Баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо усули «факултет ба факултет» ва «курс ба курс» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон





Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбиявию фаҳмондадиҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026 мулоқоту вохӯриҳо бо усули «факултет ба факултет» ва «курс ба курс» ба роҳ монда шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии курсантони Академия, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Дар рафти баргузории мулоқоту вохӯриҳо намояндагони як қатор сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ даъват гардида, бо маърӯза ва суханрониҳои пурмазмун баромад намуданд. Аз ҷумла, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самиева З., муовини сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусаломзода М., намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматова М. иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо масъалаҳои муҳимми рӯз, аз қабили тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ ва пешгирии ифротгароӣ, инчунин таҳкими арзишҳои оилавӣ ва масъулияти ҷавонон дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқотҳо ба курсантон тавсияҳо ва роҳнамоҳои муфид пешниҳод гардида, ба саволу дархостҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. Чунин вохӯриҳо ба таҳкими робитаи муассир миёни курсантон ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намуда, дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати онҳо нақши муҳим мегузоранд.
Дар умум, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо усули «факултет ба факултет» ва «курс ба курс» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 самарабахш арзёбӣ гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи курсантон ва ташаккули шахсияти онҳо ҳамчун мутахассисони оянда саҳми назаррас дорад.
Хулоса, мулоқоту вохӯриҳои баргузоргардида ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, масъулиятшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии курсантон мусоидат намуда, минбаъд низ идома додани чунин чорабиниҳо зарур ва мақсаднок ҳисобида мешавад.







































































































































































