ накарда дар самти фаъолияти илми худ (муқовимат бо терроризм ва экстремизм) таҷрибаи бой дошта, шахси боэътимод ва равнақбахшандаи фаъолияти ҳуқуқшиносони ҷавон дар муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии “Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва берун аз он шӯҳратёр аст ва ин бесабаб нест, зеро зери роҳбарии ӯ чор нафар шогирдонаш рисолаи номзадии худро дифоъ намудаанд ва ду нафар дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Сафарзода Ҳаёт Сайдамир зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази омодасозии кадрҳо барои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар вазифаҳои гуногун фаъолияти корӣ дорад. Ӯ хизматро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 28 октябри соли 2006 оғоз намуда дар вазифаҳои зерин кор кардааст: Сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2; Сардори кафедраи назарияи идораи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1; Сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2; Сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 15 сентябри соли 2022 то ҳоло дар вазифаи профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, факултети № 6 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Имрӯз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо махзани муҳими тайёр ва бозтайёркунии кадрҳои баландихтисос барои эҳтиёҷоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии кишвар ва маркази мустаҳками илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Балки он ба боргоҳи тарбияи ҷавонони далеру шуҷоъ, ватандӯстони асил, мушкилнописанд ва кафилони озмудашудаи тинҷиву амнияти кишвар ва ҳомиёни ҳақиқии қонун, адолат, шарафу номус ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон табдил ёфтааст, ки дар ин раванд саҳми арзандаи устод, омӯзгор Ҳаёт Сайдамир низ намоён ҳаст. Дастоварди шоиста ва муносиби имрӯзааш натиҷаи заҳмати пайгирона, талошҳои шабонарӯзӣ ва муҳаббати самии ӯ ба илму маърифат мебошад, ки бо иродаи қавӣ ва диди амиқи илмӣ тавонист ба чунин марҳилаи муҳим бирасад ва мо низ ба хурсандии ӯ шарикем.
Рисолаи номзадиашро соли 2005 дар Шурои диссертатсионии К-203.002.01 дар Академияи идоракунии ВКД Россия дар мавзӯи "Мушкилоти қонунгузорӣ ва таснифи терроризм (дар маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ)" аз рӯи ихтисоси 12.00.08 - Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷроияи ҷиноятӣ дифоъ намудааст.
Мавзӯи таҳқиқотии рисолаи докториаш бошад, “Таҳқиқоти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии асосҳои консептуалии муқовимат ба экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз мавзуҳои бисёр муҳиму арзишманди замони муосир ва давоми мантиқии рисолаи номзадиаш ба ҳисоб меравад. Андешаманд аз он аст, ки таҳқиқи анҷомдодаи ӯ “бандубасти дурусти ҳуқуқии ҳама шакл ва намудҳои экстремизми зӯроварона ва ғайризӯроварона таҷдиди назар кардани равишҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкуниро тақозо мекунад. Зеро, то имрӯз, илми ҳуқуқи ҷиноятӣ маҳакҳои мушаххаси қонунгузориро барои муқаррар кардани унсурҳои ҳукуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятии дорои хусусияти экстремистӣ таҳия накардааст. Ғайр аз ин, маҳакҳо оид ба фарқ кардани ҷиноятҳои сершумори хусусияти экстремистидошта аз ҳамдигар ба талаботи асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ вобаста ба мушаххасӣ ва пурагии меъёрҳои он ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, омӯзиши системавӣ ва амиқи таркиби ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти экстремистӣ, ҳам барои илми ҳуқуқшиносӣ ва ҳам барои мукаммалгардонии амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ самти афзалиятнок маҳсуб меёбад” ва омӯзиши ин дар ин давраи ҳассоси замони муосир, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ нақши калиди дорад, равона гардидааст.
Аз ҷониби довталаби дараҷаи илмӣ дар мавзуи рисолаи дифоъшавандааш 71 нашри илмӣ ба табъ расонидааст, ки аз он 5 монография, 3 китоби дарсӣ, 3 маводи илмӣ-таълимӣ, 9 маводи таълимӣ-методӣ ва 51 мақолаи илмӣ иборат аст, аз ҷумла 20 мақолаи илмиаш дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда нашр гардидаанд.
Ҳимояи муваффақонаи рисолаи доктории ӯ гувоҳи дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, хоксорӣ, поквиҷдонӣ, хештаншиносӣ, заҳматдӯстӣ ва садоқати самии ӯ ба роҳи илм аст. Дар шахсияти ӯ мо як олими ҷӯё, таҳқиқгар, ашхоси масъулиятшиносу меҳанпарастро мебинем, ки бо истифода аз манъбаҳои боэътимод, навиштаҳои олимони дохиливу хориҷӣ ва таҳлилҳои муосирро ҳадафи таҳқиқот қарор дода, дар таҳияи назариявии маҳакҳои қонунгузории аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба криминализатсия ва декриминализатсия кардани кирдорҳои хусусияти экстремистидоштаро аз ҷиҳати илмӣ равшан сохтааст. Ин коркард, аз як тараф ба криминализатсия кардани он зуҳуроти экстремисте, ки хатари воқеии ҷамъиятиро ба вуҷуд меоранд ва аз тарафи дигар, ба декриминализатсия кардани кирдорҳое, ки хатари воқеӣ надоранд, нигаронида шудааст.
Ин комёбӣ на танҳо барои худи ӯ, балки барои тамоми ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарбаландист. Зеро ҳар як дастоварди ҳайати професорону омӯзгорон ва олимони донишманди боргоҳи илму маърифат, ки ҳамқадам ба истиқлолияти давлатист, қадаме ба сӯи пешрафти илму фарҳангӣ миллӣ мебошад.
Дар охир аз номи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсиятҳое, ки дар амалисозии фаъолияти илмии бародари мо Сафарзода Ҳаёт Сайдамир, саҳми назаррасе доштанд, бахусус: Мушовири илмӣ: Зоир Ҷурахон Маҷидзода – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Муқарризони расмӣ: Қудратов Некруз Абдунабиевич – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналлмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон; Салаев Нодирбек Сапарбаевич – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва муқовимат ба коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон; Давлатзода Комрон Давлат – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, аз забони шоир гуфтаниям, ки:
Кам бувад азми ҷавонмардӣ дар ин дунёи пир,
Ҳар ки дасти мо бигирад, эй Худо дасташ бигир.
Бо умеди ин бори дигар аз номи як зумра дӯстон, устодон, ҳамкасбон, шогирдон ӯро ба муносибати ҳимояи рисолаи докторӣ табрику таҳният гуфта ба ӯ пеш аз ҳама саломатӣ, хушиҳои рӯзгор, комёбиҳои беназир, осмони софу беғубор таммано дорем ва орзӯ мекунем, ки дар роҳи пешрафти илми ҳуқуқшиносӣ боз ҳам муваффақтар гардад. Бошад, ки бо ин ҳама неруву тавони эҷодии худ таълифоту таҳқиқотҳои боз ҳам бунёдиро таълиф намояд. Умед мекунем, ки ин қулла доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарзода Ҳаёт Сайдамирро ба қуллаҳои нави мурод раҳнамоӣ намояд ва ба кашфиётҳои нав номи худро дар саҳифаҳои илми ҳуқуқшиносии кишвар ҷовидона созад ва фатҳгарӣ қуллаҳои аз ин ҳам баландтари илмӣ ҳуқуқшиносиро пайгирӣ намояд. Муборакамон бошад, бародари азиз, аз Шумо ифтихор дорем!
Файзалӣ ҚОСИМОВ,
полковники милитсия







































































































































































