Асосҳои корҳои психологӣ ва пешгирикунандаи каҷрафторӣ бо ноболиғону ҷавонон (тавсияҳо барои кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуквайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД)
Масъалаи муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ин дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватан тарбия намудани насли наврас ба шумор меравад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун масоили муҳими миллӣ арзёбӣ мегардад.
Ба масъалаи таълиму тарбия, таҳти парасторӣ қарор додани насли наврас давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2013 чунин баён намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд”(1,с.6).
Албатта наврасону ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз насли ояндасози худ умеди калон мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавон гуфт, ки масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонони кишвар, шахсан дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки далели гуфтаҳои мазкур тасдиқ ва қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар бораи таълиму тарбияи кӯдак аз 20 июни соли 2024, № 2049 (2), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (3), Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии сиёсати ҷавонон Тоҷикистон то соли 2020» аз 4- октябри соли 2011 таҳти № 480 ва қабул гардидани чандин барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон буда метавонанд.
Аммо сарфи назар аз ҳамаи он бурдбориҳо, ки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон ба даст омадааст, инчунин баъзан мушкилоте низ миёни ин қишри ҷомеа вуҷуд дорад, ки наметавонем аз ибрози он худдорӣ намоем. Ин ҳам бошад пеш аз ҳама шомилшавии ноболиғону ҷавонони дорои андешаи маҳдуд ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ ва даст задан ба шаклҳои дигари ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ мебошанд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои муаянро анҷом дода истодааст. Вале масъалаи мазкур муттаҳидӣ ва амали дастаҷамъонаро дар зери сиёсати одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештар талаб намуда истодааст. Мавзӯи мазкур ҳамаҷониба дар маркази таваҷҷуҳ ва тадқиқоти илмии донишмандону коршиносони соҳа, алалхусус психологҳо, педагогҳо, сотсиологҳо ва ҳуқуқшиносон қарор дорад.
Муаллиф дар тадқиқоти хеш кӯшиш менамоянд, ки ҷанбаҳои педагогӣ-психологии каҷрафтории миёни ноболиғону ҷавононро баррасӣ намоянд. Дар байни олимони соҳаи психология аз қабили Менделевич В.Д. Змановский Е.В. дар бораи каҷрафтори миёни ноболиғону ҷавонон фикру ақидаҳои гуногун мавҷуданд. “Аз ҷумла онҳо чунин мешуморанд, ки каҷрафторӣ як намуди зуҳуроти зидди ҷомеа буда, метавонад дар маҷмуъ ҳамчун рафтори такондиҳанда ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ гардад” (4, с. 46).
Аз ҷониби психологҳо ва педагогҳо як қатор шаклҳои бадрафторӣ ва одатҳои зараровар муайян карда шудаанд. Чунин намудҳои каҷрафторӣ ва одатҳои зараровар агар пешгирӣ карда нашаванд, минбаъд боиси сар задани ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо мегарданд. Ин шаклҳои каҷрафторӣ ва одатҳои зараровар дар сини 12-13 солагӣ ва 14-15 солагӣ дар рафтори ноболиғон бештар ба назар мерасанд(5,-С. 16).
1. Тарсу воҳима ва савдоият. Дар синни ба балоғатрасӣ дар натиҷаи аз волидайн дур мондан, тарбияи нодуруст, дар замири ноболиғону ҷавонон тарсу воҳима пайдо мегардад. Инчунин маводи электронӣ, намоиши филмҳои ваҳшу зуроварӣ низ яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани тарсу воҳима дар зеҳни ноболиғону ҷавонон буда метавонинд. Сабабҳои дигари ба вуҷудоии омили мазкур бошанд чунин муайян карда шуданд:
- бемории вазнини волидайн ва наздикон;
- ҳолатҳои низоъҳои оилавӣ;
- муҳити кӯча ва паҳн намудани овозаҳои тарсу ваҳми савдоӣ, талқини ифродгароӣ;
- таассуроти тарсу воҳима ва савдоият аз ташриф ба маросимҳои динӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар онҳо танҳо калонсолон ширкат доранд.(одатҳои гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ, ки боиси ифротгароӣ мегарданд, аз қабили дар шуури ноболиғон ва ҷавонон ҷой додани ғояҳои ифротгароӣ).
Тарсу воҳима ва савдоият боиси он мегардад, ки ноболиғону ҷавонон бинобар сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ даст ба ҷинояткорӣ мезананд.
2. Монеъаҳои низоми ҳаракатнокӣ. Дар ҳаракату рафтори ноболиғону ҷавонон дар натиҷаи тарбия як меъёри муайяни низом ба вуҷуд меояд, аммо чӣ тавре, ки педагогҳо ва психологҳо мушоҳида намудаанд, дар байни ноболиғону ҷавонон як қатор меъёрҳои вайрон намудани низоми ҳаракатнокӣ низ ба назар мерасад. Ин дар бетоқатӣ, дар як ҷо нишаста натавонистан, зудҳаракатии бенизом, паридану ҷаҳидан, дасту пои худро ба ҳар тараф бе низом равона сохтан, бедиққатона рафтор намудан, шикастани предметҳои гирду атроф ва ғайра ба назар мерасанд.
Дар баробари монеъаҳои низоми ҳаракатнокӣ ноустувории эмотсионалӣ, майлони хашмгинӣ ва низоъҷӯӣ низ ба мушоҳида мерасанд, ки дар маҷмӯъ боиси вайрон гаштани интизоми ноболиғон мегардад.
3. Ноқисии нутқ
Яке аз ноқисҳое, ки дар ноболиғон пайдо шуда, минбаъд инкишоф меёбад, ин ноқисии нутқи онҳо ба шумор меравад. Аз рӯи хусусиятҳои худ вай вайроншавии нутқро дар назар дорад, ки дар натиҷаи кашиши мушакҳо ба вуҷуд омада, кутоҳмуддат буда, ба баён кардани фикр ба ноболиғ монеъа эҷод менамояд.
Омилҳои психологии пайдоиши ноқисии нутқ инҳо мебошанд:
- тарс;
- кӯчидан ба дигар ҷои истиқомат;
- воридшавӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ;
- вайроншавии муносибатҳои иҷтимоии пешина;
- ҷанҷолҳои оилавӣ.
Педагогҳо, психологҳо ва умуман субъектони тарбияро лозим аст, ки нисбати ноболиғон муносибати инфиродӣ барқарор намуда, ноқисии нутқро пешгирӣ намоянд, дар ҳолати баръакс нуқсони мазкур то синни калонсолӣ низ боқӣ мемонад. Аз рӯи омӯзиш ва таҷрибаи психологҳо дар сину соли калонсолӣ ноқисии нутқи ноболиғон дар натиҷаи тарбияи дуруст аз байн меравад.
4.Оворагардӣ
Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир оворагардӣ аз ҳисоби ноболиғон зиёд шуда истодааст, ки сабабҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии худро дорад. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, тарбияи нодуруст дар оила, муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, кори сусти муассисаҳои томактабӣ ва дигар сабабҳои иҷтимоӣ боиси он мегарданд, ки оворагардӣ аз ҳисоби ноболиғон афзоиш ёбад. Гарчанде, ки Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуни байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешанд, вале то ҳол ба пуррагӣ пеши роҳи масъалаи мазкур гирифта нашудааст. Оворагардӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоии ҷомеа буда, метавонад дар ташаккулёбии қобилият ва истеъдоди ноболиғону ҷавонон таъсири манфии худро расонад. Сабаб ва омилҳои психологии оворагардӣ таҳлили амиқи илмӣ-амалиро талаб менамоянд. Оворагардӣ дар байни ноболиғон асосан дар байни писарбачаҳо аз синни 7-солагӣ ва аз он ҳам барвақтар оғоз шуда, баъзан то 13-солагӣ ва баъдан то 16-солагӣ идома меёбанд.
Сабабҳои психологии оворагардӣ:
1. Қаҳр кардан аз сарзаниши волидайн, омӯзгорон ва дигар субъектони тарби;
2. Тарси таъсири ҷисмонӣ расонидан аз ҷониби волидайн, омӯзгорон ва мураббӣ;
3. Бе омилҳои мавҷудаи психологӣ;
4. Табъи хираи ноболиғ, ки муҳити берунаро ба таври танқидӣ қабул менамояд.
Оворагардӣ яку якбора, ногаҳонӣ аз ҷониби ноболиғон рӯй медиҳад, ки дарҳол пеши роҳи онҳоро гирифтан ғайриимкон мегардад. Бинобар ин коршиносони соҳа, алалхусус кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми муносибат бо ноболиғону ҷавонон ин ҷиҳатро ба назари эътибор гиранд, ки оворагардӣ аз ҷониби ноболиғон бевосита хусусиятҳои психологии худро дошта, ҳангоми оворагардӣ рафтори худро ноболиғону ҷавонон дуруст маънидод намуда, худро «ҳақ» мешуморанд, вале ин каҷрафторӣ, аз ҷониби дигар оворагардон низ дастгирӣ карда мешавад. Дар бораи амали оворагардӣ аз ҷониби ноболиғон ба таври пешакӣ «Қарори тайёр» қабул менамоянд. Дар амалҳои оворагардӣ ноболиғон зуҳуроти зуроварӣ нишон медиҳанд. Амали оворагардӣ аз ҷониби ноболиғон дар танҳоӣ бароварда мешавад, ки барои он ноболиғ фикри бисёр намекунад. Ноболиғон масофаҳои зиёдеро тай карда, бештар ба сӯи шаҳрҳо мешитобанд, онҳо дар нуқтаҳои мусофиркашонӣ, таҳхонаҳо, бомҳо, хиёбонҳою кӯчаҳо, истгоҳҳо ба таври пинҳонӣ шабро рӯз карда, асосан аз ҳисоби талбандагӣ, аз партобҳо, бозорҳо, нуқтаҳои серодам хӯрокҳои пастсифатро истеъмол карда, аксаран ба бемориҳо гирифтор мешаванд ва дар бисёр ҳолатҳо гуруснагӣ ҳам мекашанд. Ҳангоми дастгир шудан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хастагию беморӣ ва гуруснагиро изҳор менамоянд. Қисме аз ноболиғон, ки корҳои вазнини ҷисмониро дар бозору коргоҳҳо барои рӯзгузаронӣ иҷро менамоянд, худро «гуё хушҳол» медонад, аммо дар натиҷаи муоинаи духтурон маълум карда мешавад, ки онҳо ҷисман ва рӯҳан дар ҳолати хастагӣ қарор доранд.
5. Хаёлпарастии патологӣ
Ин асрор дар ноболиғон хело барвақт пайдо мешавад. Вобаста ба сину соли ноболиғ тахайюли ноболиғ инкишоф меёбад. Дар синни кӯдакӣ вай бо хаёлпарастии патологии сафарҳои кишварҳои дур маҳдуд карда мешавад, ки вай бо манзараҳои аҷоибу ғароиб, олами ҳайвонот, ки аз афсонаҳо шунидааст ё аз китобҳо мутолиа намудааст, ошноӣ пайдо мекунад.
Баъзан ҳолат хаёлпарастӣ ба ҳаяҷон, зуроварӣ, шаҳватпарастӣ низ оварда мерасонад. Агар тарбияи ҷинсӣ аз ҳисоби педагогҳо ва волидайн нисбати ноболиғону ҷавонон дуруст гузаронида нашавад, боиси нодуруст инкишоф ёфтани онҳо мегардад. Махсусан бисёр бачаҳо дар бораи иштирок дар дуздӣ, ғоратгарӣ, дуздии автомобилҳо, аъзои дастаҳои ҷинояткорӣ шудан, бо шавқу завқи зиёде нақл менамоянд, ки агар пеши роҳи онҳо гирифта нашавад, ба оқибатҳои манфӣ оварда мерасонад. Ноболиғони сину соли миёна ва калон, дар натиҷаи шунидани фитаҳои баромадҳои рӯҳониён, филмҳои хусусияти тарғиботи динӣ-фалсафӣ дошта, ба буҳрони маънавӣ дучор мегарданд, ки агар педагогҳо ва волидайн бармаҳал онҳоро аз ин ҳолат берун наоранд, боиси бемориҳои рӯҳи гаштанашон мумкин аст.
6. Тарс аз номукаммалии ҷисмонӣ
Ин намуди тарс дар байни ноболиғон айёми ба балоғатрасӣ махсусан дар байни духтарон паҳн гаштааст.
Номукаммалии ҷисмонӣ дар байни духтарон аз рӯи гуё бинии онҳо аз андоза калон ё борик, лабҳои калон, гӯшҳои калон ва безеб, китфҳои майда, харобӣ ё фарбеҳии аз андоза зиёд, пойҳои борик ва дигар андомҳои ҷисмонӣ ба назар мерасад. Инҳоро духтарҳо бо эҳсосоту дарди рӯҳӣ аз сар мегузаронанд, ки ба онҳо таъсири манфии худро мерасонад. Духтарҳо бештар ба оина нигоҳ мекунанд ва дар худ камбудиҳои нав ба нав пайдо менамоянд. Аз ҳамсолони худ дурӣ ҷуста, дар танҳоӣ бештар вақт мегузаронанд.
Ин номукаммалии ҷисмонӣ аз ҷониби духтарон ҳамчун хайёли патологӣ ба вуҷуд меояд, ки ин ягон асоси ҷисмонӣ надорад. Аксаран онҳо ба духтури косметолог муроҷиат менамоянд, ки ин роҳи ҳалли масъала нест, баръакс онҳо бояд ба духтури рӯҳшинос (психотерапевт) ё педагог муроҷиат намоянд ва ин ҳолат тадриҷан бо воситаи талқин (гипноз) ва суҳбати инфиродӣ бартараф мегардад. Дар ҳолати бартараф нашудан, мумкин аст ноболиғон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷинояткор афтида, ин гурӯҳҳои ҷинояткор маблағи калон ҷудо карда, дар онҳо ҷарроҳӣ гузаронида ва минбаъд онҳоро ба манфиатҳои нопоки худ истифода баранд. Аксаран ин ба ҳолатҳои хатарноки худкушӣ низ оварда мерасонад, ки «гуё вай дар он дунё, соҳиби ҳусну ҷамолӣ зебо хоҳад гардид».
7. Шуғлҳои потологӣ
Солҳои охир дар байни ноболиғон , шуғлҳои потологӣ хеле афзун ёфтааст. Ин соатҳои дароз бо телефони мобилӣ, компютер ва интернет муошират намудан, ки бемории «Инфомания»)*-ро ба вуҷуд оварда боиси бехобӣ, хушунат, стресс, беиштиҳоӣ, лоғарӣ ва дигар бемориҳои ҷисмию рӯҳи мегардад. Баъзе ноболиғони дигар ба олами ҳайвонот фурӯ рафта, бештари вақти худро бо парвариши гурбаҳо, сагҳо, паррандаҳо, моҳичаҳо гузаронида аз таълим ва аз хондани китобҳои бадеӣ тамоман дур мегарданд, ки ин ба ҳолатҳои бармаҳал ба шикорчигии ғайриқонунӣ даст задани ноболиғон гашта, боиси нобуд кардани ҳайвоноти нодир ҳам мегардад. Ба сифати шуғлҳои потологӣ бозиҳои бардавомӣ компютерӣ, қартабозӣ, бозиҳои шавқангези аз варзиш дур низ дохил мешаванд, ки ноболиғро бармаҳал ба олами калонсолон «ба олами ҷинояткорӣ» тела дода, оқибатҳои ногувор ба вуҷуд меоранд. Психологҳо ба шуғли патологӣ ҷамъ кардани суратҳои урён, тамошои видеофилмҳои ваҳшу зуроварӣ, зуроварии ҷинсиро низ ворид карданд, ки тафаккур ва рӯҳи ноболиғро носолим мегардонад.
8.Истеъмоли тамоку, воситаҳои нашъадор, машруботи спиртӣ
Мувофиқи маълумоти оморӣ ва криминологии ҷаҳон дар бозори сиёҳ гардиши маводи нашъадор ҷои якум, тамоку ва маҳсулоти он дар ҷои дуюм ва машруботи спиртӣ дар ҷои сеюм меистанд. Дар байни ноболиғон ва ҷавонон мувофиқи мушоҳидаҳои психологҳо истеъмоли тамоку, воситаҳои нашъадор ба машруботи спиртӣ мутаасифона бисёр ба назар мерасад.
Кашидани тамоку дар байни ноболиғон ва ҷавонон аз рӯи ҳавою ҳавас, бо талқини калонсолон, дар натиҷаи тамошои филмҳои ба ноболиғон хос набуда дар муҳити иҷтимоӣ рӯй медиҳад. Педагогҳо психологҳо ва кормандони кор бо ноболиғон ва ҷавонон бояд хусусиятҳои психологии бо тамокукашӣ даст задани ноболиғонро ба таври пурра донанд. Ноболиғон ва ҷавонон аз сабаби надонистани зарари тамоку, беназоратии волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба тамокукашӣ даст мезананд ва гӯё бо ин амалашон худро «калонсол» меҳисобанд. Ҳангоми кашидани тамоку қобилияти ба гурӯҳ ҷалб шудан, муошират намудан, худро соҳиби обрӯ шуморидан дар онҳо ташаккул меёбад, ки минбаъд онҳоро гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба манфиатҳои худ истифода мебаранд ва ин одати зараровар дар айёми наврасӣ сарчашмаи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мегардад. Барои харидани тамоку ноболиғ волидайнро фиреб медиҳад, аз ноболиғи дигар қарз мегирад ва ба дуздӣ даст мезанад ё ба олами калонсолон барои ёрмандӣ ворид мегардад. Ба он нигоҳ накарда, ки дар ноболиғон дар аввали кашидани тамоку сулфа, дилбеҳузурӣ, чархзании сар ва дигар ҳолатҳо руй медиҳад, лекин пай дар пай дар ноболиғ он одати зараровар ташаккул меёбад. Зарари тамоку ба ноболиғ на танҳо барои саломатии ӯ (аз 1то 4% никотини дар таркиби тамоку), балки ба муҳити иҷтимоӣ, ташаккули шахсият, рафтору кирдори ӯ низ таъсиррасон мебошад, ки хонишаш суст, хотирпарешон ва ба ҳар гуна ваъдаҳои пучи ба ном бародарони калонсолаш бовар карданӣ мешавад. Вобастагӣ ба тамоку мисли нашъамандӣ мебошад, яъне ҳамчун рефлекси шартӣ ба он одат намуда, оҳиста-оҳиста он ба ҷони худ, рафтору кирдор ва рӯҳияи худ зарари манфӣ мерасонад. Миқдори никотине, ки дар таркиби тамоку вуҷуд дорад дар бадани ноболиғ дар натиҷаи тамокукашӣ вобастагӣ аз никотинро ба вуҷуд оварда, зарари он ба саломатии ноболиғ, ки дар айёми нашъунамо мебошад, хеле зиёновар мебошад. Табибон барои санҷидани зарари никотин озмоиш гузарониданд ва миқдори никотинро ба сӯзандору гузаронида аспро сӯзандору гузаронидаанд, ки дар натиҷаи он аз таъсири никотин асп ҳалок гаштааст. Худ қазоват намоед, ки чи гуна зарари никотин марговар мебошад, ки аз 1 то 4% он дар маҳсулоти тамоку мавҷуд мебошад. Тамокукашӣ аз тарафи ноболиғон ба се давра ҷудо мешавад.
Давраи якум, аз кашидани 1-2 дона тамоку оғоз гашта, бо таъсири никотини таркиби он ба 10-15 дона тамоку (сигор) мерасад. Ноболиғ бо кашидани тамоку чунин фикр мекунад, ки бо кашидани тамоку гӯё табъи вай болида гашта, самаранокии кори вай афзун мегардад, вале вай комилан хато намуда, дарк намекунад, ки дар синни 14 солагӣ ин амал ӯро пурра мубталои тамоку мегардонад, ки аз ин одати бад ӯ дигар даст кашида наметавонад.
Давраи дуюм, тамокукашӣ шуғли бардавоми вобастагии рӯҳии ноболиғро ба вуҷуд меорад. Ҳангоме, ки вай тамоку накашад дар вай ҳолати ногувори рӯҳӣ, норозигӣ, асабоният ба вуҷуд омада, бо кашидани тамоку ин ҳолат гӯё бартараф мешавад. Дар ин давра мутобиқшавии бадани ноболиғ ба никотин ба ваҷуд меояд, ки миқдори кашидани тамоку ба 20-25 дона (сигор) мерасад, ки ин аллакай мубталои никотин шуданро мефаҳмонад. Дар ин давра дар ноболиғ бемориҳои илтиҳоби шуш, илтиҳоби меъда, минбаъд захми меъда, бемории қалб, пасту баландшавии фишори хун ва ғайра ба вуҷуд омада, минбаъд хусусияти мумзин мегиранд. Ин давра аз 5 то 15 сол давом менамояд.
Давраи сеюм, Ҳамчун давраи мушкил ва бӯҳронии вобастагӣ аз никотин маънидод карда мешавад. Миқдори кашидани тамоку рӯз аз рӯз меафзояд, ки инро ноболиғ ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ баҳо медиҳад. Таъсири манфии никотин дар бадани ноболиғ афзуда, агар ба вай фаҳмониданӣ шаванд, ки тамоку боиси бемориҳои дар бадани ӯ гаштааст, ба ин бовар накарда, худро асабоният нишон медиҳад. Тарғиботи зидди тамокуро дар байни ноболиғон барвақт аз синни хурди мактабӣ оғоз кардан лозим аст. Ба кори тарғиботии зидди тамоку на танҳо омӯзгорон, волидайн, кармандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми аҳли ҷамоатчигӣ бояд сафарбар карда шаванд. Ба ин кори муфид инчунин васоити ахбори оммаро низ сафарбар намудан лозим аст. Пешгирии одати зарароварӣ тамокукашӣ дар байни ноболиғон кафили солимии генафонди миллат ба шумор меравад.
Истеъмоли машруботи спиртӣ дар байни ноболиғон яке аз проблемаҳои муҳими ичтимоӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳои олимон нишон медиҳанд, ки бо таъсири бо ном «бародарони калонсол» яъне талабагони синфҳои болоӣ хеле бармаҳал ба истеъмоли нӯшокиҳоӣ спиртӣ даст мезананд, яъне аз синни 10-14 солагӣ, ки ба саломатии ноболиғон хеле зарари калон дорад. Нӯшидани машруботи спиртӣ дар рӯзҳои ид, ҷашни зодрӯз, тӯйҳо ва дигар маросимҳо оғоз мегардад, ки ноболиғ мехоҳад, пинҳонӣ машруботи спиртиро чашад. Ин чашидан аксар дар гурӯҳи ноболиғон бо таъсири шахсони синну соли калонтар, ки аллакай таҷриба доранд оғоз мегардад. Аввал ноболиғон аз нӯшокиҳое, ки миқдори спирташон камтаранд, ба мисли пиво оғоз карда, сипас ба нӯшокиҳои сахттаъсир, арақ, коняк, виски, ром ва дигар намудҳои он мегузаранд, ки бармаҳал вобастагии алкоголиро дар бадани ноболиғон ба вуҷуд меорад. Миқдори алкогол дар натиҷаи истеъмоли пайдарпай ба хуни ноболиғ гузашта, вай дар синни бармаҳал ба нушидани намудҳои гуногуни машруботи спиртӣ мубтало мегардад. Дар синни 15-17 солагӣ ба таври мунтазам кашидани сигор ва нушидани машруботи спиртӣ ба амал омада, ноболиғ худро соҳиби «обрӯ» ва калонсолу мустақил мешуморад. Аксари ноболиғон бо нушидани машруботи спиртӣ дилбеҳузурӣ, нороҳатӣ эҳсос менамоянд, танҳо 24% онҳо қаноатмандӣ ва хушҳолӣ эҳсос менамоянд. Дар натиҷаи пайваста нушидани машруботи спиртӣ дар ноболиғ заҳролудшавӣ аз машруботи спиртӣ ба вуҷуд омада, сипас майзадагии (алкоголизми) бармаҳал пайдо мешавад, ки табобати он хело мушкил мебошад. Барои майзадагии бармаҳали ноболиғон шароитҳои иҷтимоӣ - маишӣ сабаб мешаванд, асосан нушидани машруботи спиртӣ дар оилаҳое, ки худашон ба истеъмоли он машғуланд дар синни 9-солагӣ оғоз гардида, то синни 15- солагӣ хусусияти устувор мегирад. Аксаран аз сабаби бадахлоқии баъзе аз волидайн писарбачаҳои ноболиғ ба нушидани машруботи спиртӣ даст мезананд, ки аз носолимии оила дарак дода, боиси бадахлоқ шудани писароне, ки гуё ба ҳаёти калонсолон ворид мешаванд, мегардад. Дар натиҷаи нушидани машруботи спиртӣ 90% ноболиғон ба ҳолати мастӣ дучор мегарданд, ки сабаби асосии ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби онҳо ва ҳатто содир шудани ҷиноятҳо мегардад. Аксаран дар ҳолати мастӣ ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор ва амсоли ин, ки бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ноболиғон ба ҳолати «аффект» дучор мегарданд, бо олотҳои гуногун ин ҷиноятҳои вазнинро содир менамоянд. Вобастагии ноболиғ аз машруботи спиртӣ ба майзадагии бармаҳал оварда расонида, давраҳои зеринро дар бар мегирад:
Давраи якум - мутобиқшавии ибтидоӣ бо машруботи спиртӣ;
Давраи дуюм - аз худ намудани рафтори зери таъсири машруботи спиртӣ;
Даври сеюм - вобастагии психологӣ аз машруботи спиртӣ ;
Давраи чорум - вобастагии ҷисмонӣ аз машруботи спиртӣ.
Агар пеши роҳи истеъмоли шароб ва дигар маҳсулоти спиртдор сари вақт тавассути кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайн, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ, духтурон гирифта нашавад, боиси оқибатҳои хеле ногувор, содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мегардад, ки албатта пешгирии он дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бояд амалӣ карда шавад.
Яке аз проблемаҳои дигари муҳим дар байни ноболиғон ва ҷавонон ин солҳои охир авҷ гирифтани нашъамандӣ ва аз истеъмолӣ он бармаҳал аз ҳаёт маҳрум гардидани онҳо ба шумор меравад. Ба масъалаи муборизаи зидди нашъамандӣ Асосгузори сулу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аҳли ҷамоатчигӣ муборизаи беамон мебаранд, аммо мутаасифона ин вабои аср то ҳол дар байни ноболиғон ва ҷавонон реша давондааст. Ҳанӯз 26 январи соли 2001 сарвари давлат аз хатари ҷиддии гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изтиробангезона дарак дода буданд, ки на танҳо мақомоти ҳифзи ҳукуқ, балки тамоми аҳли ҷамоатчигӣ бар зидди чунин вабои аср бояд мубориза баранд. Махсусан ба пешгирии он дар байни ноболиғону ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда буд.
Гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дар байни ноболиғон ва ҷавонон, истеъмоли он ба нестшавии генофонди миллат оварда расонида, ин аз як тараф ноболиғон ва ҷавононро ба ҳалокат расонида, аз тарафи дигар онҳо зери таъсири маводи нашъадор ба ҷиноятҳои вазнини террористӣ ва экстремистӣ даст мезананд, ки проблемаи муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар таърихи 30 ноябри соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ оид ба муқобилият ва истеъмоли маводи нашъаовар амал менамояд.
Ҳамзамон бо ин , муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд.
Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки инмиқдор метаонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд (6, - С.34-35).
Ба ин муваффақиятҳо нигоҳ накарда, то ҳол ин проблема дар байни ноболиғону ҷавонон ҷой дорад. Мувофиқи ахбори Маркази наркологии ҷумҳурӣ беш аз 8 ҳазор нашъаманд аз ҳисоби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод боиси нигаронии аҳли ҷомеа мебошад. Тибқи барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бояд самтҳои зерин амалӣ гардонида шаванд:
- чорабиниҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муқовимати суистифодаи маводи нашъаовар;
- профилактикаи суистифодаи маводи нашъадор;
- табобат ва офиятбахшӣ ба беморони гирифтори нашъамандӣ;
- мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор.
Махсусан кормандони мубориза алайҳи маводи нашъадор, кормандони кор бо ноболиғону ҷавонон, омӯзгорону психологҳо, духтурон, волидайн, аҳли ҷамоатчигӣ ба масъалаи пешгирии нашъамандӣ бояд таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоянд, чунки дар бораи намудҳо ва зарари истеъмоли он бисёр гуфта шудааст, аммо муҳим ин пешгирии он ба шумор меравад.
Корҳои пешгирикунанда чандин зинаи фаъолиятро дар бар мегирад.
Пешгирии аввалин муносибати маҷмӯиро бо кӯшишҳои давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бар мегирад. Аз нуқтаи назари психологҳо ҳануз дар синни 7-10 солагӣ аз ҷониби ноболиғон бо таъсири гурӯҳи нашъамандон ошноӣ бо тамоку, машрубот ва моддаҳои нашъадор оғоз мегардад, ки ин хатари ҷиддӣ дорад. Бинобар ин бояд шахсони масъул дар синни 7-10 солагӣ назоратро аз болои кӯдакон чӣ дар мактаб, чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар оила, маҳалла зиёд намоянд. Дар ин самт омӯзиш ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз ҷониби омӯзгорон, кормандони кор бо ноболиғон, фаъолони маҳалла хеле зарур аст, ки масъулияти кӯдаконро афзуда, аз амалҳои зиёновар онҳоро канорагирӣ намоянд.
Давраи дуюм, ин синни 11-15 солагӣ мебошад, ки дорои хусусиятҳои психологии бо худ хос дорад, ки ноболиғ мехоҳад обрӯи худ, бартарии худро дар байни ноболиғон нишон диҳад ва барои ҳамин вай бо таъсири гурӯҳи нашъаманд агар ту зӯр шудан хоҳи мана ин маводи нашъадорро як чашида бин, ба ту ”зурӣ ва ҳаловат” мебахшад гуфта мубталои он мегарданд.
Давраи сеюм аз 15-17 солагӣ оғоз мегардад, ки дар ин син як қисми ноболиғону ҷавонон аллакай мубталои нашъамандӣ гашта, зери таъсири он дар синни аз 20 то 25 солагӣ аз ҳаёт маҳрум мешаванд. Махсусан дар ин айём корҳои пешгирикунандаро афзун гардонида, пеши роҳи онро бо гузаронидани суҳбат бо табибон, олимон, экспертҳо, психологҳо зиёд карда, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо густариш додан лозим аст. Махсусан дар пешгирии нашъамандӣ дар байни ноболиғон нақши падару модар хело калон мебошад, ки бояд худи онҳо аз зарари нашъамандӣ воқиф бошанд ва бо фарзандони худ корҳои пешгирикунанда гузаронида тавонанд, аз қабили суҳбат, боварикунонӣ ба талқини зарари маводи нашъадор, канорагирӣ аз муҳити ҳуқуқвайронкунандагон, сари вақт ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ додан дар бораи онҳо, ба варзиш ва умуман чорабиниҳои фарҳангӣ машғул гардидан ва ғайра. Аз ҷониби дигар аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд нақшаи пешгирии нашъамандӣ мураттаб карда, аз рӯи он корҳои тарбиявӣ гузаронанд. Падару модарон, омӯзгорони мактабҳои ҳамагонӣ бояд аз аҳволи ноболиғон, робитаҳои онҳо бо калонсолон огоҳӣ дошта бошанд ва онҳоро аз ашхоси истеъмолкунанди маводи нашъадор канорагирӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, тадқиқоти олимони педагогика ва психология муайян намудаанд, ки дар байни ноболиғону ҷавонон як қатор рафторҳои бад , одатҳои зараровар ва каҷрафторӣ дар натиҷаи тарбияи нодуруст ба вуҷуд омаданашон мумкин аст. Ба ин каҷрафторӣ ва одатҳои зараровар, тарсу воҳима ва савдоият, монеаҳои низоми ҳаракатнокӣ, ноқисии нутқ, оворагардӣ, хаёлпарастии паталогӣ, тарс аз номуносибии ҷисмонӣ, шуғлҳои потологӣ, истеъмоли тамоку, воситаҳои нашъадор ва машруботи спиртӣ ва ниҳоят даст задан ба ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ дохил мешаванд. Вазифаи мутахассисон ва волидайн аз он иборат аст, ки бо назардошти донистани хусусиятҳои психологии ноболиғону ҷавонон барои шуғл наварзидани онҳо ба ин одатҳои зараровару каҷрафторӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронанд.
Қодирзода Хуршед Лутфулло - муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.04.2013.// Қонун ва ҷомеа. Душанбе, 2013. – С .6.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар бораи таълиму тарбияи кӯдак аз 20 июни соли 2024, № 2049.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15.07.2004 таҳти №52.
4. Ковалев О.Г., Ушатиков А.И. Криминальная психология. М., 2007. -С.46.
5. Асламов Б.С. Умаров С.Н. Пешгирии одатҳои зараровар дар байни ноболиғон ва ҷавонон (дастури методӣ). Душанбе. 2014.- С . 16.
6. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2016. - С.34-35.







































































































































































