Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАХШИДА БА 14-УМИ АПРЕЛ - РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

2642Илму маърифат - фазилатхои бузурги инсонӣ

«Ман хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Эмомалӣ Раҳмон

Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест. ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон одам буд, фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вуҷуд дорад, аммо нахлу умеди варо самар набувад. Шахси бофазл дар ҳамаи давру замонҳо соҳибиззат аст. Ӯро ҳамагон ҳамчун ҳидоятгар, пурдону маърифатомӯз иззату эҳтиром мекунанд. Албатта, ҳамаи ин нишонаҳои инсони комиланд, ки худ ба осонӣ ба кас муяссар намегарданд. Ҳанӯз аз қадимулайём бузургон, донишмандон ва фозилони даҳр танҳо тавассути омӯзиш, мутолиаи фарҳанги ғании гузаштагонамон донишу маҳорати хешро сайқал дода, машҳур гардидаанд.

Агар хоҳи шудан бар сарварон сар,
Биомӯзу биандешу биофар .

Соҳибилмон ҳаргиз азият намекашанд, зеро онҳоро ақлу хиради омӯхтаашон роҳбаладӣ мекунад, аз камию костӣ эмин медорад, аз бадиҳо дур мегардонад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Омӯхтани илм тафовутдиҳандаи инсони комил аз дигар махлуқоти олам аст, ки ҳамаи бадбахтиҳоро рафъ карда, зиндагиро таровату сурур мебахшад.
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯ мебахшад. Шахсе, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон аз ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад. Дар Куръони Шариф низ зикр шудаасг, ки ҳеҷ гох олимону ҷоҳилон баробар нестанд, балки дараҷаи олимон болотар аст. Дар Ҳадисҳои бузурги Пайғамбарамон омадааст, ки талаби илм бар ҳамаи марду зани мусулмон фарз аст, ё фармудааст, ки зи гаҳвора то гур дониш биҷуй. Пас мо занҳоро месазад рӯ ба хирад орем, зеро дар тӯли таърихи инсоният занони далеру шуҷо, хирадманду бомаърифат, боиродаву боиффат тавонистанд исбот намоянд, ки маҳз хираду дониш, ҷасоат ва фарҳанги хонадории зан сутуни давлат ва пойдевори зиндагии ҳар хонадонро побарҷо месозад. Албатта, чи қадаре ки занон босаводу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа нуронӣ ва фарзандон ботарбияву хушахлоқ мешаванд. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармуда: “Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурутанию шикастанафсӣ раҳнамун созад”.
Зан-модар муҷизаест, ки дар садафи ӯ қимматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтарин инсонхо- чи аз паёмбарон ва чи аз урафову шуҳадо ва уламо ва он шахсиятхое, ки чаҳон дар баробарашон ангушти ҳайрат газидааст, ҳама дар домани поки модар парвариш ёфтаанд.
Занонро гар зи дониш зеваре аст,
Умеди рӯзгори дигаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре хаст.

Омухтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт аст. Омӯхтани илм дар дил андухтани ҷамоли одамист, ки болидаруиву фазлу камоли инсонро нишон медихад.

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қулфкушои ҳама дарҳост илм .

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои хеш ба муносибати Рӯзи Модар қайд намуданд, ки рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ватанамон, муҳимтар аз ҳама ба камол расонидани насли дорои дониши мукаммал, аз дастовардҳои илму технологияи муосир бохабар, худогоҳу худшинос, ватанпарвару меҳандӯст ва бархурдор аз арзишҳои милливу умумибашарӣ аз сатҳи маърифати занону модарон ва ҷавондухтарон вобаста аст. Омӯхтани илм омӯхтани асрори чаҳони пурроз аст. Омӯхтани илм, андухтани дониши мукаммал аст, омӯхтани илм тафовутдиҳандаи инсони комил аз дигар махлуқоти олам аст, ки ҳамаи бадбахтихоро рафъ карда, зиндагиро таровату нур ва хушиву сурур мебахшад.
Боиси тазаккур аст, ки занони тоҷик имрӯз дар пешрафти ҷомеа нақши босазо доранд, сарбаландӣ, ирода, мустақилӣ, шарафу нанг ва ғурури миллии онҳо дар заминаи аз худ намудани илму маърифат ва технологияи муосир ба зуҳур омадааст. Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст.
Зиндагӣ собит кард, ки зан қудрат дорад олимаи хуб, сиёсатмадори варзида, варзишгари бомаҳорат, ҳуқуқшиноси барҷаста, табиби ҳозиқ, рӯзноманигори хушсалиқа, корманди шоистаи мақомоти корҳои дохилӣ ва модари мушфиқу меҳрубон бошад. Вале рисолати ҳар як зан-модар, пеш аз ҳама тарбияи фарзанд аст, фарзанде, ки бо як ҷаҳон умеду ифтихор ӯро ояндаи Тоҷикистон ном мебарем. Таъкиди Пешвои муаззами миллат низ бамаврид аст: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мақому манзалати волои зан дар ҷомеа тақозои онро дорад, ки занони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад. Ба ин маъни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Зеро маълум аст, ки ҷомеаи солиму пешқадам ба занони ҷисману руҳан солим, бомаърифату нексиришт, боиффат, бофарҳангу поктинат,заҳматписанду ватандӯст, ҳамеша ниёз дорад. Ба ин маъни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҳаёт собит месозад дар он хонаводае, ки зан- модар бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд» . Яке аз нишонаҳои солим будани оила аз муносибати ғамхорона ба зан-модар, зан-мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст. Дар байни мардуми мо падидаи неке ҳаст, вақте ки мо писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте ки духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад, ки барҳақ аст. Оре, ҳеҷ ганҷе бузургтар аз дониш нест, чунки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Соҳибилм соҳибдавлат аст, соҳибиззату соҳибкамол ва намунаи ибрати ҳамагон аст. Аммо шахсе. ки аз илму донш бохабар нест ва низ намекушад, ки соҳибилм бошад, худ оқибат аз кирдори ношоистаи худ пушаймон мегардад. лекин умр барои инсон ҳамагӣ як бор дода мешаваду шахсе ки онро пайи омӯхтани амали носавобе сарф мегардонад, хатои бузурге содир мекунад. Бахусус зан-модар, ки рисолати тарбиятгароӣ дорад, донишу илм омӯзад, то ҳаёт хубу бо номи нек гузарад ва фарзандони накӯноми миллатро ба воя расонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати Рӯзи модар иброз намуданд: «Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид» . Дар тули истиқлолияти хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои зиёдеро таҳия намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона шудаанд. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии низ яке аз санадҳое мебошад, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи занон, бахусус дар соҳаи илм мусоидат менамояд. Ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ принсипҳои конститутсиониро дар бораи баробарии мардону занон низ тақвият медиҳанд. Ин аст, ки имрӯз занон дар соҳаҳои гуногуни илм бо тадқиқу таҳқиқи илмӣ машғуланд ва дар пешрафти он саҳм мегузоранд.
Маърифатнокии занон пеш аз ҳама ба дараҷаи ҷаҳонбинӣ, дониш ва таҷрибаи иҷтимоии онҳо вобаста буда, бевосита ба тарбияи фарзандон, сатҳи некуаҳволии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Баланд бардоштани сатҳи маърифаткокии занон-модарон дорои аҳамияти бузург буда омили зарурии мустаҳкам гардонидани арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бобат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинем, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”. Дар воқеъ донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолатҳои бузурги инсонианд. Шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунад. Агар ба марги дигарон танҳо фарзандонашон бигирянд ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд. Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст. Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист. Чунки инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад. Маҳз омӯзиши илму маърифат пойдевори бузурги ҳаёти шахси соҳибмаърифат шуда метавонад. Аз ин рӯ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (16.12.2026) ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид бар он доштанд: “Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”, зеро ба қавли шоир:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Азиза Давлатшозода
сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД ҶТ
н.и.пед.,дотсент полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...