Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 35-солагии истиқлолӣ давлатӣ дастовард ва дурнамо (бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

2633Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлолият қарор дорад. Истиқлолият неъматест, ки дар натиҷаи саъю талошҳои афзун ба даст омадааст. Он самари ҷоннисориву қаҳрамониҳои мардони майдон, ашки сӯзону шабзиндадорӣ ва ниёишҳои модарон аст. Истиқлолият атои Офаридгор аст, ки мардуми тоҷик бо нерӯи созандагиву ободкорӣ ва кӯшишҳои рӯзафзуни хеш ба ин неъмати бузург муваффақ гаштаанд.
Шукри истиқлолу сарвар мекунем,
Шукри ободии кишвар мекунем.
Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,
Шукри бому хонаву дар мекунем.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо,ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ,ҳуқуқбунёдва дунявӣ муайян намуд.Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад,ки дониш,қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд,пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.
Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир , бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод.То имрӯз дар муддати 35-соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.Воқеан, истиқлол воситаи асосии рушду нумӯи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар аст. Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.Тоҷикистони азизи мо давоми 35 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки истиқлол аст ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
Дар раванди аз нав эҳё намудан ва рушди давлатдории миллӣ фазилати беҳтарини тоҷикон таҳаммулпазирӣ, роҳ надодан ба вакууми идеологӣ ва бетарафию бегонапарастӣ маҳсуб меёбад. Дар тӯли истиқлолияти давлатӣ доир ба ташаккули андешаи миллӣ ва тафаккури миллии ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Чунки бе баланд бардоштани мавқеи инсон, бе доштани идеяи миллӣ ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти кишвар пешравӣ ва ноил гардидан ба ҳувият ё дастовардҳои бузурги миллӣ ғайри имкон аст.Тазаккур бояд дод, ки ғояи миллӣ ва тафаккури миллӣ бештар ба захираҳои ақлонии миллат ва сарварони сиёсии болиғ ва пешбар вобастагии сахт дорад, ки худи онҳо дар раванди таълиму тарбия ва идоракунии давлат ибрати дигарон шуда, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро ба зеҳну тафаккури мардум ҷой дода тавонанд.Яке аз омилҳои созанда ва ваҳдатгустари тафаккури миллӣ расму русум, ойину анъанаҳо мебошад, ки дар давоми асрҳои зиёд пайдо ва густариш ёфтааст. Дар ҷараёни омодагӣ ва ҷашни иду маъракаҳои халқӣ ва давлатӣ мардум дар атрофи Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани он саъй ва кӯшиш зиёд, садоқату дастгирии худро зоҳир месозанд. Дар иртибот бо таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ навовариҳои зиёде ба сомон мерасанд. Сарҷамъӣ ва иштироки оммавии кӯдакон, ҷавонон, пиру барно, роҳбарон ва намояндагони аксари ташкилот ва муассисаҳо дар ин и суннатӣ ва фарҳангӣ руҳи идона ва оммавӣ медиҳанд.Сабаб дар он аст, ки: “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд”.Барои ҳалли масъалаи эҳёгарии тафаккури миллӣ, бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, барои ташаккули идеяи миллӣ, ки фарогири тамоми қишри ҷамъият бошад монополияи давлат шарти муҳим мебошад. Дар ин раванд ҷашни Наврӯз ҷашни умуммиллӣ эълон гардид ва СММ онро ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд. Ҳамчунин таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили анҷуманҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700 солагии Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675-солагӣ ва 700 солагии Хоҷа Камол (1996, 2020), 1000 солагии Носири Хусрав (2003), 1025 солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150 солагии нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва амсоли инҳо худшиносии миллӣ, ҳамчунин шинохти ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти хоса дорад.Волотар аз ин, қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад.Бо ташаббуси Роҳбари давлат зина ба зина ҷашн гирифтани санадҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100 солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500 солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700 солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва ғайраҳо гузаштаи моро ба имрӯзи мо пайванд месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки “ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пур масъулият аст”.
Аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Ҳифзи истиқлолият дар масири таърих гуногун аст. Маъмулан дар байни сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ду роҳи эътирофшудаи он – яке маънавӣ ва дигар низомӣ машҳур аст. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳарду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад, хизматҳои шоиста намуданд.Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Суст шудани иктидори давлати Шуравӣ ба он оварда расонид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гурӯҳхои тундрави экстремистӣ зери ниқоби дин бо дастгири хоҷагони хориҷии худ даст ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заданд.Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ Тоҷикистон,саросари кишварро гуруснагӣ, қашшоқӣ, бемориҳои сирояткунандаи гелиотропӣ фаро гирифта, боиси талафоти калони ҷонӣ гардид.Шурӯъ аз моҳи майи соли 1992 то моҳи ноябри соли 1992 тамоми шохаи ҳокимияти сиёсӣ фалаҷ гардида, вилоятҳо ба маркази давлат итоат намекарданад.Хатари пора-пора гаштани давлати Тоҷикистон ба миён омад, шаҳри Душанбе зери фишори гурӯҳҳои силоҳдорони гайриқонунӣ қарор гирифта, хуқуку озодиҳои шаҳрвадон дар ҳар кадам поймол мегардид. Намояндагони бисёрмиллатҳо, мутахассисони варзида, олимону зиёиён қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд.Норасогии маводи озуқа рӯз аз рӯз мушоҳида мешуд, ба хусус дар дукону мағозаҳо нон намерасид.Дар пойтахти кишварамон ноҳияҳои гирду атрофи он гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷинояткор даст ба ғоратгарию роҳзанӣ зада, хуни дамони бегуноҳро мерехтанд.Мамлакат дар ҳолати ҷанги шаҳрванӣ қарор дошт. Ниҳоят бо ташаббуси фаъолони Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид.Депутатҳои халқ ба вазъи мураккаби сиёсӣ чандон сарфаҳм намерафтанд, дар шаҳру деҳот ҷанги дохилӣ идома дошт. Дар ҷаласаи рӯзи 19-ноябри соли 1992 Акбаршо Искандаров бо хоҳиши худ раисии Президиуми Иҷлосияро ба зиммаи дигар депутат вогузор намуд.Бо дастгирии аксарияти намояндагони халқ шахси таҷрибадор Ҳабибулло Табаров раиси Президиуми Иҷлосия интихоб гардид. Баъди танаффуси кӯтоҳ пешниҳоди номзадҳо ба мансаби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Депутат Мирзоев А. аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ №47 ноҳияи Ҳисор номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намуд. Депутат Ғафуров Х. аз ҳавзаи интихоботии Варзоб, №11 шаҳри Душанбе номзадии ходими собиқадори давлатӣ Ҳаёев И.-ро пешниҳод намуд.Ӯ бо сабаби беморӣ аз ин вазифа даст кашид.Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 бюллетен ба тарафдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 186-депутат овоз дода хамагӣ 11-депутат зид баромаданд. Тибқи банди 58 санади интихоботи раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар асоси моддаи 109-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабули соли 1978) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамчун сардори давлат ба ҳисоб мерафт.
Дар ин шароити беҳад вазнини сиёсӣ ягон ходими ҷамъиятиву давлатӣ чунин масъулияти баландро ба уҳда намегирифт.Ба гуфтаи худи Пешвои муаззами миллат ба ҳеҷ кас он давра вазифа лозим набуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нав сини 40-солагиро пурра карда буд, дар аёми ҷавонӣ ба мушкили давлати тоҷикон нигоҳ накарда ин масъулияти баландро ба зиммаи худ гирифт ва иброз намуд, ки « манро ба ин вазифаи пурмасъул бовар намудед, акнун биёед вакилони мардумӣ якҷоя пеши роҳи хунрезиро гирем ва Тоҷикистонро аз ин вартаи нобудӣ наҷот диҳем. Ба ман, ки бовар кардед, ба Шумо ваъда медиҳам, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи хунрезиро мегирам, ба халқи азизам сулҳу салоҳ меорам. То он, ки охирин ҳамватани мо аз хориҷи кишар барнагардад, ман худро ҳамчун сарвари давлат ором ҳис карда наметавонам».
Дар ин Иҷлосияи таърихӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти конститутсионӣ барқарор карда шуда, тасмим гирифта шуд, ки ба пойтахт шаҳри Душанбе биёянд. Шахсоне буданд, ки ба ин монеъагӣ менамуданд, аммо истодагирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳокимияти конститутсионӣ ар як муддати кутоҳ таъсис дода шуда кори худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуд. Теъдоди зиёда аз 70 санадҳои ҳуқуқӣ дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ қабул гардид, ки рохи ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайн намуд. «Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам» иброз намуд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ. Дар Иҷлосияи мазкур тамоми роҳбарони мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ таъин гаштанд.
Ба вазъи душвору мураккаби шаҳри Душанбе нигоҳ накарда, шахсан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату далерӣ ба пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ворид гашт.
Бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо таври интихоботи умумхалқӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ бахри сулҳу ваҳдати миллӣ,сарҷамъии миллат,хомӯш кардан ва бартараф кардани оқбатҳои чанги гражданӣ талош меварзид. Дар шаҳри Душанбе дар як утоқи хурди мехмонхона роҳи халосӣ аз вартаи нобудии давлат ва миллати тоҷикро ҷуста, ба гуфти худаш худро қурбони роҳи наҷоти миллат меҳисобид, ки дигар чашми модари тоҷик ашкро набинад ва танҳо хандаи тифлон ҳувайдо бошад.Бо барқарор гаштани ҳокимияти президентӣ дар Тоҷикистон заминаҳои сулҳи тоҷикон гузошта шуда, 8-даври музокироти расмӣ дар кишварҳои гуногун гузаронида шуда, мураккабтарин мулоқот моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид, ки ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ вуҷуд надошт. Ба ҳамаи ин хатару мушкилот нигоҳ накарда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Афғонистон сафар намуданд. Ин мулоқот бо мусоидати Роҳбари онвақтаи давлати Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ ва фармондеҳи Эътилофи Шимол Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гардид, ки дар он Хукумати Тоҷикистон ва мухолифин ба тавофуқ расида, соати 00 шаби 12-декабри соли 1996 оташбаси умумӣ дар қаламрави Тоҷикистон эълон гардид. Ниҳоят дар ин замина 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид, аммо муборизаҳо муссалаҳона то солҳои 2000-ум идома ёфта,ба иқтисоди кишвар зиёни калон расонид. Дар солҳои 90-ум ягон давлати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ин гуна бӯҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ гирифтор нашуда буд. Шурӯъ аз соли 2002-юм Ҳукумати Тоҷикистон ба марҳилаи рушди иқтисодӣ ворид гардид.Ҳадафҳои стратегии давлат –истиклолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат эълон гардида, марҳила ба марҳила онҳо иҷро гардида,Тоҷикистон ба руйхати давлатҳои рушднамудаи ҷаҳон ворид гарди. Дар маҷмӯъ агар мактаби давлатдории Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври хронологӣ ва консептуалӣ таҳлил карда бароем чунин ба назар мерасад;
- сарфаҳм рафтан ба вазъи мураккаби сиёсию таърихии солҳои 90-уми асри 20 ва дарёфти саривақтии роҳи наҷоти давлатдории тоҷикон дар вазъияти душвори геополитикӣва бархурди манфиатҳо;
- ба ҳайси сарвари ягонаи сиёсӣ эътироф шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 - Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- матонату ҷасорати шахсӣ дар мулоқоти деҳаи Хосдеҳи вилояти Тахори Афғонистон бо мухолифин моҳи декабри соли 1996;
- имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар шаҳри Маскав 27-июни соли 1997;
- ширкат дар пешниҳоди лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи умумихалқии президентӣ 6-уми ноябри соли 1994, интихоб шудани ӯ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- имзои Созишномаи ризояти миллӣ ҳамаи ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ва ақалиятҳои миллии ҷумҳурӣ ва аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳи тоҷикон;.
- созмон додан ва роҳбарии Ҳаракати мардумии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон;
- ба руйхати 500-мусулмонони бонуфузи ҷаҳон ворид гаштан ва эълони соли 2009- соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҷалби руҳониёни мусулмони ҷаҳон ба масоили таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи мутамаддин.
- эълон доштан ва амалӣ намудани сиёсати «Дарҳои кушод»дар самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборизаи зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддр ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ;
- пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон марбути экология ба СММ оид ба 10-солаи амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015», даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028»;
- мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, таъсис ва пурқувват намудани Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар;
-эълон ав амалӣ намудани чор самти стратегии Ҳукумати Тоҷикистон: Истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар;
-бунёди неругоҳҳҳои хурду бузург бахусус НБО-и Роғун;
- инкишоф ва рушди соҳаи маориф ва илм – ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ;
- эҳёи суннатҳои миллӣ- байналмилалӣ гаштани Иди Наврӯз, эҳёи фарҳанги миллӣ, рушди забони давлатӣ - ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ;
- ба руйхати мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид намудан мусиқии «Шашмақом», «Фалак», сузании «Чакан», оши Палав;
- дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, нафақахурон, кӯдакону ятимон, мактаб-интернатҳо. Дастгирии кӯдакони лаёқатманд-кушодани мактаб ва фондҳои президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд;
- рушд ва дастгирии фарҳанг, тандурустӣ ва варзиши миллӣ дар Тоҷикистон;
- қабули аввалин Фармон дар фазои давлатҳои ИДМ «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷумҳурӣ» (03-декабри соли1999).Ба идоракунии давлатӣ ҷалб намудани занону духтарон;
- пешниҳоди Консепсияи дурнамои фарҳангӣ миллӣ то соли 2050 дар вохурӣ бо зиёиёни кишвар дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз, соли 2015;
-таъмини пайвастаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рушди арзишҳои демократӣ, таъмини озодии баён, гуногунандешӣ ва матбуот. Дар фазои пасошуравӣ Тоҷикистон яке аз демократитарин давлатҳо эътироф гаштани Тоҷикистон.
-ҳимояи ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ, дастрасӣ ба маориф, таъмини фазои таҳаммулпазирии ҷомеа;
- дастгирӣ ва пуштибонӣ бевосита аз мақомои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, алалхусус ВКД,дастаҳои таъиноти махсус, беҳдошти иҷтимоии онҳо ва аҳли оилаҳои онҳо, сохтмон ва ба истифода додани бинои Академияи ВКД ва дигар иншоотҳои муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ;
- роҳбарӣ дар дар СААД, СҲШ, ва таъмини амнияти минтақавӣ ва марзи миллӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир терроризму ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ;
- фаъолияти босамари Тоҷикистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, САҲА, Конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ.
-густариши равобит бо Чин, Россия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ, кишварҳои мамолики Араб ва дигар кишварҳои дорои манфиатҳои стратегӣ.
-аъзои созмони ҷаҳонии тиҷоратӣ гаштани Тоҷикистон ва афзоиши сармоягузорӣ дар кишвар;
- дар рейтинги давлатҳои босубот ва амният ворид гаштани пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе;
- рушди хоҷагии қишлоқ, хоҷагиҳои фермерӣ, ба дасти деҳқон додани замин, афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, фаровонии бозори истеъмолӣ;
- рушди устувори шабакаҳои телекоммуникатсия ва алоқаи мобилӣ-интернетӣ ва радио ва телевизиони рақамӣ;
- рушди устувори минтақаҳо ва дастгирии ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, эълони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар.
-ҷаҳонӣ намудани иди миллии тоҷикон «Наврӯз», ба руйхати меъроси фарҳангии Юнеско ворид намудани нақши «Чакан», «Оши палав» ва дигар ёдгориҳои моддӣ-маънавӣ ва таърихии кишвар;
-барқарор намудани равобити дӯстонаи иттифоқӣ ва таърихӣ бо кишвари бародари Ӯзбекистон;
-пешниҳоди роҳи мусолиматонаи ҳалли қазияи Афғонистон, кушодани пулҳо ва роҳҳои транзитӣ бо кишвари ҳаммарзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;
- ба муомилот баровардани пули миллӣ ва таъсиси низоми мустақили молиявӣ ва аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-рушди деҳот, сайёхӣ, хунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитии туризми байналмиллалӣ;
-эълон намудани «20-солаи омузиши фанҳои табӣӣ, дақиқ ва риёзӣ», дасгирии истеъдодхои ҷавон тавасути озмунҳои ҷумхуриявӣ;
- ба руйхати бистгонаи кишварҳои ислоҳотхоҳи иқтисодии ҷаҳон ворид намудани Тоҷикистон;
- ба даҳгонаи кишварҳои рушднамудаи иқтисодии ҷаҳон ворид намудани Тоҷикистон;
-бознашри китоби «Тоҷикон»- Б. Ғафуров ва туҳфа ба ҳар як оилаи сокини кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-бознашри китоби «Шохнома»-и А.Фирдавси ва туҳфа ба ҳар як оилаи сокини кишвар ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан,сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Убайдуллоев Ш.Э. дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия
Ҳамрозода М.З муаллимаи калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...