Баргузории даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар Академияи ВКД







Бо мақсади иҷро намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, таҳти №АП-950, «Дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2026, фармоиши сардори Академияи ВКД таҳти №228, аз 30 марти соли 2026 ба имзо расид, ки тибқи он, дар асоси «Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат»» санаи 9 апрели соли 2026 даври академиявии (даври аввал) озмун ташкил ва баргузор карда шуд.
Бо мақсади иҷро намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, таҳти №АП-950 «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2026, санаи 3-9 апрели соли 2026 даври академиявии (даври аввал) озмун ташкил ва баргузор карда шуд.
Пеш аз оғози озмун, аз санаи 3-юми апрели соли 2026 ҷиҳати даъвати ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда лавҳаи эълонӣ дар ҷойҳои махсуси Академияи ВКД овезон гардида, озмун санаи 09 апрели соли 2026 байни ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази тестӣ ба таври тестӣ аз фанҳои дақиқ: риёзӣ, химия, физика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардида ба таври шаффоф гузаронида шуд.
Аз ҷониби шуъбаи таълим ва китобхонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун китобҳои лозима дастрас гардиданд ва даври аввал ҷамбаст карда шуда, ғолибон ба даврҳои оянда пешбарӣ карда шуданд. Дар озмун 225-нафар аз рӯи 4-наминатсия иштирок намудаанд.
Сардори факултети №5,
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
номзади илмҳои техникӣ
подполковники милитсия
Шарофзода Фируз Алиҷон







































































































































































