Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо курсантдухтарон дар шаҳри Хуҷанд

189

Имрӯз бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

3-юми майи соли 2018 вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори кафедраи забонҳои Академияи мазкур, номзади илмҳои филология, полковники милитсия Давлатшоева А. ва сардори шӯъбачаи ҷобаҷогузории кадрҳои ҳамин Академия подполковники милитсия Хушвахтова Б. бо занону духтарони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Сараваал, сардори факултети №4-и Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, диққати ҳозиринро ба бузургии зан-модар ва рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ баён дошт.
Зикр гардид, ки дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан, инчунин ба корҳои нек ҳидоят мекарданд ва имрӯз ин рисолатро ба зимма доранд ва боварӣ дорам, ки курсантдухтарону занҳои факултети мо минбаъд ҳам вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди ватандустӣ, интизоми намунавӣ ва хизмати содиқона ба ватану миллати худ иҷро менамоянд.
Сипас, полковники милитсия Давлатшоева А. бо курсантон ва занони факултет суҳбат ороста, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварданд, ки «Дар шароити соҳибистиқлолияти Тоҷикистони имрӯза занон ба қувваи тавонои иҷтимоӣ, иқтисодии ҷумҳурӣ табдил ёфта истодаанд» ва ин нукта борҳо дар суханронии Сарвари мамлакат таъкид шудааст.
Ватану миллат бо сутунҳои бузургаш устувор аст: ягона будани сарзамин, ягонагии хун ва ягона будани фарҳангаш. Мо бояд аз гузаштаи худ ифтихор кунем, хештаншинос бошем, чунки тоҷиконро ҷаҳониён чун мардуми соҳибтоҷ, бомаданият, боақлу бомаърифат ва бо либоси миллии худ мешиносанд, - чунин иброз дошт дар идомаи суҳбат Давлатшоева А.

190
Дар фарҷоми суҳбат курсантдухтарон ва занони факултети мазкур ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия, ҳамчунин ба муаллима Давлатшоева А. барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва суҳбати пурмӯҳтаво изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда занону духтарони соҳибмаърифати факултети №4-и Академияи ВКД барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди демократикунонии ҷомеа ҳиссагузор хоҳанд буд. Таве устод Лоиқ фармудаанд:
Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гули гулзори замин як гули рухсори зан аст.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси Факултети №4, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...