ОИД БА ХУСУСИЯТҲОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2025-2030
Дар шароити муосир нақши ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт афзоиш меёбад. Ин пурра ба соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, инчунин ба соҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дахл дорад. Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 (минбаъд - Барнома) мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила муайян намуда, тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар ин самт ҳамоҳанг месозад. Барнома дар доираи афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ гардидааст, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №167 тасдиқ гардидааст, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 801 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст. Таҳлили вазъи кунунии зӯроварӣ дар оила нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занонро эътироф кардааст, ки татбиқи онҳо барои беҳтар кардани мақоми занон дар ҷомеа равона шудааст.
Бо мақсади такмили қонунгузории амалкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои занон, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва бартараф намудани қолабҳои гендерӣ соли 2017 дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 тасдиқ гардид, ки мақсади асосии Барномаи мазкур фаъолгардонии кӯшишҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини сиёсати самараноки гендерӣ дар кишвар, роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ, ташаккули низоми созандаи муносибатҳо дар он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар натиҷаи тадбирҳои дар доираи амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 андешидашуда натиҷаҳои зерин ба даст омаданд: ҳамкорӣ байни тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, иштироки фаъоли мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила таъмин гардид; заминаи ҳуқуқии ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт ташаккул дода шуд; таъминоти иттилоотии фаъолият доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила беҳтар карда шуда, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ ва маводди иттилоотию раҳнамоикунанда дар ин самт ба табъ расонида шуданд; аз тарафи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд; бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ, муайян намудани роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ҳангоми расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз 4 июли соли 2020, №1694 қабул гардид; дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 воҳиди кории нозири минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуд; ҷиҳати расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ҳамчунин расонидани ёрии равонӣ, равонпизишкӣ, наркологӣ ва пешгирию табобатӣ ба ҷабрдида ва шахсоне, ки ба зӯроварӣ дучор шудаанд, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 22 ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуд; дар доираи амалисозии фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз соли 2015 бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ 2 маркази хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб таъсис дода шуд; аз соли 2021 Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо 30 ҷойи хоб таъсис гардид, ки дар он то нимсолаи якуми соли 2024 ба 228 зану кӯдаки ҷабрдидаи зӯроварӣ хизматрасонии ройгони тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ расонида шуд; бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳру ноҳияҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №622 дар Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия то соли 2024 54 воҳиди кории ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд; бо мақсади пурзӯр намудани воситаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва тасҳеҳи рафтори шахси зӯровар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант ҳуҷраҳои машваратии кор бо зӯроварон таъсис ёфта, фаъолият доранд; сабабу омилҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда аз ҷониби ниҳодҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд; бо мақсади расонидани ёрии саривақтӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон телефонҳои боварӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ бо рақами 19-19, 221-21-21, дар Вазорати адлия бо рақами 30-40, дар Кумитаи кор бо занон ва оила бо рақами 13-13 ва дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рақами 11-13 ташкил карда шуданд;
- бо мақсади ба таври ройгон расонидани ёрии зарурии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба ҷабрдидагон 9 ташкилоти ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, 14 маркази захиравии занон ва 4 паноҳгоҳ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд;
- ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси кормандони вазорату идораҳое, ки дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият мебаранд, маводди ёрирасон, дастурамалу роҳнамо ва унсурҳои таълимӣ таҳия ва нашр гардиданд;
- дар воситаҳои ахбори омма нашри пайвастаи мавод доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва хатари он ба ҷомеа ба роҳ монда шуд;
- ҷиҳати тағйир додани рафтор ва муносибати ҷавонон ба зӯроварӣ дар оила наворҳои видеоӣ таҳти унвони «Қувваи ман барои зӯроварӣ нест», «Мардҳои Тоҷикистон ҷонибдори сулҳ дар оила», «Занонро эҳтиром бояд кард», «Таъсири зӯроварӣ ба фарзандон», «Корҳои хонагии бемузд» таҳия гардиданд;
- оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баробарҳуқуқии мардону занон дар театрҳои касбию халқии ҷумҳурӣ намоишномаҳои тарбиявию ахлоқӣ омода гардида, ба тамошобинон пешкаш шуданд.
Сарфи назар аз корҳои анҷомдодашуда дар масъалаҳои зӯроварӣ дар оила, ноил шудан ба баробарии воқеии гендерӣ, инчунин рафъи монеаҳое, ки барои ба даст овардани натиҷаҳо дар ин самт халал мерасонанд, мушкилоти зерин мушоҳида мешаванд: ҷой доштани қолабҳои шахшудаи хурофотӣ дар мафкураи ҷомеа; вобастагии иқтисодии занон аз мардон ё баръакс дар оила; мавҷуд будани мушкилот барои ба кору таҳсил фаро гирифтани занону духтарон; сатҳи пасти фарҳангу одоби муносибатҳои оиладорӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва савияи дониши аъзои оила; гирифтории бемории руҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ; таъсири филмҳои дорои саҳнаҳои муноқишаҳои оилавӣ, истифодаи ғайримақсадноки телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сатҳи нокифояи ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, марказҳои ёрирасон ва бахшҳои тавонбахшӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; номукаммалии заминаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила.
Ҳадафи Барномаи мазкур ҳифзи ҳуқуқҳои оила ҳамчун асоси ҷамъият, пешгирии зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, баланд бардоштани масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, густариши ҳамкории вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт мебошад.
Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд: такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ва баланд бардоштани масъулияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар иҷрои вазифаҳо дар оила; таъсиси Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи Низомномаи он; дастгирии марказҳои ёрирасон, ташкили ҳуҷраҳои ҷойгиркунии муваққатӣ, додани паноҳгоҳ барои будубоши муваққатӣ ба ҷабрддидагони зӯроварӣ; ҷоннок кардани фаъолияти телефонҳои боварӣ дар назди субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила; дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ зиёд намудани воҳидҳои кории минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; баррасии масъалаи ташаккули заминаи ҳуқуқии кор бо зӯроварон; баррасии масъалаи шомил намудани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ба рӯйхати гирандагони ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа; ташкили чорабиниҳои дахлдор барои баланд бардоштани тахассуси кормандони вазорату идораҳое, ки бо масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила машғуланд.
Бо мақсади таъмини амалишавии ҳадаф ва вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда самтҳои афзалиятноки зерин муайян карда мешаванд: таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила; такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, ақдҳои никоҳи бармаҳал, ҳифзи манфиатҳои занон ва кӯдакон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ, тартиби таъмини дастрасии ройгон ба хизматрасониҳои муассисаҳои тиббии давлатӣ; тақвияти корҳои тарғиботӣ бо мақсади тағйир додани афкори омма оид ба зӯроварӣ дар оила ва аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ; ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳангсозии вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ, ошкор, бартарафсозии омилҳои зӯроварӣ дар оила ва расонидани ёрии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ба зӯроварӣ дар оила гирифтор шуданд; баланд бардоштани масъулияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдак; тибқи тартиби муқарраршуда таҳияи дастурамал, низомнома, роҳнамо ва унсурҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кормандони субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ва роҳандозии фаъолияти самараноки онҳо; таҳияи маводди иттилоотӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила; гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва амалӣ оид ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои ҳалли он; баррасии масъалаи таъсиси маркази дастгирии ҷабрдидагони зӯроварӣ барои ноболиғон; баррасии масъалаи таъсиси махзани ягонаи маълумоти оморӣ оид ба бақайдгирии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила; омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила; истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ баҳри ба ҷомеа расонидани моҳияти оқибатҳои зӯроварӣ дар оила ва бисёрникоҳӣ; мониторинги доимии амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои зӯроварӣ дар оила ва дар ин замина андешидани чораҳои дахлдор.
Натиҷаҳои чашмдошт аз амалишавии Барнома: муносибати ҷомеа ба зӯроварӣ дар оила тағйир ёфта, қишрҳои гуногуни ҷомеа баҳри бартараф кардани он тадбирандешӣ менамоянд; баробарҳуқуқии аъзои оила ва риояи ҳуқуқҳои онҳо таъмин карда мешавад; механизми шарикии иҷтимоии сохторҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва ошкор кардани зӯроварӣ дар оила муайян ва татбиқ мегардад; қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила такмил дода мешавад; сатҳи зӯроварӣ дар оила дар миқёси ҷумҳурӣ коҳиш меёбад; омори зӯроварӣ дар оила дақиқ карда мешавад; марказҳои ёрирасон, ҳуҷраҳои муваққатӣ, паноҳгоҳ барои будубоши муваққатии ҷабрдида дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёд карда мешаванд; муносибатҳои равонӣ дар оилаҳо беҳтар гашта, сатҳи иҷтимоии онҳо баланд бардошта мешавад; масъулияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълим ва тарбияи кӯдак баланд бардошта шуда, ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон таъмин карда мешавад.
Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади асосии мониторинг ва арзёбӣ таъмини самарабахшии иҷрои Барнома ва беҳтар намудани фаъолият дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои он мебошад. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳаваӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
Нақши муҳим дар татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» ва «Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» Шурои байниидоравиӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебозад.
Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шуро) мақоми байниидоравии машваратӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст.
Шуро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.
Вазифаҳои асосии Шуро аз инҳо иборатанд: таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; таҳияи пешниҳодҳо оид ба амалисозии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва расонидани кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ; омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳияи пешниҳодҳо доир ба дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила; гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳолати ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила; ҳалли масъалаҳои дигари марбут ба пешгирии зӯроварӣ дар оила.
Шуро барои татбиқи мақсаду вазифаҳои гузошташудаи зерин ҳуқуқ дорад: тибқи тартиби муқарраргардида мавод ва иттилооти барои иҷрои вазифаҳои Шуро заруриро аз вазорату идораҳои дахлдор мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дархост намояд; барои иштирок дар кори Шуро намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ташкилотҳоро даъват намояд; дар таҳия ва татбиқи барномаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила иштирок намояд; дигар масъалаҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баррасӣ намояд.
Уҳдадориҳои Шуро: ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии фаъолият дар соҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳлил ва ҷамъбасти пешниҳоду дархости вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои дигар оид ба масъалаҳои зӯроварӣ дар оила; тасдиқи нақшаи кори ҳарсолаи Шуро.
Ҳамин тариқ ба хулоса омадан мумкин аст, ки Барномаи мазкур хуҷҷати стратегӣ ба ҳисоб рафта баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад.
Шарифзода Парвини Раҳмулло
Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ
ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
подполковники милитсия







































































































































































